Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ

Ҳар насли бедори миллат бояд донад, ки хидмат ба Ватан на таҳмил, балки ифтихор ва рисолат аст. Шоҳвалӣ Шовайсов – ҷавони боҷасорату худогоҳи ноҳияи Дӯстӣ, ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ пайваст. Ӯ намояндаи он насли бедору ватандӯстест, ки кафили фардои обод, амн ва дурахшони Тоҷикистон хоҳад буд.
– Ҷавонмарди ҳақиқӣ касест бо ифтихор ба хизмати Ватан меравад ва дар ҳимояи ҳар ваҷаб хоки муқаддас бо сарбаландӣ меистад. Хизмат ба Ватан мактаби шуҷоату шараф аст. Ҷавоне, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайвандад, воқеан мардонагӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро дар амал нишон медиҳад, – гуфт Шоҳвалӣ Шовайсов.
Шоҳвалӣ Шовайсов яке аз ҷавонони шуҷоъ ва фаъолу худогоҳи ноҳияи Дӯстӣ пас аз хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббати самимӣ ба Модар – Ватан ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия муроҷиат карда, барои адои хизмати ҳарбӣ номнавис гардид.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии сохторҳои алоқаманд Шоҳвалӣ Шовайсов ба курси омӯзиши ронандагӣ ҷалб гардида, пас аз хатми муваффақонаи он соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуд.
Омӯзишҳое, ки ба ҷавонон имкони аз худ кардани ихтисосҳои муфидро фароҳам месозанд, намунаи равшани дастгирии амалӣ ва ғамхории давлат нисбат ба даъватшавандагон ба хизмат мебошанд.
Маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар фазои меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷараён гирифта, садҳо ҷавонмарди далеру ватандӯст бо ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, адои қарзи шаҳрвандии худро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ифтихор медонанд.
– Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавон марҳилаи муҳим ва мактаби ташаккули шахсият аст. Ҷавони бонангу номус бояд ҳамеша бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва омодагии ҷисмиву руҳӣ барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан тайёр бошад. Зеро маҳз ҳамин машқу тарбия ва обутоби хизмати ҳарбӣ ҷавононро барои табдил ёфтан ба шахсиятҳои воқеии ватандӯсту содиқ ба миллат омода месозад, – мегӯяд Шоҳвалӣ.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити муосири моддиву техникӣ ба мактаби воқеии тарбияи мардонагӣ ва ватандӯстӣ табдил ёфтаанд. Дар ин ҷо на танҳо ҷисму руҳи ҷавонон обутоб меёбад, балки дар вуҷуди онҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, интизом, ифтихори миллӣ ва садоқати беандоза ба Ватан низ парвариш мегардад.
Ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот ва пойдории давлатдорӣ аз ҷумлаи масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст ба ҳисоб меравад. Хизмат ба Ватан, бахусус дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки фарзи муқаддаси ватандорист, ки аз ниёгони сарбаланди мо ба мерос мондааст.
Мо ба чунин фарзандони боғуруру бономуси миллат ифтихор мекунем ва итминон дорем, ки бо ҳамин гуна насли худшиносу ватандӯст, ояндаи Тоҷикистон дурахшон, амн, босубот ва пуриқтидор хоҳад буд.
Маҳз чунин ҷавонон омили асосии таъмини ояндаи дурахшони кишвар буда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши созанда мебозанд. Мо ба Шоҳвалӣ Шовайсов барин ҷавонони шуҷоъ ва ватандӯсти диёрамон дар иҷрои ин рисолати бузурги шаҳрвандӣ сарбаландӣ ва муваффақият орзу мекунем.
Курбонбек Сайдалиев
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


