Бойгонӣ
Октябрь 2025 (10)
Сентябрь 2025 (21)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)

ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ

Нахустин шиносоии мо зимни як вохӯрии ҳайати намояндагони соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ бо аҳолии маркази маъмурии вилояти Хатлон ба вуқуъ пайваст, ки ӯ ба ҳайси намояндагӣ аз Ширкати хонаҳои шаҳр бо андешаҳоии таконбахши худ таваҷҷуҳи сокинонро ба масоили риояи одоби шаҳрнишинӣ, саҳми сокинон дар таъмини тозагии атрофи биноҳои истиқоматӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ҷалб намуда буд.
Аз он шиносоӣ, ки Юсуф Амирхон бо фарҳанги волои муошират ба мусоҳибон эҳсоси хушбиниву мароми накукорӣ бахшида, ҳамагонро ба саҳмгузорӣ дар ободиву тозагии шаҳрамон ташвиқ менамуд, каму беш 25 сол паси сар шуд. Аммо дар шинохти шахсияти ин марди наҷиб, ки поксириштиву ҳама хислатҳои ҳамидааш андар самимият ва хушгуфториҳояш таҷассум ёфтаанд, заррае тардид эҳсос накардаем. Баръакс, аз гузори шебу фарози пайроҳаи зиндагӣ андешаву эътиқод ва арзишҳои ҳаётии инсонҳое ба мисли Юсуф Амирхон бештар тақвияту ташаккул ёфта, ҳампешаҳо дар симои ӯ намунаи ибрати ҳамзамонон ва насли ҷавонро мебинанд.
Дар деҳи Толеи Нави ноҳияи Муъминобод, дар хонаводаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми наврасӣ азму орзуи комиссари ҳарбӣ шудан дар замираш шуълавар гардид, ки лаҳзаи ворид ба синфхонаи ибтидои ҳарбӣ ӯро эҳсосоти ногуфтание фаро мегирифт. Гӯё дирӯз буд, ки саршори эҳсосоти ногуфтание лаҳзаҳои ширини мактабхониро қисса мекард:
– Ба гоҳе, ки омӯзгори фанни ибтидои ҳарбӣ Ниёз Раҷабов сарулибоси низомӣ ба бар андар даромадгоҳи мактаб зоҳир мешуд, мо мактаббачагон то дер гоҳ чашм аз ӯ намекандем. Дар он замон идеали ҳаётии на танҳо мо мактаббачагон, балки кулли омӯзгорон, хоса устоди ҳарбиамон ҳам сарвари мактабамон устоди хирадманд равоншод Сангаҳмад Юсуфзода буд, ки бо илму маърифат, салиқаи баланди суханварӣ ва поктинативу дигар хислатҳои ҳамида миёни шогирдону устодон ва ҳам пешоҳангони ноҳия маҳбубият дошт.
Маорифпарвари асил Сангаҳмад Юсуфзода дар тарбияи насли наврас сахтгир, аммо ҳалиму меҳрубон буд ва дар ташаккули афкору тарбияи маънавии ман нақши бағоят бузург гузоштааст. Аз наврасӣ орзуву маром доштам, ки монои бузургмарди деҳкадаамон собиру таҳаммулпазир, донишманду зарофатгӯ ва роҳнамои мардум бошам. Устоди шодравони мо Сангаҳмад Юсуфзода бо сару сирати олуфта, гуфтору рафтори наку, хайру эҳсонкорӣ ва дигар хислатҳои ҳамида намоди беназиреро мемонд, ки мардум дар симои ӯ омӯзгори асил ва устоду роҳнамои худро медиданд, – ғарқи хаёлоти сабзи айёми наврасӣ қисса оғоз намуд Юсуф Амирхон. – Сарнавишт будааст, ки баъди хатми мактаби зодгоҳ ва баъди он таҳсилоти олӣ, бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи имрӯза Нуробод сафарбар шуда, фаъолияти омӯзгориро аз МТМУ №24 деҳи Шашволон оғоз бинмудам. Шояд самараи заҳматҳои даврони ҷавониву ҳам завқу рағбати беандозаи нахустин шогирдонам ба илму донишандӯзӣ буд, ки мурури солҳо дастпарварони ин минтақаҳои дурдаст пайроҳаи омӯзгориро бештар интихоб намудаанд. Инак, бо гузашти қариб 40 сол ҳанӯз ҳам маро фаромӯш накардаанд ва барои омӯзгор мояи ифтихору сарбаландист, ки дӯстону дастпарваронаш ба нишони қадрдонӣ дар ҳама иду ҷашнвораҳои миллӣ варо суроғ менамоянд.
Тайи солҳои 1987-1990 омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ноҳияи Нуробод ва баъдан то соли 1996 дар МТМУ №17 ноҳияи мазкур аз фанни забон ва адабиёт дарс гуфтааст. Ҳамчунин, тули се сол сарварии МТМУ №43 ин ноҳияро ба зимма дошт ва аз соли 1999 бо аҳли хонаводаашон ба маркази маъмурии вилоят, имрӯза шаҳри Бохтар кӯчид. Соли аввал ба ҳайси мутахассиси пешбари Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва баъдан дар зинаҳои гуногуни Ширкати хонаҳои шаҳр кору фаъолият бинмудааст.
– Соли 2004, вақте маро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон даъват намуданд, ҳатто дар гӯшаи хаёлам набуд, ки дар суҳбати рӯ ба рӯ бо собиқ раиси вилоят, шодравон Амиршо Миралиев қарор мегирам, – ба ёд меорад Юсуф Амирхон. – Аз он дидори хотирмон як ҷаҳон таассурот бардоштам ва бо дарки масъулият аз вазифаҳои наздам гузошта пешниҳод бобати идомаи фаъолият дар ноҳияи дурдасти Носири Хусравро пазируфтам.
Новобаста ба мушкилу муаммоҳои печида ва норасоии мутахассисони донандаи забони давлатӣ, он солу замон кадрҳои аз маркази вилоят ва дигар минтақаҳои мамлакат ба ин ноҳия сафарбаргардида бо азми дилу мароми татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин диёри офтобӣ заҳмат мекашиданд. Соли аввали фаъолият вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Носири Хусрав ва баъдан, дар чанд зинаҳои роҳбарӣ, аз ҷумла, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият доштам. Боре дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба санҷиши вазъи муассисаҳои таълимӣ сабаб гардид, ки вобаста ба масоили ҳалталаби соҳаи маориф гузориши таҳлилӣ омода ва пешкаши раиси он вақтаи ноҳия Холмурод Раҳмонзода намудам. Дар рӯзи дигар баъди баррасии тулонии мушкилоти соҳа маро ба вазифаи мудири шуъбаи маориф пешниҳод намуданд.
Ҳамин сон, Юсуф Амирхон, ки ин муддат аз тору пуди қариб тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ин ноҳияи сарҳадӣ огаҳӣ пайдо карда буд, ба инобати обрӯву эътибори раиси ноҳия миёни мардум, пешниҳодро пазируфт. Тавре худ иқрор меояд, дар баробари оғози марҳилаи навини рушди соҳаи маориф, азнавсозии шиору овезаҳо ва тадбирҳои дар самти рушди забони давлатӣ, ҳамзамон, мебоист таваҷҷуҳи ҷумла омӯзгорони фаннӣ ва донандагони хуби забони давлатиро дар самти ташаккули ҳуҷҷатгузории идораву муассисҳо ҷалб намояд.
– Бардоштам аз таҷрибаи рӯзгор аст, ки бо гузори солиёни фаъолият, ҳар яки мо, танҳо аз даврони мушкилу саъю талошҳои шабонарӯзиамон дар ҷодаи созандагиҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаамон эҳсоси ифтихору сарбаландӣ хоҳем дошт, ки ба хотири ояндаи дурахшони халқу меҳан саҳме гузоштаем. Ба ин маънӣ, аз собиқаи каму беш аз 40 солаам дар ҷодаҳои гуногун, бештар аз шебу фарози дар кори таълиму тарбия паси сар бинмудаам қаноатмандам, ки рисолати муҳимеро анҷом додаам. Ҳоло, ҳар бори сафари корӣ ба ин ноҳияи мардумонаш ватандӯсту заҳматқарин, хотироти ангезабахше мисли наворҳои таърихӣ пеши назар мегузаранд...
Боре собиқ вазири маориф ва илм устод Абдуҷаббор Раҳмон дар маросими ифтитоҳи нахустин гимназия бо толибилмони синфи 1-ум суҳбат намуда, ба фаъолияти маорифчиёни ноҳия дар самти тақвияти забони тоҷикӣ баҳои баланд дода буд. Туҳфаи мошини таърихии собиқ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равоншод Сафаралӣ Раҷабов ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия низ далели натиҷаҳои рушди соҳаи маориф дар ин ноҳия арзёбӣ мегардид. Ин ва дигар рӯйдодҳои фаромӯшношудании дар самти таълиму тарбия, дар саҳифаҳои таърихи навини ноҳияи Носири Хусрав бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ хоҳанд шуд, – мегӯяд Юсуф Амирхон.
Боз ҳам дасти сарнавишт буд, ки дар ҷараёни татбиқи воқеии банд ба банди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин ноҳияи дурдаст Юсуфи Амирхон ба маркази вилояти Хатлон баргашт. Аз соли 2008 то 2023 нахуст ба ҳайси муҳаррири телевизиони Хатлон ва давоми 13 соли минбаъд дар вазифаи муовини сардори Идораи телевизион ва радиои Хатлон фаъолият кард. Тавре собиқадорони телевизиони мазкур иброз медоранд, Юсуф Амирхон бо таъсис ва пешкаши тамошобинон гардонидани барномаи телевизионии “Чашмаи хуршед” миёни тамошобин маҳбубияти зиёд пайдо карда буд.
– Мурури фаъолият дар ин ҷода, дар якҷоягӣ бо аҳли эҷоди телевизион ҷиҳати маърифатнокии аҳолӣ, тарғиби сиёсати давлатӣ, беҳбудии сатҳу сифати барномаҳо ва тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа корҳои назаррасе ба сомон расонида шуд. Алъон, мудирияти шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлонро бар зимма дорам. Фориғ аз масъулиятҳои рӯзмарра, саргарми тамошои барномаҳо ва шоҳиди марҳилаи навини рушду навгониҳои ин шабакаи телевизионӣ мебошам, ки дар ин самт бо ташаббусу дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тадбирҳои ҷадид рӯи кор омада истодааст, – бо қаноатмандӣ иброз дошт мусоҳиби мо.
Воқеан ҳам устод Юсуф Амирхон аз зумраи хизматчиёни содиқест, ки тули ҳаёту фаъолияти пурсамари хеш дар рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг, ВАО ва дигар самтҳои маънавиёт саҳми шоиста гузоштааст. Қадрдонии ӯ бо нишону унвонҳои Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон ва дигар ифтихорномаву сипосномаҳо далели ин гуфтаҳост. Инак, дар арафаи ҷашни фархундаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар қатори фаъолони кишвар, ки дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва давлат хизмати шоиста намудаанд, Юсуф Амирхон низ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.
Ҳаёту рӯзгори шахсияти солеҳ ва як тан аз пайравони асили Мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат, ки бо азми хизмати содиқона ба Ватан ва дидгоҳи хоси маорифпарварӣ дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳми шоистаи худро гузошта истодааст, намунаи ибрат барои насли ҷавон мебошад. Бошад, ки насли имрӯзу ояндаи мо дар пайравӣ аз чунин фарзандони солеҳи Ватан хизмати содиқона ба халқу меҳани азизро рисолати ҳаётии хеш бишуморанд.

Юсуфи Собир
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019