Бойгонӣ
Ноябрь 2025 (8)
Октябрь 2025 (20)
Сентябрь 2025 (21)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!
Дар таърихи пурифтихори давлатдории миллӣ санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо гузашти солҳо на танҳо аҳамияти худро гум намекунанд, балки ҳамчун рамзи худшиносию ифтихори миллӣ арзиши баландро қоиланд. Яке аз чунин санаҳои муборак 16-уми ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун рӯзи эҳёи давлатдорӣ ва ваҳдати тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1994 Сарвари хирадманду тавонои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар назди Ватан ва мардум савганд ёд намуда, рисолати бузурги ватандории худро барои наҷоти давлату миллат оғоз намуданд.
Он рӯз оғози марҳилаи нави давлатсозӣ буд, марҳилае, ки дар он миллати тоҷик аз вартаи ҷанг, парокандагӣ ва ноумедӣ ба сӯйи сулҳ, оромӣ ва ободонӣ роҳ ёфт ва маҳз ҳамин иқдоми таърихӣ Тоҷикистонро ба сӯйи фардои босаодат ва рушду пешрафт раҳнамун сохт.
Солҳои сипаришуда ва саҳифаҳои пурпечутоби таърих гувоҳ аст, ки бо заҳмату сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори давлати соҳибистиқлол, низоми муосири ҳуқуқӣ, қувваҳои мусаллаҳ, сохтори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд. Пешвои миллат тавонистанд дар кӯтоҳтарин муддат миллати аз ҷанг озурдаи тоҷикро муттаҳид намуда, сулҳи деринтизорро дар сарзамини мо пойдор гардонанд.
Имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун намунаи нодири созиши миллӣ ва хирадмандии сиёсӣ эътироф менамоянд. Ин дастоварди бесобиқа маҳз бо иродаи қавӣ, матонату шуҷоат ва сиёсатмадории олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо заҳматҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба як давлати дорои нуфузи байналмилалӣ мубаддал гашта, парчами он дар минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид бо ифтихор барафрохта мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», Қатъномаи СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор, қабули қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир” овози Тоҷикистонро ба садои умумибашарӣ табдил доданд.
Ободониву шукуфоии ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз имрӯз гувоҳи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Бунёди садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳо ва нақбҳои пайвандгари минтақаҳо, неругоҳҳои барқии обӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва марказҳои фарҳангиву варзишӣ шаҳодати равшани он аст, ки таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо рӯ ба шукуфоӣ ниҳодааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки вилояти Хатлон дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат рӯз аз рӯз ободу зебо гардидааст. Танҳо дар солҳои охир садҳо иншооти саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуда, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам омадааст. Ҳар як иқдоми созанда дар шаҳру деҳоти вилоят самараи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят наздик ба 6 ҳазор иншооти гуногунтаъиноти ҷашнӣ бунёд ва мавриди баҳрабардории умум қарор гирифтаанд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо номи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Мо, сокинони вилояти Хатлон, бо ифтихор аз ин Роҳбари хирадманд, бо эҳсоси садоқат ба сиёсати давлатдории ӯ, тамоми қувваю имкониятҳои худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳо, таҳкими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум сафарбар менамоем.
Бигзор ин рӯзи муборак - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо рамзи ваҳдат, ҳамбастагӣ, садоқат ба давлат ва муҳаббат ба Пешвои миллат бошад. 
Мардуми шарафманди тоҷик бо Пешвои худ ҳамеша ифтихор мекунад, зеро бо хирад, ирода ва фидокории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯзу фардои дурахшон дорад.
Бо эҳтироми баланд ва табрикоти самимӣ тамоми мардуми шарифи вилояти Хатлонро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба Тоҷикистони азизу маҳбуб сулҳу осоиш, файзу баракат ва файзу нусрат таманно дорам.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!
Поянда бод Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019