Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РОҲИ ОСОНИ БАРҚАРОР НАМУДАНИ ҶИГАР
Ҳар он чизе, ки мо истеъмол менамоем – хӯрок ё нӯшокиҳо, ҳатман дар меъда, рӯдаҳо ва инчунин дар ҷигари мо нишони худро мегузорад. Истеъмоли нодурусти хӯрок, аз ҳад зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои спиртӣ, фарбеҳӣ ба он оварда мерасонад, ки ин ё он узв вазифаи худро пурра иҷро карда наметавонад.
Бисёре аз ин таъсироти манфӣ дар организм ба бемориҳои гуногуни вазнини яке аз узвҳои ҳаётан муҳим - ҷигар оварда мерасонанд, ба монанди сиррози ҷигар. Агар беморӣ сари вақт ташхис карда шавад ва ҳамон лаҳза табобат оғоз ёбад, бемор метавонад шифо ёбад.
Новобаста аз навъи муолиҷа, риояи парҳез ҳатмӣ мебошад. Агар чанд сол пеш дар парҳези беморон асосан холестерин ва карбогидратҳои мураккаб маҳдуд мешуданд, ҳоло ба онҳо маҳдудият дар истеъмоли қанд низ илова шудааст. Тибқи таҳқиқотҳо дар ҳолате, ки бемор парҳези холестерин ва равғанро риоя мекард, вале қандро истеъмол менамуд, раванди барқароршавии ҷигар хеле суст ва вазнин сурат мегирифт.
Олимони амрикоӣ дар пайи таҳқиқоти тулонӣ ба хулосае омадаанд, ки танҳо бо риояи парҳез наметавон ба табобати пурра ноил гардид. Барои самаранокии раванд, бемор бояд фаъолияти ҷисмониро низ ба реҷаи ҳаррӯзаи худ илова намояд.
Ин гуна тадбирҳоро метавон на танҳо барои табобат, балки ҳамчун воситаи пешгирии (профилактикаи) бемориҳо низ истифода бурд.
МАЪЛУМОТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ҶИГАР:
1.Ҷигар – як ғадуди мураккаби найчашакл ва бузургтарин ғадуди бадани инсон ба ҳисоб меравад.
Ҷигар аз рӯи вазн дуюмин узви калонтарини бадани инсон ба ҳисоб меравад. Вазни он ба ҳисоби миёна 1,5 килограммро ташкил медиҳад. Ҷигар ранги арғувонии тира дошта, сохтораш зич ва консентратсияаш баланд аст. Аз рӯи вазн дар мақоми аввал пӯсти инсон қарор дорад, ки тақрибан 11 кг вазн дорад. Дар мақоми сеюм мағзи сар ҷойгир аст, ки вазни он 1100 то 1300 граммро ташкил медиҳад.
- 70 фоизи ҷигарро об ташкил медиҳад.
- Дар як соат аз ҷигар 100 литр хун мегузарад.
-Ҷигар ягона узве мебошад, ки ҳуҷайраҳои он худ барқароршаванданд.
- Ҷигар ҳамчунин вазифаи муҳофизатиро иҷро мекунад: он моддаҳои зараровар ва маҳсулоти мубодилаи моддаҳоро, ки ба хун ворид мешаванд, нигоҳ дошта, безарар мегардонад.
- Ҳуҷайраҳои хурди хунгард дар ҷигар метавонанд моддаҳоро фурӯ баранд.
ХУЛОСА
Ҷигар дар организми мо вазифаҳои муҳимро иҷро мекунад. Қисмҳои ғизо, ки ба рӯдаю меъда ворид мешавад, ба хун ҷаббида мешавад ва пеш аз ҳама ба ҷигар интиқол дода мешаванд.
Дар ҷигар равандҳои табдили ғизо сурат мегиранд ва моддаҳои зарурӣ барои ҳаёт истеҳсол мешаванд. Он дар ҳамаи намуди мубодилаи моддаҳо – сафедаҳо, равғанҳо ва карбогидратҳо нақши муҳимеро мебозад.
Ҷигар яке аз чанд узвест, ки қодир ба барқароршавӣ, яъне барқарорсозӣ мебошад. Тавассути тақсимоти ҳуҷайраҳо (гепатоситҳо) ҷигар метавонад ҳаҷми аслии худро барқарор кунад ва танҳо 25-30% бофтаи муқаррариро нигоҳ дорад. Ин барои нигоҳ доштани функсияҳои ҳаётан муҳим дар бемориҳои гуногун хеле муҳим аст.
Бахтинисо Мирзоева, омӯзгори кафедраи тиббӣ-биологии
Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



