Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
Ният доштем, ки ҳамкасбу ҳамкори азизи худ, пири равшанзамир Насриддин Мирзоевро, ки чандин сол дар идораи рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа", имрӯз "Хатлон" ҳамкор будем, аёдат равем. Вале бо сабабҳои гуногун сарҷамъ шуда наметавонистему ин кору нияти хайр ба таъхир меафтод. Инак чанде пеш ин мақсади нек ҷомаи амал пӯшиду мо ҳамкорони собиқу содиқ – муаллифони ин меҳрнома, ҳамчунин ҳамкорони собиқадори дигарамон аз идораи рӯзномаи "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа" Толибшоҳи Давлат ва Тӯйчибек Маҳмудов тариқи сабукрави писари Тӯйчибек – Аҳкомиддин ба дидорбинӣ рафтем. Вақте писари бобои Насриддин – Замирҷон гуфт, ки ҳамкоронатон аз рӯзномаи вилоятӣ баҳри аёдат омадаанд, бобо басо шоду мамнун шуд. Аз ҷой бархоста, ҳар яки моро бо меҳр ба оғӯш мегирифт ва аз овозу аҳволпурсиҳоямон ҳар кадомамонро мешинохту ном мебурду гарму самимӣ аҳвол мепурсид.
Бо вуҷуди он ки аз хизмати хирсонаи баъзе табибони беҳунар ҳангоми ҷарроҳӣ чашмонаш нобино шудааст, вале шукри Худо хотирааш ҳанӯз қавӣ аст. Суҳбату дидорбинӣ гарму ширину мондагор сурат гирифт, бо хотираи қавиаш рӯзҳои ширини гузаштаро ба ёд меоварду шукри рӯзгори бигзашта мекард. Борҳо аз дидорамон шод шуданашро иброз дошт ва гуфт, ки дилам ба аёдат омаданатонро гувоҳӣ медод ва хушбахтона, ин соату фурсати муносиб фаро расид.
Барои мо ҳам ин рӯзи таърихии мондагор ҳисоб меёфт. Зеро бо шахсияти фозилу хирадманд, накуандешу накурафтору хушсухан дидору мулоқот намудан бароямон мояи ифтихору саодатмандӣ аст. Гарчанде баъди нафақаю аз даргаҳи рӯзнома рафтан чандин борҳо дидору мулоқоту суҳбатҳо доштем, вале ин дафъа дидорбинӣ боз ширину гуворотар менамуд.
Бобои Насриддин Мирзоевро, ки имрӯзҳо дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиндагӣ дораду давлати пирӣ меронад, яке аз куҳансолтарин рӯзноманигори барҳаёти Тоҷикистон гӯем, хато намекунем. Бобои Насриддини бофазлу хирад 2 январи соли ҷорӣ (соли 2025) наваду панҷумин баҳори умрро пур карда, инак беш аз 9 моҳ боз дар наваду шашумин баҳори умри мубораки хеш баҳодуронаю рустамонаю саъдиёна қадам мезанад.
Дар мо, тоҷикон аз қадим боз таомулу анъанаю солшуморие роиҷ аст, ки агар синну соли касеро пурсон шавем, баъди ҷавоб додани ӯ онро бо солшумории ҳиҷрию қамарӣ ҳисоб мекунем. Агар аз рӯи солшумории шамсӣ, яъне офтобӣ 30 сол ҳисоб карда шавад, аз рӯи солшумории қамарӣ, яъне моҳтобӣ, 31 сол ҳисоб карда мешавад. Агар умри пири хирад, бобои Насриддинро аз рӯи солшумории шамсӣ 96 шуморем, аз рӯи солшумории қамарӣ ӯ 100 сола аст.
Саодату хушбахтии бо ин шахсияти накуандешу накухислат ва бофазлу хирад ҳамкасбу ҳамкор будан ба мо, муаллифони ин меҳрнома дар рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа", имрӯз "Хатлон" насибу рӯзӣ гардидааст.
Вақте ки моҳи январи соли 1979 шумораи нахустини рӯзномаи вилоятӣ бо номи "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа" нашр гардид, дар омодаю хонданбоб гардонидани маводи чопии он ва шумораҳои минбаъдааш қатори дигар ҳамкасбон мо, се нафар низ саҳмгузор будем.
Бобои Насриддин, ки то он вақт дар рӯзномаи ноҳиявии "Ба пеш", имрӯз "Баҳористон"-и ноҳияи Куйбишев ба сифати хабарнигор, мухбири суратгир ва ҷонишини муҳаррир кору фаъолият намуда буд, дар рӯзномаи вилоятӣ ба вазифаи мухбири махсуси рӯзнома дар ноҳияҳои Ёвону Куйбишев, ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пазируфта шуд. Зарурати ба сифати мухбири махсуси рӯзномаи вилоятӣ дар ин минтақа ба кор пазируфтанаш тақозои давру замон буд. Зеро он ҳангом тибқи зарурату талаботи давр дар ҳудуди ноҳияи Ёвон яке аз сохтмонҳои зарбдори умумииттифоқӣ дар давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ – комбинати электрохимиявии Ёвон ба нақша гирифта шуда буду дар бунёди он намояндагони миллату халқиятҳои гуногун аз тамоми гӯшаҳои Иттиҳоди Шуравӣ қатори мардуми маҳаллӣ фаъолияти бунёдкорӣ мекарданд ва заҳмату талошҳои онҳо бояд пайваста дар сафҳаҳои рӯзномаи вилоятӣ инъикос меёфт. Устоди гиромӣ Насриддин Мирзоев ин вазифаи пурмасъули рӯзноманигорияшро содиқона ба сомон мерасонд. Маводи ҷолиби диққаташ дар сафҳаҳои рӯзнома, ки ҳафтае 5 маротиба ба чоп мерасид, нашр мегардиданду аз ҷониби хонандаи нуктасанҷ бо хушӣ пазируфта мешуд. Як бартарии кори ӯ дар он буд, ки баробари иншои маводи ҷолиб ҳунару маҳорати хуби суратгирӣ низ дошт. Бо истифода аз таҷҳизоти аксбардории "Зенит", ки он давру замонҳо яке аз беҳтарин дастгоҳҳои аккосӣ мансуб мешуд, баробари маводи иншо намудааш акси қаҳрамонашро низ пешниҳод мекард. Ҳол он ки дигар журналистон барои акси қаҳрамони маводи ба нашр омода мекардаашон, бо худ ҳамроҳ суратгири рӯзномаро низ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят мебурданд, ки ин хароҷоти барзиёди рӯзнома ва ташвиши суратгири он ҳисоб меёфт.
Дар ҷамъбасту таҳлилу баррасию баҳогузории маводи рӯзнома, ки ҳар ҳафта баргузор мешуд, аксар вақт хабар, мақолаю гузоришҳои ба нашр расонидаи мухбири махсуси рӯзнома – Насриддин Мирзоев аз ҷониби ҳамкорону хонандагон баҳои баланд мегирифт ва аз ҷониби роҳбарияти рӯзнома низ қадрдонӣ мегардиданд. Ҳолатҳое низ буданд, ки қаҳрамонони маводи ӯ барои баёни миннатдорӣ ба идораи рӯзнома меомаданд. Ҳамчунин, маводи танқидиашон низ дар ҳалли мушкилоти мардум кумак мекард. Барои ҳалли саривақтии мушкилоташон ба муаллифи мақола миннатдорӣ баён мекарданд.
Агар ба сафҳаҳои рӯзгори паси сар намудаи шахсияти шариф – Насриддин Мирзоев назар андозем, ӯ тибқи ҳуҷҷат 2 январи соли 1931 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Куйбишев, ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ, дар оилаи инсонҳои неку шоиста ба дунё омадааст. Вале тибқи нақли волидонаш эҳтимол дорад ӯ соли 1930 тавлид шуда бошад. Аз баҳори соли 1943, дар синни 13 - солагӣ ба кори саҳро баромада, то соли 1949 дар вазифаҳои гуногуни хоҷагӣ фаъолият кардааст. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941- 1945) дар корҳои ақибгоҳ пешсафӣ нишон дода, бо медали "Барои меҳнати шуҷоатнок" мукофотонида шудааст. Аз ин рӯ шахси ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар ҳисоб меёбад ва аз имтиёзҳои барои иштирокчиёни ҷанг ҷудогардида истифода мебарад. Соҳиби рутбаи ҳарбии лейтенанти калон мебошад.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, барои хизматҳои зиёду арзандааш соҳиби унвони "Аълочии матбуоти Тоҷикистон" гардидааст. Ӯ аввал омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар), баъдан Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи С . Айниро бомуваффақият хатм намудааст. Аз соли 1950 то соли 1965 дар мактаби миёнаи рақами 3, ба номи В.И. Ленини ноҳияи А. Ҷомӣ муаллим шуда кор кардааст. Аз моҳи декабри соли 1965 дар идораи рӯзномаи ноҳиявии "Ба пеш" (ҳоло "Баҳористон") ба сифати хабарнигор, мухбири суратгир, ҷонишини муҳаррир кору фаъолият бинмудааст. Аз соли 1979 то соли 1991 вазифаи мухбири махсуси рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Қӯрғотеппа", ҳоло "Хатлон"-ро ба уҳда дошт. Баъди ба нафақа баромадан 10 сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и ноҳияи А. Ҷомӣ ба сифати омӯзгор фаъолият намудааст. Барои хизматҳои арзандааш бо чандин ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст. Устод солҳои охир ба эҷоди шеър низ рӯй овард. Баробари дигар китобҳо маҷмуаи охирини шеърҳояш бо номи "Умре бо қалам" соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.
Устоди азиз имрӯз аз ранҷи оҷизии чашм каме азоб мекашад. Вале ҳангоме ки мурғи илҳомашон ба парвоз меояду мехоҳад сухани дилро болои сафҳаи дафтар биёрад, наберагону аберагонаш ба ӯ кумак менамоянд. Аз ҷумла, шеъру навиштаҳои маҷмӯаи охиринаш "Умре бо қалам" низ тавассути онҳо рӯи чоп омадааст.
Аъзам Мӯсоев,
Давлат Султонов,
собиқадорони матбуот
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД