Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
31 окт 12:43АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Иқтисод
ТАЛОШИ САБЗ, ҲОСИЛИ ЗАРД Ё ҚИССАИ ЯК БАНАНПАРАВАР
Як ниҳоли хурд, як андешаи нав ва иродаи қавӣ кофист, то роҳи тозае дар зиндагӣ боз гардад. Қаҳрамони матлаби мо бо такя ба ҷустуҷӯ ва заҳмати пайваста тавонистааст як шохаи нодири кишоварзиро дар шароити маҳаллӣ таҷриба намояд. Ҳоло ӯ на танҳо ҳосил мегирад, балки барои тавсеаи кор ва саҳмгузорӣ дар бозор ниятҳои ҷиддӣ дорад.
ЯК САФАРИ КӮТОҲ, 20 НИҲОЛ ВА ОҒОЗИ ЯК РОҲИ НАВ
– Як сафари кӯтоҳ ба кишвари дӯсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамагӣ 20 ниҳоли хурд сабаб шуд, ки ман пешаи беш аз 15-солаамро тағйир диҳам ва бананпарвариро шуруъ кунам, – мегӯяд бо ёди рӯзҳои панҷ соли қабл Маъруф Қаюмов.
– Вақте бо чашми худ дидам, ки чӣ гуна бародарони ӯзбекистониамон дар парвариши банан ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд, ҳисси кунҷковӣ дар ман бедор шуд. Соли 2020 ҳангоми бозгашт ба Ватан 20 ниҳоли банан ва папая (меваи монанд ба харбуза, вале дарахтӣ) харида, бо худ овардам. Ҳамин тавр аввалин қадамҳои худро дар роҳи бананпарварӣ гузоштам...
Ба нақли ин бананпарвари ҷавон дар оғоз набудани таҷриба ва муҳити мувофиқ барои парвариши ниҳолҳои овардашуда боиси мушкилоти зиёд гардид. Дар натиҷа аз 20 ниҳоли шинонида танҳо 10-тои он сабзид ва баъд аз ду сол ба ҳосил даромад.
– Ҳоло дар гармхонаи худ ду навъи бананро парвариш мекунам, – мегӯяд Маъруф Қаюмов. – Яке қади баланд дошта, ҳосили зиёд ва меваҳои калон медиҳад. Дигараш пастқад асту бананҳои хурдтар мебандад, аммо ҳарду навъ дар бозор серхаридор буда, талаботи хуб доранд.
То ду соли пеш ҳосили банан асосан танҳо ниёзҳои оилавии моро қонеъ мекард, – мегӯяд ӯ. – Имсол бори аввал маҳсулотро ба бозор пешниҳод намудем. Бананҳое, ки дар шароити ватанӣ парвариш мешаванд, воқеан тамъу лаззати махсус доранд ва маҳз ҳамин хосияти он боиси ҷалби харидорони зиёд гардидааст.
ҲОСИЛИ МЕҲНАТ – МЕВАИ УМЕД

Маъруф Қаюмов, сокини Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, бо талошу заҳматҳои пайваста ва омӯзиши доимӣ тавонист орзуи деринаи худро амалӣ созад. Ҳоло, ки кору заҳматаш самар додааст, ният дорад як гектар замини дигар ба даст оварда, фаъолияти худро дар шакли хоҷагии инфиродӣ вусъат бахшад.
– Ният дорам хоҷагии деҳқонии худро таъсис дода, парвариши бананро боз ҳам рушд диҳам, – мегӯяд М. Қаюмов. – Зеро аллакай таҷрибаи кофии парвариш ва бандубасти ҳосилро аз худ намудам. Аз ҳама муҳимаш талабот ба ин маҳсулот зиёд аст. Пас, чаро бо тавсеаи ин кор дар бозор саҳмгузор набошем ва ҳам ниёзи аҳолиро қонеъ насозем?!
Бино ба гуфтаи ӯ бананпарварӣ мушкил нест, фақат агар ниҳоли онро аз сардӣ ҳифз карда тавонӣ. Ниҳоли банан ба гармии аз ҳад зиёд ҳам ниёз надорад. Ҳосили он ҳатто дар фасли зимистон омодаю ҷамъоварӣ мегардад. Агар дуруст нигоҳубин шавад, дар як сол то 4 маротиба ҳосил медиҳад.
– Пас аз ҷамъоварии ҳосил зарур аст, ки буттаи онро аз реша тақрибан 10 сантиметр боло бурида партоем, – мегӯяд бананпарвар Маъруф Қаюмов. – Зеро пас аз ҳосил додан, бутта пир шуда, хушк мегардад. Аммо реша зинда мемонад ва навдаҳои нав мерӯёнанд, ки дигарбора ба ҳосил медарояд.
Ба гуфтаи ӯ дар як сол як решаи дарахти банан метавонад то 4 маротиба ҳосил диҳад. Дар ибтидо ҳар як навда барои Маъруф як дарс, ҳар як иштибоҳ як таҷрибаи гаронбаҳо буд. Ӯро сабру таҳаммул, талош ва омӯзиши пайваста ба муваффақият расонд.

Имрӯз Маъруф тамоми нозукиҳои парвариши банан – аз ҳарорат, намнокӣ, навъи хок, то тарзи буридан ва нигоҳубини ниҳолро хуб медонад. Аз ин рӯ, бо иродаи қавӣ тасмим гирифтааст, ки роҳи интихобкардаашро идома диҳад ва ин соҳаи нодирро дар шароити маҳаллӣ боз ҳам рушд бахшад.
PS. Мо низ кӯшиш хоҳем кард, ки дар оянда муваффақиятҳои навбатии ӯро пайгирӣ намуда, шумо, хонандаи гиромиро аз навгониҳо ва пешрафти ин самт хабардор созем.
Низоми ИСО,
Бохтар-Ҷайҳун-Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 15:00ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:07КӮШОНИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОРБАД» 15:11КӮШОНИЁН: ДАР ДЕҲАИ ГУЛЗОР БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ ГАРДИДААСТ 15:05ОИЛА – ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ 12:19РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА- ҶАШНИ МЕҲР ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ 12:15ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ 11:58БОХТАР: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БЕМОРХОНАИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГӢ ШИНОС ШУДАНД 11:43
Серхонандаҳо
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РИШТАИ МЕҲР
К И Т О Б Д О Р



