ЗАҲБУРУ ЗАҲКАШҲО ТОЗА ШУДАНД

Тавре зимни суҳбат муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон Шамсиддин Гадоев гуфт, дар вилоят 6 ҳазору 877 километр заҳбуру заҳкашҳо мавҷуд аст, ки тибқи нақша ҳамасола бояд 30 фоизи онҳо тоза карда мешавад.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аз 601 пойгоҳи обкашие, ки дар қаламрави вилоят заминҳоро бо об таъмин мекунанд, 392 адади онҳо дар мавсими имсола аз таъмир бароварда шуданд.