Бойгонӣ
14 фев 10:21Сиёсат / Мақолаҳо

САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

     Гурӯҳе аз намояндагони вилояти Хатлон тибқи дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо мақсади дидору мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ, шиносоӣ бо кору зиндагии онҳо ва муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ ба Федератсияи Россия сафар карда, бо натиҷаҳои мусбӣ баргаштанд.

Ба ҳайати мазкур, ки роҳбарии онро муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ба уҳда дошт, мудири бахши робита бо кишварҳои хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Қурбон Вализода, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилоят Сайфиддин Хайрулло, раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода, муовини аввали раиси ноҳияи Панҷ Шарофиддин Асомиддинзода шомил буданд.

Нахуст гурӯҳи корӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторӣ вохӯрда, оид ба масоили зикргардида мубодилаи афкор намуданд. Сипас, дар толори сафорат мулоқоти ҳайати вилоят бо намояндагии вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, диаспораҳо ва дигар шахсони расмӣ сурат гирифт.

Дар ин вохӯриҳо ҳайати мазкур ба иштирокдорони  ҷамъомад оид ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратӣ, раванди босуръати корҳои ободонию созандагӣ, имтиёзу шароити мавҷудаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ,  рушди соҳибкории хурду миёна, коркарди маҳсулот ва содироти он ба хориҷи  мамлакат маълумоти муфассал доданд.

Ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзии мо аз дигаргуниҳои куллие, ки дар Тоҷикистон, аз ҷумла, ободу зебо гаштани пойтахт - шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои дигар рӯй додаанд,  инчунин аз сохтмонҳои бузург, ба мисли НБО-и «Роғун», роҳҳои байналмилалӣ ва корхонаҳои азим дар ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз тасмими хеш оид ба таъсиси коргоҳҳои нав, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорони вилоят  дарак доданд. 

Дар идомаи ҷамъомад зикр гардид, ки баъд аз омодагии ҳамаҷониба бо иштироки бевоситаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Федератсияи Россия баргузории Форуми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Хатлон ва сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст.
      Ҷамъомадагон ҳамчунин оид ба таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолию марказҳои хизматрасонӣ ва баргузории форуми бошукӯҳи тиҷоратӣ дар шаҳри Москва табодули афкор намуда, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ба намояндагони вилояти Хатлон таклифу пешниҳодҳои худро баён карданд.

Намояндагони вилояти Хатлон бо соҳибкорони тоҷик, ки дар маҷмааи тиҷоратии «Трак терминал» асосан ба фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ машғул мебошанд, вохӯрда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд. Зимни ин мулоқот муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва ҳамроҳонаш соҳибкорони бурунмарзиро даъват ба корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру навоҳӣ намуда, саҳми муносиби онҳоро дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд.

Гуфта шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даҳҳо адад иншооти таъиноташон гуногун бунёд ёфта, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифта истодаанд. 

Ин ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварро соҳибкорону сокинони бо нагу номус ва ватандӯсту хештаншиноси кишвар аҳлона дастгирӣ намуда, иқдом гирифтаанд, ки дар раванди босуръати бунёдкориҳо фаъолона ширкат варзанд.

Зимни вохӯрӣ бо муҳоҷирони муваффақи вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, сокинони ноҳияи Панҷ омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар ободонии диёр баён намуданд. Онҳо аз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хостанд, ки барои бунёди меҳмонхонаи бошукӯҳ, ҳаммоми замонавӣ, тарабхона, майдончаи варзишӣ ва маркази хизматрасонии маишӣ  дар маракази ноҳияи Панҷ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти он мусоидат намоянд.

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар рафти дидору шиносоӣ бо шароити буду бош ва фаъолияти соҳибкорони тоҷик дар Федератсияи Россия ба яке аз бузургтарин Маҷмааи тиҷоратии шаҳри Москава, ки «Фуд сити» ном дорад, боздид ба амал оварданд.  

Аввал, ҳайати кории вилояти Хатлонро роҳбарияти бозори «Фуд сити» ба ҳузур пазируфта, оид ба фаъолияти соҳибкорони тоҷик дар ин маҷмааи калони тиҷоратӣ ва бурду бохти онҳо дар самти воридоти маҳсулоти кишоварзӣ, банду баст ва нигоҳдории меваю сабзавот суҳбат намуданд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо гуфта шуд, ки вилояти Хатлон калонтарин минтақаи аграрии Тоҷикистон буда, дар заминҳои ҳосилхези он қариб ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳамасола кишоварзон ва соҳибкорони вилоят дар баробари таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат ҳамчунин ҳаҷми зиёди меваю сабзавотро ба хориҷи кишвар, хусусан Федератсияи Россия содирот менамоянд. 

Масъулини бозори «Фуд сити» иброз намуданд, ки маҷмааи тиҷоратии онҳо нуқтаи асосии паҳнкунандаи маҳсулоти ғизоӣ, асосан меваю сабзавот ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Россия буда, ҳамарӯза ба он аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон садҳо тонна маҳсулот ворид карда мешавад. 

Ба таъкиди онҳо бархе аз соҳибкорони тоҷик, ки ба боркашонию содироту воридоти меваю сабзавот машғул мебошанд, дар банду баст ва ҷобаҷогузории маҳсулот мушкилӣ кашида, онро бо нархи баланд фурӯхта наметавонанд. Ҳарчанд меваҷоти Тоҷикистони офтобрӯя ғизонокиаш баланд асту таъми хуш дорад, аммо дар бозор талаби асосӣ банду баст ва намуди зоҳирии маҳсулот мебошад.

Намояндагони вилояти Хатлон ҳам дар навбати худ баён намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатӣ бо дарки ин масъала аллакай тадбирҳои амалӣ анлешида, бо ҷалби беҳтарин мутахассисони соҳа ба кишоварзону соҳибкорон тарзи хушккунии меваю сабзавот, банду басти он, нигоҳдорию маҳсулоти тару тоза ва содироти дурусти меваю сабзавотро омӯзонида истодааст.

Дар охир баҳри боз ҳам самаровар гардидани фаъолияти соҳибкорони тоҷик дар Федератсияи Россия роҳбарияти бозори «Фуд сити» ба намояндагони вилояти Хатлон маслиҳатҳои муфид доданд. Ба гуфтаи онҳо бунёди сардхонаҳои калон дар навоҳии кишоварзии вилоят метавонад қадами устувор дар рушди ин соҳа бошад. 

Ҳамин тавр ҳайати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи сафари кории худ ба Федератсияи Россия ба шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон низ ташриф оварданд. Гурӯҳи кориро намояндагони консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, барои дидору мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори Бошқирдистон мусоидат намуданд. 

Чун анъана дар ин ҷо ҳам нахуст, намояндагони вилоят бо масъулини ҷамъияти тоҷикон, диаспораҳо, муҳоҷирони тоҷик ва соҳибкорони муваффақ, ки дар шаҳри Уфа фаъолияти босамар доранд, вохӯрда, бо кору тиҷорати онҳо аз наздик шинос шуданд. 

Дар шаҳри Уфа дар баробари дидору гуфтушунид бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва соҳибкорони муваффақи тоҷик намояндагони вилояти Хатлон бо ҳайати расмии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия вохӯрда, доир ба роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, табодули назар карданд.

Дар ҳамоиш Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон Саид Эмом Давлат иштирок намуда, оид ба ҳамкориҳои минбаъда, ки ба манфиати ҳарду кишвар нигаронида шудааст, баромад намуд. Зикр гардид, ки баргузории намоиш-фурӯш ва форумҳои тиҷоратӣ, бо иштироки аъзоёни ҳарду палатаҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ ба нафъи ҷонибҳо буда, метавонад дар мустаҳкам намудани равоботи ҳамкорӣ мусоидат намояд.

Сипас, намояндагони вилояти Хатлон бо роҳбарияти Кумитаи муносибатҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия мулоқот доир карданд, ки масоили марбут ба роҳандозӣ ва тақвияти равобити иқтисодӣ мавзӯи меҳварии он буд.


Амонҷон МАҲКАМОВ

Бохтар-Москва-Уфа-Бохтар
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019