ЗАМИНАГУЗОРӢ БАРОИ ҲОСИЛИ ФАРДО

   Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар баробари бунёдкориҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Кишоварзон киштгардонро омили асосии рушди соҳа ва фаровонҳосилӣ арзёбӣ медоранд. Дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хоҷагии деҳқонии «Тағайназар» дар ихтиёри худ 93 гектар замин дошта, ҳар сол ҳосили хуби мева,пахта ва ғалладонагиҳо ба даст меоранд.

Соли гузашта ҳосили 60 сентнерии гандум ба даст оварда,имсол низ бо истифода аз тухмии хушсифати озмудашудаи «Краснодар - град» азм доранд, ки аз ин ҳам бештар ҳосил ба даст оранд. Кишти гандум дар қитъае гузаронида шуда истодааст,ки имсол дар ин қитъа дигар зироат кишт намуда буданд.Сарвари хоҷагии «Тағайназар» Исроил Саидов тавассути техника ва мошинолоти кишоварзӣ,ки камхарҷ мебошад кӯшиш доранд кишти гандумро дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом бахшида, барои ҳосили оянда заминаи боэътимод гузоранд. Киштгардонро яке аз омилҳои асосии фаровонҳосилӣ арзёбӣ медоранд.

Хоҷагидорон дар якҷоягӣ ҳамчунин беш аз як километр роҳи деҳаро мумфарш карданд. Оянда бошад азм доранд,ки ба шарафи истиқболи арзанда аз 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар бунёдкориҳоро анҷом бахшанд.


Ш. Саидов
Добавить комментарий