Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 дек 10:08Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ
СЕМИНАРИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ИСТИФОДАИ САМАРАОВАРИ ЗАМИН, АГРОТЕХНИКАИ КИШТ, ПАРВАРИШИ КАРТОШКАЮ САБЗАВОТИ БАРВАҚТӢ ВА РУШДИ СОҲАИ ЛИМУПАРВАРӢ"
Рӯзи, 8 декабр, дар ноҳияи Ҷайҳун семинари илмию амалӣ дар мавзӯи "Истифодаи самараовари замин, агротехникаи кишт, парвариши картошкаю сабзавоти барвақтӣ ва рушди соҳаи лимӯпарварӣ" доир шуд. Бино ба иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар ин семинар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд.
Нахуст иштирокчиён аз рафти шинонидани картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии "Хубон-3" ва "Илҳомиддин"-и Ҷамоати деҳоти "Қумсангир" дидан намуданд. Дар ин хоҷагиҳо аз техникаи муосири кишоварзӣ пурсамар истифода мебаранд.
Иштирокчиён инчунин бо таҷрибаи хоҷагии деҳқонии "Деҳқони асил"-и Ҷайҳун дар бахши бунёду пешбурди кори гармхонаҳо, ниҳол-парваришгоҳ ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ шинос шуданд.
Дар гармхонаи доимоамалкунандаи хоҷагии деҳқонии "Назриён"-и Ҷамоати деҳоти Панҷ на танҳо лимӯ, балки дигар анвои меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла ду навъи грейпфрут парвариш карда мешавад.
Лимӯпарвари собиқадор Абдураҳим Тоҳиров аз таҷрибаи хуби худ оид ба ташкили гармхонаи парвариши лимӯ ва мандарин, инчунин тарзи қуттибандии лимӯ барои содирот ба Федератсияи Россия ва Афғонистон нақл кард.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар маросими шинонидани ниҳолҳои лимӯ дар Ҷамоати деҳоти "Панҷ" иштирок намуданд.
Пасон, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун қисми назариявии семинври илмию амалӣ доир гардид. Чорабиниро муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода ҳусни оғоз бахшида, ба зарурати истифодаи самараноки замин, техникаи киштукор ва парвариши картошкаю сабсавоти барвақтӣ ва рушди соҳаи лимӯпарварӣ таъкид намуд.
Вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ оид ба агротехникаи парвариш, нигоҳубин, мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасони картошка, парвариши зироатҳои сабзавоти барвақтӣ дар ҷануби мамлакат, рушди соҳаи ситруспарварӣ дар водиҳои Хатлон сухан гуфт.
Пасон, олимони соҳаи кишоварзӣ, профессорон Ҳикматулло Назиров, Турсунбой Ахмедов, Қутбиддин Руқниддинов доир ба мавзӯи семинари мазкур маърӯзаҳо хонданд.
Дар интиҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати рушди соҳаи ситруспарварӣ, роҳҳои афзоиш додани содироти ин навъи маҳсулот ба хориҷи кишвар, истифодаи оқилона ва самарабахши ҳар ваҷаб замин, афзоиши истеҳсоли картошка ва сабзавоти барвақтӣ ба масъулон машварат ва дастуру супоришҳо дод.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД