Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАХТАКОРОНИ НОҲИЯҲОИ НОСИРИ ХУСРАВ ВА ХУРОСОН БА МАРРА НАЗДИК ШУДАНД
Пахтакорони вилояти Хатлон рӯзи гузашта ба қадри 3248,9 тонна ҳосили “тиллои сафед”-ро ҷамъ овардаанд, ки ба 1,18%-и дурнамои солона баробар аст. Ба иттилои Сарраёсати омори вилоят, то рӯзи 30 октябр дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон 228 ҳазору 475,5 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супурда шудааст, ки 83,02 фисади дурнамои солонаро ташкил медиҳад.
То имрӯз заркорони шаҳру навоҳии Данғара, Бохтар, Дӯстӣ, Левакант ва Шаҳритус дурнамои мавсимро пурра иҷро намуда, навоҳии Носири Хусраву Хуросон, ки мутаносибан ба андозаи 97,58% ва 95,27%-и дурнамо ҳосил ғун кардаанд, ба марра наздик омадаанд.
Ба ҳолати 30 октябри соли ҷорӣ шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Шаҳритуз, Данғара, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ ва Ҳамадонӣ, ҷамъ 12 шаҳру ноҳия, аз сатҳи миёнаи вилоят бештар пахта ҷамъ овардаанд.
Пахтакорони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Восеъ, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Кӯлоб ва Ёвон, мутаассифона, то имрӯз дурнамои пахтасупориро аз 58,44% то 82,07% иҷро кардаанд, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи вилоят камтар аст.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.
19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН