Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАХТАКОРОНИ ШАҲРИТУЗ НИЗ НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТАРО ИҶРО НАМУДАНД
Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳритуз имрӯз, 13 октябр, дар бораи иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта дар соли ҷорӣ муждаи зафар доданд.Заркорони ноҳияи Шаҳритуз имсол дар майдони 5250 гектар пунбадона кишт намуда, аз аввали мавсим то имрӯз ба ҷойи 11950 тоннаи дурнамо ба қадри 12 ҳазору 14 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супурдаанд.
Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз иттилоъ доданд, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бомаром идома дошта, барзгарон азм доранд, ки то кӯраки охирин ҳосили боқимондаро ғун кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр заркорони шаҳри Левакант дар ҷумҳурӣ аввалин шуда аз иҷрои 100-дарсадии дурнамои ҷамъоварии ҳосили имсола мужда дода буданд. Заркорони шаҳри Бохтар рӯзи 4 октябр дурнамои мавсимро пурра таъмин намуданд. Шаҳритуз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол сеюмин ноҳияи пахтакор аст, ки ба марраи мусобиқаи меҳнатӣ расидааст.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.
Тибқи ҷамъбасти даври якуми ин мусобиқаи меҳнатӣ ҷойи аввал ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотро заркорони ноҳияи Шаҳритуз аз они худ карда буданд.
19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


