Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАСТАИ ЯКАЧИНИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН БОЗИИ АВВАЛИНИ ХУДРО ДАР ҚАҲРАМОНИИ ҶАҲОН БО КАМЕРУН МЕГУЗАРОНАД
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) аввалин бозиашро дар қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2019 дар Бразилия имрӯз, 28-уми октябр, бо мунтахаби наврасони Камерун анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 04:00, 29-уми октябр бо вақти Душанбе) оғоз меёбад. Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17-уми ноябр идома хоҳад кард, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун рақобат мекунад.
Бозии дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон 31-уми октябр (01:00, 1-уми ноябр бо вақти Душанбе) муқобили мунтахаби Испания доир мегардад.
Наврасони тоҷик дар даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ 3-юми ноябр (01:00, 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) бо мунтахаби Аргентина вориди рақобат мешаванд.
Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», барпо мегарданд.
Ба дархости ниҳоии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ҳамагӣ 21 бозигар - 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар - дохил аст.
- Мо ба Бразилия даҳ рӯз пеш аз бозии аввалини қаҳрамонии ҷаҳон омадем ва аллакай ба обу ҳавои инҷо ва фарқияти калони вақти маҳаллӣ бо Душанбе одат кардем. Дар бораи рақибонамон ҳаминро гуфтаниям, ки гурӯҳи мо яке аз гурӯҳҳои аз ҳама мураккаб дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 мебошад. Аргентина ва Испания ба қатори дастаҳои довталаби унвони қаҳрамонӣ дохиланд. Мунтахаби Камерун имсол дар қаҳрамонии наврасони Африқо ғолиб шудааст. Мо бозиҳои ҳамаи рақибонамонро тамошо карда, онҳоро омӯхтем. Моро бозиҳои вазнин бо ҳамаи дастаҳо дар пеш аст. Ҳамаи бачаҳои мо ба муборизаи ҷиддӣ омодаанд”, - иброз доштааст Зайниддин Раҳимов.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта дар бозии ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд, барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо