Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мураббо аз харбуза
Об - 0,8 л.
Харбуза – 2 кг
Шакар – 2,2 кг
Лимў – 1 дона
Хушбўйкунанда – 5 гр
Барои зебою дилкаш шудани мураббо онро метавонед шакли чоркунҷа реза кунед. Дар ин муддат метавонед обро ба зарфе гирифта, болои оташ гузоред. Об ки ба ҷўшидан наздик омад, ба он шакар ва шарбати лимўро илова карда меҷўшонем. Сипас, харбузаҳои резакардашударо ба об андохта, муддати 8-10 дақиқа дар оташи паст меҷўшонем. Аз оташ гирифта, то хунук шуданаш нигоҳ медорем. Пас аз як шабонарўз боз мурабборо ба болои оташ гузошта, боз меҷўшонем ва ба банкаҳои безараргардонидашуда андохта маҳкам мекунем.
Манфиати мураббои харбуза
1. Истеъмоли пайвастаи мураббо барои мўи сар манфиатбахш буда, рехтанро боз медорад.
2. Пўсти рўйро тоза карда, аз ҳар гуна доначаҳо эмин медорад.
3. Фишорбаландиро низ давои хубест.
4. Хасташвиро рафъ сохта, хусусияти асаборомкуниро дорад.
5. Ранги зарди баланди харбуза барои кори рагу дил муфид буда, бехобӣ ва камхуниро шифо мебахшад. Инчунин дар баланд бардоштани масунияти бадани инсон мусоидат мекунад.
6. Организми инсонро аз заҳрҳо тоза мекунад.
7. Давои хубест дар бартарафсозии авитаминоз.
8. Хусусияти пешобронӣ дошта, варами аз ҳисоби оби зиёд ҷамъшударо дар организми инсон бартараф месозад.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



