Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАСБИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хурсон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддини Айнии ноҳия ду пойгоҳи обкашӣ бо қубурҳои баландфишори обпарто насб гардид, ки аз ин ҳисоб зиёда аз 750 гектар заминҳои ҳудуди ҷамоат бо оби полезӣ таъмин шуданд.
Бино ба иттилои раиси ҷамоати деҳоти болозикр Аҳмад Табарзода, қутри қубурҳои обпарто 6,20 ва 4,30 милиметра буда, акнун сокинон метавонанд бе мамоният заминҳои ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигии хешро обёрӣ намоянд.
Бино ба иттилои раиси ҷамоати деҳоти болозикр Аҳмад Табарзода, қутри қубурҳои обпарто 6,20 ва 4,30 милиметра буда, акнун сокинон метавонанд бе мамоният заминҳои ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигии хешро обёрӣ намоянд.
Дар ин мавзеъ беш аз 70 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, давоми 7-8 соли охир бинобар сабаби норасоии об наметавонистанд заминҳояшонро самаранок истифода баранд. Шодимурод Сайдалиев яке аз хоҷагидорони ин ҷамоат иқдоми мазкурро дар арафаи ҷашни пурифтихори миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бе ниҳоят муҳим арзёбӣ карда, бо хушнудӣ гуфт, ки акнун деҳқонон дилгармонаю софдилона меҳнат намуда, дар як сол метавонанд то се маротиба ҳосил рӯёнанд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57



