Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 июл 15:39АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Сохтмон ва меъморӣ
Саҳми соҳибкорони бунёдкор назаррас аст

Аз ҷамъи умумии иншооте, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ қомат афрохтанд, наздики 90 дарсадашон бо саҳми соҳибкорон бунёд шудаанд.
Аз ин лиҳоз бо мақсади қадршиносӣ намудани хизматҳои арзандаи соҳибкорон, раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа бо онҳо вохӯрӣ анҷом дода, саҳми назарраси ин қишри ҷомеаро дар пешрафту гулгулшукуфии ин гӯшаи диёр муҳим арзёбӣ кард.
Қайд гардид, ки танҳо дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки “Панҷ” бунёди 20 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, аллакай қисмати зиёди онҳо бо саҳми соҳибкорон мавриди истифода қарор доранд.
Ба таври мисол бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидаҳмад Мараҷабов дар ҷамоати шаҳраки “Панҷ” аввалин бинои панҷ ошёна бунёд шуда истодааст, ки арзиши он 11 миллион сомониро дар бар гирифта, дар арафаи ҷашни миллӣ ба истифода дода мешавад.
Дигар иншооти ҳаётан муҳим дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёд шудаву шудаистодаанд, ки бевосита дар сохтмони онҳо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ арзанда мебошад.
Дар ноҳия бо саҳми соҳибкорон 15 коргоҳу корхонаҳои наву замонавии саноатӣ, аз қабили се коргоҳи шағалбардорӣ, чор сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, чор корхонаи хурди истеҳсоли хишту сафолаки сементӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ ва паррандапарварӣ бунёд шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Муовини аввали раиси ноҳияи Панҷ Нидозода Болта зимни баромади хеш қайд кард, ки дар ҳудуди ноҳия 1216 соҳибкори инфиродӣ кору фаъолият доранд, ки аз ҳисоби фаъолияти онҳо ба буҷети ноҳия 2 миллиону 36,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои андоз ворид шудааст.
Аз ҷониби филлиалҳои бонкҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хурди қарзии дар ноҳия фаъолияткунанда ба фаъолияти соҳибкорони ҳудуди ноҳия 39,1 миллион сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
-Дар панҷ соли охир ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия лоиҳаҳои афзалиятнок роҳандозӣ гардиданд. Айни замон дар ноҳия панҷ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 5,7 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки натиҷаи ҳамкории хуби мақомоти маҳаллӣ бо соҳибкорон аст, гуфт Нидозода Б.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси ноҳияи Панҷ иқдому дастгириҳои соҳибкорони маҳаллиро таҳсину офарин гуфта, ба он нафароне, ки дар рушду шукуфоии ноҳия саҳми арзандаи хешро гузоштаанд, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



