Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«ҲАМАИ ВАКСИНАҲОЕ, КИ ТАЪЙИД ЁФТААНД, МАНФИАТОВАРАНД». Доктор Ораш Алоӣ шаҳри Душанберо дар сегонаи пойтахтҳои аз ҷиҳати паҳншавии коронавирус ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба он бехатар ном бурд
Бемории ҳамарогири COVID-19 ва бо ваксинаҳои зидди ин беморӣ фаро гирифтани аҳли ҷомеа имрӯз яке аз масъалаҳои мубрам дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар робита ба мавзӯъ Хабарнигори АМИТ «Ховар» атрофи самаранокии ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаҳои «AstraZenecа» ва «Sinovac», оризаҳо, ҳатмияти ваксина гирифтан, зукоми паррандаи H1ON3 ва дигар масъалаҳо бо табиби маъруфи эронитабори Амрико, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк (ИМА) Ораш АЛОӢ суҳбат анҷом дод.
АМИТ «Ховар»: Ман, барои мисол, ваксинаи «AstraZenecа» гирифтам. Рӯзи аввал худро каме бе ҳол ҳис кардам, табъам баланд шуд, рӯзи дигар сабукӣ ҳис кардам ва дар рӯзи сеюм ҳамааш пушти сар шуд. Ҳоло худро хуб ҳис мекунам. Бигӯед, шумо дар бораи ин ваксинна чӣ назар доред? Умуман, ба фикри Шумо, аз ҳамаи ваксинаҳое, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт иҷозаи истифода додааст, кадомаш беҳтар ва фоидаовартар аст?
Ораш Алоӣ: Бубинед, ваксинаҳое, ки аз тарафи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аз ҷумла ваксинаи «AstraZenecа», «Sinopharm», «Sinovac», «Pfizer», «Johnson & Johnson», «Moderna» таъйид шудаанд ва ваксинаи «Спутник», ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ қобили қабул гардидааст, оризаҳои бисёр маҳдуд ва кам доранд. Оризаҳои онҳо монанди ҳар оризаи дигар дар бадани инсон мебошанд. Ин оризаҳо монанди дард дар маҳалли тазриқи ваксина, дар баъзеҳо метавонад беҳолӣ ё баландшавии ҳарорат ва дар баъзеҳо нишонаҳои аллергияи ҳассосият бошанд, вале ин оризаҳои ваксинаҳо ҷои нигаронӣ надоранд. Дар ҳоли ҳозир мо намедонем кадом ваксина беҳтар аз дигар аст, чунки маълумоти мо оид ба ваксинҳо ҳанӯз ба як сол нарасидааст. Ниёз ба 2-3 сол таҳқиқот дорад, то бифаҳмем кадом ваксина таъсираш баландмуддат, беҳтар аст ва давом дорад. Вале он чи ки мусаллам аст, ҳамаи ваксинаҳое, ки дар ҳоли ҳозир дастрас ҳастанд ва мавриди таъйид буданд, дар коҳиши фавт ва пешгирӣ аз бемории COVID-19 бисёр самаранок буданд ва бояд истифода шаванд.
АМИТ «Ховар»: Бисёриҳо аз ваксина задан худдорӣ мекунанд. Шумо ба онҳо чӣ маслиҳат медиҳед? Оё ваксина гирифтан барои ҳама зарур аст? Чӣ касоне метавонанд ваксина нагиранд?
Ораш Алоӣ: Онҳое, ки ин суҳбатро мехонанд, ба илм гуш диҳанд, на ба ҳарфҳое, ки афроди ғайриилмӣ мезананд. Илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаи COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам ҳастанд. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, истифода кунед ва ҳеҷ кас манъияте надорад, ки аз ваксина задан манъ шавад, магар касоне, ки дар ҳоли ҳозир худашон бемор бошанд. Пас агар шахсе, ки ҳатто дар гузашта бемориро гузаронидааст, ӯ низ метавонад ваксина занад. Суоле, қи ҳамеша аз ман мепурсанд ин аст, ки касоне бемориҳои, дил, диабет, раг ва ё гурда доранд метавонанд ваксина зананд? Онҳо иттифоқан бояд ваксина гиранд. Чунки онҳо бемориҳои музмин доранд ва ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд.
АМИТ «Ховар»: Баъзе коршиносони байналмилалӣ ба онанд, ки ваксина наметавонад пеши роҳи гирифторшавӣ бо коронавирусро бигирад. Оё ин дуруст аст?
Ораш Алоӣ: Бемории COVID-19 ҳолатҳои мухталиф дорад. Дар баъзе афрод ин бемори нишона надорад, дар баъзеи дигар миёна ва дар бархе шадид аст ва ба фавт оварда мерасонад. Ваксинаҳо то қариби 100% дар пешгирӣ аз фавт ва шадид шудани беморӣ самаранок буданд. Дар гурӯҳе, ки бемориро бе нишона ё миёна мегузаронанд, бастагӣ ба намуди ваксина аз 75 то 94 % фарқ дорад. Барои ҳамин бояд ҳама ваксина гиранд, то фавт ва шадидшавии беморӣ пешгирӣ гардад.
Вале тавсия медиҳам, ки то замоне 80 % аҳолӣ ваксина нагиранд, бояд ҳатман ниқоб андохта шавад ва қоидаҳои беҳдоштӣ риоя гарданд. Ваксинаҳо самараноканд ва пешгирӣ мекунанд, вале ин пешгирӣ аз фавт ва шадидшавӣ аст.
АМИТ «Ховар»: Ба кӯдакон низ ваксина задан шарт аст?
Ораш Алоӣ: Ваксинаи COVID-19 дар кӯдакон то ҳол таҳқиқ нашудааст. Дар ИМА ба тозагӣ афроди аз 15 ё 18-сола болоро ваксина, аз қабили «Pfizer», «Johnson & Johnson» ва «Moderna» мезананд. Вале ҳанӯз барои аз 18 ё 15-сола поён барои аксари ваксинаҳо таҳқиқоти лозима анҷом дода нашудааст. Дар ин самт бояд таҳқиқот анҷом дода шавад ва вақте, ки таҳқиқот комил шуд, он гоҳ мушаххас мешавад.
АМИТ «Ховар»: Чанде пеш Созмони ҷаҳонии беҳдошт ваксинаи чиноии «Sinovac»-ро барои истифодаи фаврӣ иҷозат дод. Чин ваъда кардааст, ки ба Тоҷикистон аз ин воксина ба миқдори 300ҳазор воя ройгон кумак мекунад. Дар бораи ин ваксина чӣ гуфта метавонед?
Ораш Алоӣ: Таъйид шудани ваксинаи «Sinovac» ва додани 300 ҳазор воя аз ин ваксина ба Тоҷикистон хабари бисёр хуш аст. Ваксинаи «Sinovac» хуб аст ва тавсия мешавад, ки дар сурати ба таври кофӣ будани воя афроди аз 30 то 50-сола аз ин ваксина гиранд.
АМИТ «Ховар»: Агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки 10 пойтахти ҷаҳонро номбар кунед, ки аз ҷиҳати паҳншавии коронавирус ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба он бехатаранд, Душанберо дар ҷои чандум қарор медодед?
Ораш Алоӣ: Сиёсатгузории калон дар замони COVID-19 аз ҷониби Ҳукумат дуруст анҷом дода шуд ва мардум низ ба сиёсатгузорӣ посухи муносиб доданд. Ин боис шуд, ки Тоҷикистон бисёр муваффақ амал кунад ва ва бемориро назорат намояд.
Шаҳри Душанберо дар сегонаи пойтахтҳое, ки аз ҷиҳати паҳншавии коронавирус ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба он бехатаранд, ҷой медиҳам. Вале бояд гуфт, ки ҳеҷ кишваре ё шаҳре наметавонад худро аз соири дигар кишварҳову шаҳрҳо ҷудо кунад. Бубинед, ки алъон вирусҳои нав аз Ҳиндустон, Африқо, Англия ва Бразилия бисёр паҳн мешаванд ва ин вирусҳоро контрол кардан намешавад. Ба ин хотир бояд мардум тавре соле қабл кӯшиш карданд, худро эҳтиёт кунанд, ниқоб андозанд, дастҳоро тез-тез шӯянд ва дигар чораҳои пешгириро риоя намоянд. Мо медонем, ки ин вирусҳо дар ҳама ҷо ҳастанд. Муҳим он аст, ки афроди ҷомеа бо риояи пешгирӣ боиси он шаванд, ки ин вирус дар вуҷуди онҳо беморӣ эҷод накунад.
АМИТ «Ховар»: Дар посух ба суол фармудед, ки Душанберо дар қатори се шаҳри бехатар аз ҷиҳати паҳншавии COVID-19 қарор медиҳед. Метавонед гуфт, ки ду шаҳри дигари ин сегона кадом шаҳрҳо ҳастанд?
Ораш Алоӣ: Ба ин сегона ба ҷуз аз пойтахти Тоҷикистон метавон шаҳрҳои «аз рӯи баъзе хусусиятҳо ба ҳам монанд»: пойтахти Бутан — шаҳри Тҳимфу ва пойтахти Сенегал — шаҳри Дакарро шомил кард.
АМИТ «Ховар»: Чанде пеш хабар расид, ки дар музофоти Тзянсуи Чин ҳолати грифторшавии одам ба зукоми паррандаи H1ON3 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии Чин оид беҳдошт иттилоъ додааст. Оё ба фикри Шумо хатари ба Осиёи Марказӣ паҳн шудани ин вирус мавҷуд аст?
Ораш Алоӣ: Вирусҳои зукоми паррандагон… ин вирусҳо ҳамеша бо башар буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Ба ин хотир мо фақат пешгирӣ, аз қабили шустани дастон ва риояи фосилаи иҷтимоиро тавсия медиҳем. Мо набояд нигарон бошем, чун медонем ин беморӣ ва роҳи пешгирии он чист. Вале ҳамзамон бояд эҳтиётро риоят кунем. Пешгирӣ барои саломатист.
Агар эҳтиёт накунем, бисёр бояд нигарон бошем. Ман мушоҳида мекунам, ки дар Душанбе мардум дигар эҳтиётҳои пешгириро намекунанд. Дар чунин ҳолат ҷои нигаронӣ ҳаст. Ҷое, ки эҳтиёт анҷом нашавад ва ниқоб зада нашавад, он гоҳ нигарон бояд буд.
Бознашр аз сомонаи www.khovar.tj
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



