Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲИЗБИЁН ШОЛӢ КИШТ КАРДАНД
Аҳли коллективи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо кумитаҳои зертобеи худ, бо мақсади саҳми арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар майдони ду гектар кишти шолиро ба роҳ мондаанд.
Тавре зимни суҳбат Маҳмадалӣ Акрамов сармуҳаррири ҳафтаномаи “Ҳамрози халқ”, нашрияи Кумитаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иброз кард, хоҷагии ёрирасони ниҳоди онҳо аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзии ҷамоати деҳоти “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав ташкил карда шудааст.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки аз ҳисоби ҳосили ба даст омада аҳли кормандон ва як қатор ниёзмандон бо ин маҳсулот таъмин хоҳанд шуд.
Ин ташаббусро кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят низ ҷонибдорӣ карда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57



