Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«ХОКИ ВАТАН» - САДОИ БОЗГАШТ
Баъд аз соҳибистиқлолии кишвар бо таъсири душманони дохиливу хориҷӣ дар мамлакатамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ омада, боиси фалаҷ гардидани пояҳои давлатдорӣ гардид. Вазъи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба таназзул ниҳода, қариб василаи барқарор намудани он намонда буд. Дар ин кашмакашиҳои бемаънию рӯзҳои вазнину ҳодисаҳои нангини бавуқуъпайваста, садҳо оилаҳо аз Ватан фирорӣ, хонаву манзилҳо сӯхтаву валангор, ноумедиву маъюсӣ ва ҳолатҳои ҳузнангез қалбҳои ҳар фарди хештаншиносу солимфикрро озурда мекард.
Мутахассисони варзида ва ҳамдиёрони зиёдамон гуреза гардида, дар давлатҳои ҳамсоя паноҳгоҳ меҷустанд. Ҳазорон нафар шаҳрвандон қурбони ин ҷанги хонумонсӯз гардиданд. Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз барои миллату давлат фарзанди сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба зимма гирифт. Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон Пешвои миллат ба халқамон муроҷиат намуданд, ки мо танҳо дар муттаҳидӣ метавонем ин миллату давлати ба нестӣ рафтаистодаро дубора барқарор намоем. Барои бартараф намудани ин ҳама мушкилот ва сарҷамъ кардани мардум дар доираи супоришҳои ҳукумати навтаъсис роҳбарияти ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радио Бобоҷон Икромов таҳияи барномаи «Хоки Ватан»-ро дар радиои Тоҷикистон роҳандозӣ намуд. Аввалин нашри барномаи мазкур 25-уми марти соли 1993 тавассути радиои Тоҷикистон соати 7-15 дақиқа ва такроран соати 13-15 дақиқа бо садои дилнишину таъсирбахши ровии шинохтаи кишвар устод Абдурашид Хӯҷамқулов бо шеъри муассир:
Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.
пахш гардид. Тавассути ин барнома суханрониву муроҷиатҳои Сарвари давлат ба сокинон пешниҳод мегардид. Дар яке аз суханрониҳои худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буданд, ки: «Бародарону хоҳарони дур аз Ватан, ба Ватан баргардед. Мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, аммо як бурда ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон ва хешовандону наздиконатон интизор аст».
Ин сухани пур аз эҳсоси ватандӯстӣ дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсоз ба рӯҳу равони ҳар ҳамдиёри дур аз Ватан бетаъсир намонд. Баъд аз ин суханронӣ ва таҳияи силсилабарномаи «Хоки Ватан» гурӯҳ-гурӯҳ шаҳрвандон аз хориҷа, хусусан аз хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Покистон, Ӯзбекистону Эрон ва Россия бармегаштанд.
Сипас, ҳамарӯза дар вақти муайяншуда бо мусоидати журналистони дигар идораҳои радиои Тоҷикистон барномаи мазкур дастҷамъона омодаву пахш мешуд. Азбаски барномаи «Хоки Ватан» бархӯрди замон буду ба дили мардум наздик, дар муддати кӯтоҳ байни ҷомеа маҳбубият пайдо намуд. Аз ин ҷиҳат, ҳамарӯза ба унвонии барнома сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳатто аз давлатҳои хориҷа мактубу нома ворид гардида, зангҳои телефонӣ низ қабул мегардид. Дар ин ҳама навиштаву гуфтаҳо азобу машаққат, дурӣ ва беному нишон гардидани пайвандон ва баъазан ҳолат ба дидори ҳам расидани мардум инъикос меёфтанд. Баъд аз нашри чанд шумораи барномаи «Хоки Ватан» масъулони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосае омаданд, ки журналистону таҳиягарон ба ҷойи ҳодиса рафта, бо сокинони ҷангзадаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа (имрўза Бохтар) ва дигар гӯшаҳои мамлакат сафар намуда, суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар ин замина гузоришу лавҳа ва очерку қиссаҳои публитсистӣ таҳия менамуданд.
Бояд қайд намуд, ки хисороти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бештар ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа (ҳоло минтақаи Бохтар), шаҳри Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон расида буд ва аксарияти сокинони ин шаҳру ноҳияҳо тарки манзили хеш карда буданд. Сафар намудан ба ин шаҳру ноҳияҳо хатар дошт, чунки дар дасти бисёр сокинон яроқҳои ғайриқонунӣ мавҷуд буд ва онҳо метавонистанд, ки дар ҳар маврид ба ин ё он шахс зарар расонида, ҳатто аз ҳаёт маҳрум намоянд. Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос ва мушкил дар баробари даҳҳо журналистони ҷасуру воқеънигор Тоҳир Розиқов низ бо дарки баланди ватандӯстӣ ба гӯшаву канори вилоят сафар намудаву аз вазъи бавуҷудомада мавод таҳия менамуд. Азбаски ин журналист тарз ва усулҳои ҷамъоварии иттилоотро хуб медонист, бо ҳар кадом силоҳбадасту оилаи ҷафодида мусоҳибаҳо ташкил намуда, дар асоси он мавод таҳия менамуд. Баъзе маврид гузаронидани чунин суҳбатҳо, аз ҷумла бо силоҳбадастони ғайриқонунӣ хатарӣ рӯ ба рӯ шудан бо маргро дошт.
Борҳо аз ин журналисти собиқадор шунидаам, ки дар таҳияи барномаи «Хоки Ватан» ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гаштааст. Пойи пиёда, ба деҳаҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳо сафар намудаву аз рӯзгори оилаҳои ҷангзадаи ҳамдиёрон силсиламусоҳибаҳо омодаву тавассути барномаҳои радиои Тоҷикистон пахш намудааст. Аз бойгонии ӯ чанд фиттаеро дарёфт намудам, ки бозгӯи вазъи мушкили рӯзгори мардуми ҳамон шабу рӯзанд.
-Ҳар рӯзи ман як рӯзи ғаму дард буд. Вақте медидам, ки падару модаре умраш ба ҷое расидаасту аз фироқи дурии фарзанд азоб дорад. Гуларўсе ҳамагӣ чанд моҳ қабл оиладор шудаву дар ёди маҳбубааш ҳаст. Ва ё кӯдаку наврасе, ки аз волидони худ бо амри қисмат ҷудо гаштаву дар кӯчаи зиндагӣ ҳайрону зор аст. Дидани ин манзараҳо маъюсу дилозурдаам менамуд. Дар ҳамин лаҳзаҳо ҳамеша шеъри шоири саршиноси миллат Назри Яздонро зери лаб зам-зама менамудам:
Эй Худо пайванд кун бишкастаро,
Ҷамъ кун, ҷамъи парешонгаштаро.
Ҷамъи хурди Тоҷикистони маро,
Аз парешонӣ нигаҳ дор, эй Худо.
Дар ҳамин лаҳзаҳои мушкил бо чунин ҳамдиёрони зиндагии талхдошта суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, дилбардориашон менамудам то онҳо умед ба зиндагӣ дошта бошанд,- ќисса мекунад Тоҳир Розиқов.
Дар барнома андешаҳои чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву ҷамъиятӣ, илмию фарҳангӣ ва вакилони мардумӣ, аз ҷумла Имрон Шарипов, Мӯсо Диноршоев, Лоиқ Шералӣ, Фатҳулло Шарифзода, Талбак Садриддинов, Аҳлиддин Афғонов, Раҳматулло Абдуллоев, Аюбҷон Ҳусейнов, Минтура Буттаев, Хушбахт Эшбеков, Сангак Бекназаров, Эшбурӣ Эсанқулов, Саидамир Розиқов, Ҷурабек Назриев, Абдулло Назриев, Зафар Нозимов, Саидмурод Ҳотамов, Тағоймурод Хушбахтов ва даҳҳо нафари дигар истифода мешуд, ки барои муттаҳидии миллат мусоидат менамуданд. Бо ин афрод бевосита Тоҳир Розиқов мусоҳибаҳо гузаронида, андешаҳояшонро тавассути барномаҳои радиои Тоҷикистон, хоса барномаи «Хоки Ватан» пахш намудааст.
Ҳарчанд аз таҳияи барномаи «Хоки Ватан» дар радиои Тоҷикистон беш аз 25 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он ҳанӯз дар зеҳни мардуми кишвар, хоса онҳое, ки заҳри ҷанги шаҳрвандӣ ва ғурбатро чашидаанд, боқӣ мондааст. Дар воқеъ, нақши барномаи «Хоки Ватан» дар муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллати парешонгардидаи тоҷик ва расидан ба ормонҳои миллӣ саҳми муносиб гузоштааст.
Сангимурод Шарипов, номзади илмҳои филологӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР