Бойгонӣ

МО ПЕШВОИ ВОҚЕИИ ХУДРО ДАРЁФТАЕМ


Ғалабаи бешубҳаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъид намуд, ки мардум шахсияти ин абармардро ба ҳайси Пешвои воқеӣ дарёфта ва қабул намудааст. Баъди эъломи натоиҷи интихобот ва баъдан маросими ботантанаи савгандёкунии Президенти кишвар мардум бо ҳар роҳу восита ин нишоту шодмониашро иброзу баён доштанд. «Сафо» аз он миён чандеро гулчин намуд.


Саидзода ОТАХОН, роҳбари театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии

ба номи А. Муҳаммадҷонов

Дар ин интихобот пирузии сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарафманди тоҷик, алалхусус барои мо, аҳли ҳунар хушбахтии беинтиҳое буд. Зеро хизматҳои Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз, эҳё ва аз нав зинда кардани фарҳанги қадимаву пурғановати миллати тамаддунофар бар аъло назаррас аст.

Мо фарҳангчиёни вилоят ҳамеша аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нигоҳи хирадмандонаи эшон нисбати рушди санъати театрӣ шодем. Ва бояд қайд намоем, ки бунёди бинои нави театри вилоятӣ аз ҷониби Пешвои миллат барои мо ҳунармандон, туҳфаи беназир аст. Миллати тоҷик аз чунин фарзанди баруманди модари тоҷик ифтихор менамояд. Ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат баҳри ҷавонон дар мақомҳои роҳбарикунанда моро водор месозад, ки сидқан самимона ба ин боварӣ сазовор бошем ва дар рушду нумӯи Ватани ҷоноҷонамон саҳми арзанда дошта бошем.

Муборак бод пирўзӣ ҳамватанони азиз!

Шараф ба Пешвои ваҳдатофари миллати тоҷик!


                 Ғайбулло ЗАРИФОВ, директори МТМУ №4-и ш.Бохтар

Ҳар як миллату халқияти рӯи замин нобиғаю қаҳрамонҳои таърихии худро соҳибанд. Рӯзҳои талхе, ки ба сари халқи Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта омад, ягон нафар фарди ватандӯсту меҳанпарастро бетараф карда наметавонист.Ҳама мехост, ки боз фазои Тоҷикистон софу бегазанд бошад. Бо амри тақдир ва бахти баланди тоҷику таҷикистонӣ ба сари давлату ҳукумати дар ҳамон замон фалаҷгашта сиёсатмадори нотакрор, соҳибватану миллатдӯст, роҳнамои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро рӯи саҳнаи сиёсат овард.

Натиҷаи дӯстдорӣ ва содиқ будани мардуми кишвар ба ин абармарди замон буд, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор шуд, бо гирифтани зиёда аз 90 дарсади раъйи овози интихобкунандагон ноил гаштанд ва боз дар ҳафт соли минбаъда ба ин мансаби олӣ пешбарӣ шуданд.

Миллатеро, ки бувад пайваста номаш бо хирад,

Дар паноҳи худ нигаҳ дорад, Худованди хирад.


Вафо АШӮРОВ, подполковники Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

Таърихи се даҳсолаи охири Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки мо-мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чи дастовардҳо ноил гардидем. Дар солҳои барои кишвари мо сарнавиштсози асри гузашта бори гарони масъулияти сиёсӣ ва таърихии барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллиро дар кишвар Ҷаноби Олӣ ба душ гирифтанд ва бо бозсозии амиқи сохторҳои давлатӣ, такмили вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сӯи осоишу ободӣ ҳидоят карданд.

Сарфи назар аз мушкилоти авзои иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар дар он солҳо, Сарвари давлат ба таъмини амнияти шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, дар кори таъсис ва ташаккули мақомоти мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд. Маҳз дар даврони сарварии Пешвои миллат заминаи моддию техникии мақомоти зикргардида мустаҳкам карда шуда, барои кормандон бошад шароити беҳтар фароҳам оварда шуд.

Хушбахтона, имрӯз тамоми ҷузъу томҳо ва сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ мукаммал гардида, ба ниҳодҳои пурқувват табдил ёфтанд.


Худойбердиев Ҳаким- директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон

Пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот пирӯзии мардуми Тоҷикистон ва ақли солим аст. Ба гуфтаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун

Дӯстонро шод гардон душманонро кӯр кун

Дар ҳақиқат пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони мардуми мо чун офтоб гармию рӯшноӣ овард. Бори дигар халқи тоҷик ба ҷаҳониён нишон доданд, ки тоҷикон дорои хиради азалии худ ва тамаддуни бойи фарҳанги воло мебошанд. Ва имрӯз мардуми мо роҳбареро интихоб намудааст, ки халқро дар шоҳроҳи зиндагӣ бо роҳи дурусту аниқ ба суйи қуллаҳои музаффариятҳои боз ҳам баландтару хубтар равона намуда истодааст. Барҳақ мегӯянд, ки офтобро ба доман пӯшонида намешавад. Ва хизматҳои Пешвои миллат чун гармию рӯшноии офтоб бебаҳост. Ба гуфтаи Камоли Хуҷандӣ;

Касе к-аз талъати хуршед ҷуз гармӣ намебинад,

Дило маъзур медораш, ки дорад чашми нобино

Пешвои муаззами миллат аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо забони модарӣ сухан гуфтанаш ба ҳар як сокини мамлакат ифтихору шарафмандист. Дар васфи ӯ сурудаанд;

Варо дар анҷуманҳо дидам ақли расо дорад,

Қади боло, сари шоҳона, чашми пурзиё дорад.

Ҷамолаш партави нуру ҷамоли кибриё дорад,

Сухан гӯяд чун марҳам дарди дилҳоро даво дорад.

Фақат бахти баланди халқи худро мутакко дорад,

Худодод аст ӯ дар чеҳрааш нури Худо дорад.

Пирӯзии Пешвои миллат ба кормандони соҳаи тандурустӣ қуввату тавоноӣ ва нерумандӣ бахшид. Чунки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат заминаи моддию техникии сохторҳои гуногунҷабҳаи вилоят мустаҳкам гардида, садҳо муассисаҳои тандурустии ҳозиразамон сохта шуда, таъмиру тармими биноҳои тандурустӣ идома дорад. Сохторҳои тандурустӣ бо таҷҳизотҳои нави ҳозиразамон таъмин гардиданд, ки ба баланд гаштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ мусоидат намуд.

Ба истифода додани донишгоҳу, коллеҷҳои тиббӣ барои таъмини сохторҳои тандурустӣ бо кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи ҳозира хубтару беҳтар гардид.


Ҷонона ҲАЙДАРЗОДА, директори Боғи фарҳангӣ ва истироҳатии ба номи Р. Мурчаеви шаҳри Бохтар

Ҳар як миллатро бо таърих, фарҳанг ва тамаддуми қадимааш оламиён мешиносанд. Беҳуда нест, ки фарҳангро асоси шинохти миллату давлат меноманд.

Дар баробари рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони роҳбариашон дар ғановати фарҳанги миллӣ хизматҳои шоёну беназир кардаанд.

Сарвари давлат ҳамчун роҳбари хирадманди тоҷикон бо кашфи тамаддуни бузурги миллат, эҳёи фарҳангу ҳунарҳои қадимаи миллӣ ва бунёди китобхонаҳову осорхонаҳо, ҳифзи мероси ғайримоддии ниёгон чанде аз намунаҳои санъати ҳазорсолаи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд.

Қомат афрохтани китобхонаи боҳашамат бо фарогирии миллионҳо нусха адабиёти миллӣ, ҷаҳонӣ, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, бунёду азнавсозӣ гардидани даҳҳо адад биноҳои театр ва қасрҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳии кишвар, бозсозӣ шудани мавзеъҳои таърихию кишваршиносӣ, аз навсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, дар ҳамаи минтақаҳо парафшон гардидани парчами миллӣ ва гузошта шудани сутунпояи Нишони давлатӣ худ гувоҳи возеҳи хештаншиносии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳеҷ нафар талошҳои фидокоронаю натиҷабахши сарвари муаззами миллатро инкор карда наметавонад. Зеро ин ҳама шукӯҳу ҷалол ва зиндагии тинҷу ободи мардуми Тоҷикистон бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.


Баҳрулло Файзализода, олими ҷавон

Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наслҳои ояндаи мо достони ибратомӯзеро мемонад ва роҳнамои насли имрӯзу ояндаи кишвар ба сӯи хештаншиносӣ аст. Пешвои миллати мо аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд дар зинаҳои роҳбарикунанда ва эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” аз дастовардҳои беназирест, ки ба хотири ояндаи дурахшони ҷавони кишвар рӯи кор омадаанд.


              Мавлуда РАҶАБЗОДА, директори Ансамбли “Хутал”

Мо насли калонсол сарфароз, аз он ҳастем, ки дар рӯзҳои мушкилтарин ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ зимоми давлатдорӣ дар Тоҷикистонро маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд. Зеро вақте ки он кас дар минбарҳо баромад мекарданд, умеди мо-модарон ба фардои осоишта бештар мешуд. Дар воқеъ, Пешвои муаззамамон интизориамонро аз он ки мо орзу мекардем бештар ҳадя намуданд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар давлатамон рушду пешрафт кард ва мардуми Тоҷикистон ба мақсуд расиданд. Дар баробари тинҷию амонӣ, дар мамлакат серию пурӣ шуд. Ба чор тарафи дунё роҳи дурахшон боз гардид. Ҳазорон иншооти ҳаётан муҳим, ки аксарашон аҳамияти иҷтимоӣ доранд ба истифода дода шуд. Шаҳру навоҳӣ ва деҳкадаҳо низ марҳила ба марҳила ободу зебо гашта истодаанд. Гуфтан мумкин аст, ки бо роҳбарии Президенти мардумиамон мо-фарзандони ин диёр ба дастоварду муваффақиятҳои беназири таъриҳӣ ноил шудем. Имрӯз Тоҷикистон мешукуфад, гул мекунад ва сӯи пешрафти замон устуворона ҳаракат мекунад, ки ин ҳама аз хизматҳои марди майдон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.


Офоқ, шоира, корманди РВКД дар вилояти Хатлон


ҶОНИ МИЛЛАТ

Ифтихору нусрату армони миллат, Пешво

Раҳнамову раҳбару раҳдони миллат, Пешво.

Дил ба дил пайванду бар сад дард марҳам гаштааст,

Бо мурувват, бо шарофат, ҷони миллат, Пешво.


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019