Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бемории сил табобатшаванда аст
Татбиқи нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб қонеъкунанда арзёбӣ мегардад. Бинобар омори расмӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 шумораи гирифторони бемории сил дар минтақа 202 нафар, аз ҷумла беморони бори аввал муроҷиатнамуда 190 нафар коҳиш ёфтааст. Аз шумораи умумии беморони сил 21 нафар бо ташхиси ВНМО/СИЛ ба қайд гирифта шудаанд.
Дарёфти бемориҳои хуруҷи сил дар соли 2020 нисбат ба як соли пеш 12 нафар ё худ 6,7 дар сад коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо ба далели зиёд будани нишондоди беморони такрорӣ ба қайд гирифташуда, ваъзи эпидемиологии бемории сил дар минтақа мураккаб боќӣ мемонад. Тибқи меъёрҳои баҳогузорӣ нишондоди беморони такрорӣ бояд аз 5 фоиз зиёд набошад, вале дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ин нишондод 14,5 фоизро ташкил мекунад.
Бинобар иттилои Тоҳир Туманов, директори Маркази вилоятии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сили №2-и шаҳри Кӯлоб, нишондоди беморони такрорӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин 25 дарсад, Восеъ 14,0 дарсад, Фархор 11,0 фоиз, ва ноҳияи Кӯлоб 20,4 фоиз, шаҳри Кӯлоб 16,5 фоиз, ноҳияи Муъминобод 20,5 фоизро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо бозгӯи онанд, ки дар ноҳияҳои мазкур дар давраи табобати кумакрасон хуб назорат бурда нашудааст, ки ин ҳолатҳо боиси ба шакли мутобиқгаштаи сил гирифтор шудани беморон мегардад.
Ҳамчунин дар ин давра 162 нафар кам шудани омори дарёфти сили шушҳо ва коҳиш ёфтани нишондоди дарёфти сили шушҳо бо хориҷкунии микробактерияи сил дар соли 2020 аз он шаҳодат медиҳад, ки дар соли сипаригардида ҳамкориҳо миёни муассисаҳои КАТС ва Марказҳои зидди сил беҳтар ба роҳ монда шудааст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар соли 2020 шумораи гирифторон миёни солмандон дар қиёс ба наврасону ҷавонон зиёд буда, 66 фоизи беморонро калонсолон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии гирифторони бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 56 фоизро мардҳо ташкил медиҳанд.
- Яке аз ҳадафҳои асосии барномаҳои марбут ба пешгирӣ аз бемории сил ин табобати пурраи беморони хориҷкунандаи микробактерияи сил то 85 дарсад мебошад, ки табибони ихтисосманд дар ин самт кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Шумораи фавтидагон аз бемории сил дар соли гузашта 34 нафарро ташкил мекунад, ки ин нишондод ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 2,6 нафарро ташкил медиҳад. Дар баробари коҳиш ёфтани омори фавти беморони сил дар ин давра маргу мири кӯдакон аз асари бемории сил ба қайд гирифта нашудааст, -мегӯяд Тоҳир Туманов.
Тибқи хулосаи мутахассисон бемории сил ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ вобастагӣ дошта, он аслан дар мавсими баҳору тирамоҳ зиёд мешавад ва хуруҷу авҷгирии ин касалӣ дар фаслҳои зимистон ва тобистон коҳиш меёбад. Барои пешгирии саривақтӣ ва ба табобат фаро гирифтани гирифторони бемории сил айни замон дар Беморхонаи вилоятии сил дар шаҳри Кӯлоб 170 кат, дар беморхонаи байниноҳиявӣ дар ноҳияи Восеъ барои 60 кат, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳудуди 20-30 кат ва дар ноҳияи Фархор низ ҳамин миқдор ҷойи хоб фароҳам оварда шудааст.
– Соли гузашта дар давраи хуруҷи бемории коронавирус ҳаҷми кори мутахассисони силшинос бамаротиб бештар гардида буд,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Тоҳир Туманов. Зеро дар он шабу рӯзи хуруҷи ин бемории ҳамагир табибони сироятшинос сабтҳои рентгении беморонро барои баровардани хулосаи ниҳоӣ назди табибони силшинос меоварданд. Яъне, танҳо баъди хулосаи силшиносон оид ба ҳолати солимии шуши бемор мутахассисони сироятшинос метавонистанд, ки вобаста ба вазъи саломатии беморон хулосаи ниҳоӣ диҳанд,- иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Т. Туманов.
Ба гуфтаи Тоҳир Туманов дар баробари пешрафту дастовардҳо дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории сил ва дигар бемориҳои сироятӣ айни замон танҳо дар беморхонаи вилоятии бемориҳои сил дар шаҳри Кӯлоб 5 басти кории барои табибони силшинос то кунун холӣ аст. Аз ин лиҳоз, дар кадом мавриде, ки мутахассисони силшинос барои дарёфти кор ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон муроҷиат намоянд, ҳатман ба ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Тибқи таҳлилҳои оморӣ айни замон 50 дар сади табибони силшиноси муассисаҳои тиббии вилоятро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд, ки ин аз таваҷҷуҳи насли ҷавон ҷиҳати интихоби ин ихтисоси барои муассисаҳои тиббии вилоят зарур гувоҳӣ медиҳад.
С. ХАЛИЛИЁН, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД



