ТОҶИКИСТОНАМ
Дилам шайдои гулҳои базебат, Тоҷикистонам,
Ба ширинӣ мисоли қанд себат, Тоҷикистонам.
Ба парвозанд мурғоничаманҳодарҳавоиту,
Суруди дил бихонда нағмасозанд аз барои ту.
Диёрам, як фазои дилкушоӣ, ҷилва мебояд,
Дили касро ба дидан мерабоӣ, ишва мебояд.
Ватан, ҳар зарраи хокат биҳишти ҷовидон бошад,
Суруди Зеварӣ дар васфи ҳуснат армуғон бошад.
КИТОБ
Китоб ин шуълаинури саодатҳост,
Вафодору қаринуёрибеҳамтост.
Калиди раҳкушои рози ҳарфи сафҳааш дарёб,
Китоб аз ишқ саршор асту ганҷу гавҳари волост.
Ҳикоятҳои беовои ӯ бисёр ширин аст,
Гуворо ҳасту рангин аст.
Ба дарки зиндагонӣ раҳнамо ҳар дам,
Китоб оинаи фарҳангу ойин аст.
Чу тарбиятгари беминнати имрӯзуфардо аст,
Рафиқи ҳамдаму омӯзгори сахт доно аст.
Фақатбошавқбоядхондҳарфашро,
Ки он толиб ба истеъдоду дарку зеҳни воло аст.
АРТИШИ ВАТАН
Садои Артиши Ватан
Суруди шодмонӣ аст.
Барори кори мо зи он
Нишони некномӣ аст.
Муборак Артиш, эй Ватан!
Муборак ин мароми мо!
Ба зери Парчами Ватан,
Кашида саф ба ҷону тан,
Барои ту, аё Ватан,
Ба хизматем мову ман!
Муборак Артиш,эй Ватан!
Муборак ин мароми мо!ЗЕВАРШОҲ ҒОЗИЕВ (ЗЕВАРӢ)
шеъҳо аз китоби Гули оташ