Бойгонӣ
09 окт 12:20АСОСӢ / Чеҳра

КАМОЛИ ОДАМӢ ДАР ИЛМ БОШАД

Кору пайкор ва рафтору кирдори шахсони пурталошу заҳматкаш, ки бо хизмати арзандаашон ба халқу Ватан ном баровардаанду муваффақ гаштаанд, ҳамеша намунаи ибрати дигарон буданду ҳастанд.     

Фарҳод Тоиров, ҳуқуқшиноси ботаҷрибаю кордон аз шаҳри Бохтар, ки узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз ҷумлаи чунин шахсони соҳибэтиром аст. Ӯ имрӯз ба фаъолияти адвокатӣ машғул буда, ҳамчунин мушовири Маркази таълимӣ-репититории «the Best» - и шаҳри Бохтарро ба уҳда дорад. 

Фарҳод Тоиров дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди адвокати соҳибтаҷриба Раштӣ Салохович ва собиқ муҳосиби якчанд ташкилоти бонкӣ Ҳамрохон Урунбаевна мебошад. Маҳз таълиму тарбияи дурусти волидайнаш буд, ки Фарҳод дар роҳи илму маданият ба камол расид. Вай соли 2009 Донишкадаи давлатии иќтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кард. Фаъолияти касбиашро аз замони донишҷӯӣ оғоз намуда, аввал ба ҳайси котиби суд, сипас ёрдамчии судяи Суди ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакии шаҳри Душанбе шуда кор кард. Дар ин давра вай таҷрибаи зиёд омӯхт. Бар замми он шабу рӯз дониши худро такмил дод. Ва ҳамин тавр ӯ соли 2013 ба узвияти Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. 

Аз моҳи июли 2015 то октябри соли 2018 Фарҳод Тоиров ба ҳайси роҳбари Депортаменти муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорзанон дар Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон фаъолият намуда, дар татбиқи амалии лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) саҳми муносиб гузошт.  

Дар тӯли фаъолияташ Фарҳод Тоиров ба садҳо нафар занону духтарон оид ба оғоз ва рушди соҳибкорӣ, бақайдгирии давлатии фаъолияти тиҷоратӣ, тартиби андозсупорӣ ва дигар масоили тиҷоратӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ҳамчунин дар баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон аввалин сайёҳатҳои омӯзиширо дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил ва ба роҳ монд. Ӯ дар ин росто муаллифи якчанд дастурамал оид ба ташкил ва равнақи фаъолияти соҳибкории хурду миёна гардида, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумаки амалии худро ба соҳибкорон расонид.  

- Ҷавонон ва занон иқтидори зеҳнӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ доранд. Агар онҳо роҳҳои ташкили фаъолияти соҳибкориро аз худ кунанд, дар баробари беҳтар намудани вазъи иқтисодии оилаашон, ҳамчунин  метавонанд ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, имконияти иқтисодии дигаронро низ васеъ намоянд- мегӯяд, Ф.Тоиров.

Фарҳод Тоиров ҳамчун ҳуқуқшинос пайваста барои мустаҳкам намудани дониш ва малакаи касбияш бозомўзӣ менамояду дар курсҳои такмили ихтисоси дохил ва хориҷи кишвар фаъолона иштирок намуда, таљрибаи худро ба дигарон низ меомӯзонад. Зеро ба гуфти ӯ раванди босуръати илму техника ҳар як фарди худогоҳро водор менамояд, ки аз навгониҳои соҳаи худ бохабар бошад ва бо истифода аз усулҳои муосир рисолати касбии хешро иҷро намояд. 

Фарҳод, ки қобилияти хуби роҳбарию идоракунӣ дорад, соли 2018 ғолиби Барномаи «Ҷаҳони Боз»-и Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон гардида,   аз рӯи номинатсияи «Нақши ҷавонон дар ҷомеа» барои табодули таҷриба ва афкор ба Амрико рафт. Баъд аз бозгашт ӯ аввалин лоиҳаи худро бо номи «Соҳибкории ҷавонон воситаи рушди иқтисодиёти минтақа» таҳия намуда, онро бомуваффақият амалӣ намуд. 

Фарҳод воқеан, ҷавони дастбакор аст. Вай мутолиаро дӯст медорад. Бо аҳли илму адаб ҳамеша дар иртибот аст. Ӯ мегӯяд, ки аз ашъори шоирону нависандагон ба худ панд мегирад ва дигаронро низ ба он талқин менамояд. Ин ҷавони покандеш як байти мутафаккири барҷастаи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёниро дар зиндагии худ шиор дониста, аз рӯи он амал мекунад.


Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,

Камоли одамӣ дар илм бошад.


- Дар ҳақиқат ҳусни инсон дар ахлоқи ӯст ва камолаш дар илм аст, -таъкид мекунад Фарҳод.

- Ҳамеша бояд китоб хонд ва аз андарзи бузургон баҳра бардошт. Зеро илму маърифати башарӣ инсонро ба мурод мерасонад. Китоб роҳи дурустро нишон медиҳад ва одамонро аз гумроҳї нигоҳ медорад, - идома дод ӯ.

Ҳоло Фарҳод Тоиров дафтари адвокатии худро дорад. Ӯ асосан бо парвандаҳои шаҳрвандӣ ва оилавӣ сару кор мегирад. Ба шаҳрвандон машварати ҳуқуқӣ дода, манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя менамояд. Дар фаъолияти кориаш истифодаи бовиҷдононаи қонунро ба роҳ монда, аксаран кӯшиш менамояд, ки баҳсҳо тариқи созиши оштӣ то суд ҳал шаванд.     

Чунин ба назар мерасад, ки Фарҳод Раштиевич мизоҷони хеле зиёд дорад. Сабаби инро худи ӯ ба мусоидати фаъолаш дар ҳалли баҳсҳои ҷонибҳо ва пос доштани сирри муроҷиаткунандагон рабт медиҳад. Ӯ зимни суҳбат таъкид кард, ки аз ҳам ҷудокунии оилаҳо роҳи ҳалли масъала нест. Аз ёрии ҳуқуқӣ расонидан ҳам, барқароркунии муносибатҳои тарафайн мушкилтар аст. Фарҳод аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мисол оварда мегӯяд, ки  гуфтушуниди пеш аз судӣ вақт ва нақди корафтодаро сарфа мекунад.

Ҳамчунин гуфтан ба маврид аст, ки Фарҳод Тоиров аз ҷумлаи камтарин ҳуқуқшиносони вилояти Хатлон аст, ки бо ибтикори худ дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ бо шаҳрвандон дар иртибот шуда, ба саволу дархостҳои онҳо посух мегўяд. Ғайр аз ин ӯ тариқи телевизиони маҳаллї ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо саҳм мегузорад. 


Амонҷон МАХКАМОВ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019