Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“Занбурӯғ” 3 нафар узви як оиларо ба ҳалокат расонд

27-уми марти соли ҷорӣ 11 нафар узви як оила аз деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён пас аз истеъмоли шакароби дар банка маҳкамкардашуда заҳролуд гашта, се нафари онҳо вафот карданд.
Тавре зимни суҳбат сардухтури беморхонаи Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи болозикр Идибек Боймуродзода иброз кард, шаби 27-уми март 11 нафар оилаи Солиевҳо бо дарди шадид ба беморхона оварда шуданд. Пас аз ёрии аввал расонидан онҳо фавран ба беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов интиқол дода шуданд. Як кӯдаки се солаи ин оила рӯзи якуми апрел ва як зану як кӯдаки дигари ин оила рӯзи дуюми апрел аз дунё гузаштанд.
Ташхиси тиббӣ маълум кард, ки ҳамаи онҳо пас аз истеъмоли занбурӯғи сафед (бледная поганка), ки дар банка маҳкам карда шуда буд, заҳролуд шудаанд.
Идибек Боймуродзода ҳамчунин иттилоъ, дод, ки вазъи саломатии боқимондаи узви ин оила вазнин мебошад ва табибон барои сиҳатшавии онҳо тамоми кори аз дасташон меомадаро иҷро карда истодаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


