Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Кишти пумбадона вусъат меёбад
Дар ноҳияи Вахш дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзӣ бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда кӯшиш карда истодаанд, ки дар муҳлатҳои беҳтарини кишти пумбадона ин маъракаи муҳимро анҷом бахшанд. Бо ин мақсад 50 адад тухмипошакҳо ва таҷҳизоту олотҳои кишоварзӣ дар хизмати кишоварзон қарор доранд.
-Бе тухмии хушсифат, техникаи кишоварзӣ, тавсияи мутахассисону олимон, риояи меъёрҳои кишти пумбадона, фосилаи кишт мо ба ҳадафи комил расида наметавонем,- зикр намуд муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш Қаюм Олимов.
Хоҷагии тухмипарварӣ – зотпарварии «Кӯлоб» - и ноҳияи Вахш яке аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия маҳсуб ёфта, дорои 1 ҳазору 350 гектар замини умумӣ буда, аз панҷ шуъба ва 22 бригадаи пахтакорӣ иборат аст. Соли равон кишоварзон азм доранд, ки дар майдони 1 ҳазору 150 гектар кишти пахтаи миёнанахи «тобонӣ» ва маҳинахи 93 – 26 – в –ро то 15 – уми апрел хушсифат анҷом бахшанд.
Дар хоҷагии тухмипарварӣ–зотпарварии ноҳияи Вахш техника дар хати омодабош қарор дошта, меъёрҳои кишти пумбадона қатъӣ риоя мегардад, кишоварзон ва механизаторон қадршиносӣ мешаванд.
Аз тухмиҳои хушсифати навъҳои «тобонӣ» ва 93 – 26 – в- навъи пурқиммати пахтаи маҳиннах самаранок истифода бурда мешавад. Хољҷагидорон азми комил доранд, ки дар майдони 300 гектар кишти пахтаи пурқиммати маҳиннах гузаронида, дигар ноҳияҳоро низ бо ин навъҳои пумбадонаи хушсифат таъмин намоянд. То имрӯз аз ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Қубодиён, Кӯшониён, Вахш ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд аз хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» беҳтарин навъҳои зикргардидаи тухмиҳои хушсифати пумбадонаро харидорӣ намуданд.
Таҷрибаи деҳқонони асили хоҷагии тухмипарварӣ – зотпарварии ноҳияи Вахш дар вилояти Хатлон ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадам эътироф шудааст. Аз ҳисоби даромади хуби иқтисодӣ хоҷагидорон дар доираи истиқболи арзанда аз 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкорӣ ва тозакориҳои зиёдеро анҷом бахшида, бо таъмиру азнавсозии иншооти таъиноти гуногун, мумфаршкунии роҳҳо, чароғонкунӣ натанҳо ноҳияи Вахш, балки вилоятро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифгар мебошанд.
Ш.Саидов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


