Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АТТОРИ СУХАН
Барои рӯзноманигори ҳирфаӣ шудан дар баробари таҷрибаву дониши мукаммал инсон бояд салиқаи эҷодӣ дошта бошад. То ба вожаву андешаҳои созандаву таконбахш ба қалбҳои хонандагон роҳ ёфта, ҳам ба инсон неруи тозаву андешаи созанда бахшида тавонад. Хоса, қалам ҳикматҳои дигар ҳам дорад, ки шарҳу тавзеҳи он мавзӯи алоҳида аст. Дарвоқеъ, ба нафаре суҳбат оростану аз ҳаёту рӯзгори қаҳрамони рӯз ё арсаи корзоре матлаби хонданиеро пешкаши хонандагон намудан, аз рӯзноманигор маҳорати баланди касбиро талаб мекунад. Баъзан, қаламкашро соатҳо, ҳатто рӯзҳо мебояд то барои инъикоси фикру андешаи худ ҷумлаи муносиб пайдо намояд. Дар баробари ин эҷоди матлаби орӣ аз калимаву гуфторҳои обшуста заҳмати зиёди эҷодӣ металабад, то саҳифаи рӯзнома ё маҷаллаи даврӣ диққатҷалбкунанда ва ҳам ҳадафрас бошад.
Саттор Қарахонов аз зумраи он рӯзноманигорони собиқадори вилояти Хатлон аст, ки матлабу гузоришҳои омоданамудааш аз якдигар ҷолибтару мавриди таваҷҷуҳи хонандагон аст. Мавсуф дар баробари собиқаи тӯлонии фаъолият дар нашрияҳои гуногуни даврии кишвар ҳамчунин яке аз нахустин кормандони маҷаллаи «Сафо» ба шумор меравад, ки ҳамроҳи шодравон Абдувалӣ Абдувоҳидов, ки сармуҳарририи вақти «Сафо»-ро бар дӯш дошт, дар омода ва нашри нахустин шумораҳои ин маҷалла саҳми арзандаи худро гузоштааст.
- Соли 2011 буд. Дар рӯзҳое, ки мардуми Тоҷикистон ба ҷашни 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ медиданд, бо ташаббуси як гурӯҳ зиёиён ва дастгирии собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов дар вилояти Хатлон нахустин маҷаллаи вилоятӣ бо номи «Сафо» таъсис дода шуд,- ба хотир меорад он рӯзҳоро Саттор Қарахонов. - Банда бо шодравон Абдувалӣ Абдувоҳидов мақсад гузоштем нашри аввали шумораи маҷаллаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабиро ҳамчун армуғон ба ҷашн дастраси хонандагон гардонем. Ҳарчанд он солҳо ҳам пешравиҳо зиёд буданду дастовардҳо афзун, вале мо дафтари корӣ надоштем ва ба ҷуз басти корие, ки ҷудо шуда буд, дигар чизе набуд, ки фаъолиятро оғоз кунем. Ҳамин тавр, бо мушкилоти зиёд шумораи аввали маҷаллаи «Сафо»-ро омодаи чоп намудем. Азбаски дар оғоз маоши ночиз муқаррар гардида буд, аз норасоии маводҳо танқисӣ мекашидем ва матлабҳои дастнависро ба рӯзномаи шаҳрии он вақт «Набзи Қӯрғонтеппа» бурда ҳуруфчинӣ мекардем. Тарроҳ Камол Дадабоев низ вақте барои саҳифабандӣ меомад, интизор мешуд, ки кай компютер холӣ мешавад, то мо иҷозат гирифта, шумораи навбатиро саҳифабандӣ намоем.
Бинобар гуфтаи Саттор Қарахонов, то соҳиби ҳуҷраҳои корӣ шудан аҳли эҷодии маҷаллаи навтаъсиси «Сафо» саҳифаҳои пеш аз чоп омодашударо дар харакҳои боғи фарҳангии ба номи Раҳмон Мӯрчаеви шаҳри Бохтар нишаста, таҳрир мекарданд. Дар оғоз ҳамагӣ 5 басти корӣ таъсис дода шуда буду ин ҳам бошад, ҳам кормандони эҷодӣ ва ҳам техникиро дар бар мегирифт. Кормандон ҳатто музди маошро дар кӯча имзо монда мегирифтанд.
- Бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта нашри аввалини маҷаллаи вилоятии «Сафо»-ро моҳи сентябри соли 2011 дар рӯзҳои ҷашнгирии 20 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 30 саҳифа бо теъдоди 100 нусха дар матбааи «Графика»-и шаҳри Душанбе ба нашр расонида будем, - ёд меорад он рӯзҳоро Саттор Қарахонов.
Рӯзноманигори варзида, ки бештари матлабҳояш бо тахаллуси Аттор рӯи чоп меоянд, умри пурбаракати хешро пайи эҷоду мутолиа ва тарбияи навқаламони ҷавон паси сар намудааст. Бо хоксориву фурӯтанӣ, меҳрубонӣ нисбат ба навқаламон ва дигар хислатҳои наҷибаш миёни рӯзноманигорони вилояти Хатлон иззатманду соҳибэҳтиром аст. Ӯ бо маҳорати возеҳу оммафаҳм навиштани матлабу гузоришҳо ва хусусияти тарбиявӣ доштани маҳсули эҷодаш миёни хонандагон маҳбубияти хоса дорад.
Устод Саттор Қарахонов табиатан инсони дар зиндагӣ хушбину чеҳрахандонест, ки бо зарофатҳои намакинаш маҳфилу чорабиниҳои идонаи дӯстонро ободу дилнишин месозад. Бо гуфтору рафтори неку ташаббусҳои наҷибаш намунаи ибрат барои дӯстону ҳамқаламон аст. Новобаста ба пешрафти технологияи муосир ва таъмин будани нашрияҳо бо компютерҳои ҳозиразамон ҳамоно устод Саттор Қарахонов дар навиштану таҳрири матлабҳо аз коғазу қалам истифода мекунад. Дар тӯли зиёда аз 40 соли фаъолияти рӯзноманигорӣ ҳамдаму ҳамрози Саттор Қарахонов қаламу коғаз буд. Тавре худ иқрор меояд, ӯ ҳолатҳои хастагиро бо ҳазлу шӯхиҳои намакин ва як лаҳзаи суҳбати дилнишин бо ҳамсуҳбати мақбули дилаш бартараф месозад. Баъдан, боз ба олами андешаҳои худ фурӯ рафта, матлаби навбатиеро рӯи сафҳа меоварад. Чаро ки рисолати ӯ дар зиндагӣ рӯзноманигорист.
Мо аҳли эҷоди маҷаллаи «Сафо» ба устоди собитқадам Саттор Қарахонов дар ин ҷодаи пурифтихор муваффақиятҳои беназир таманно дорем.
Ш. МАХФИРАТДобавить комментарий
Ахбор
Н.ХУСРАВ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:23ШАҲРИТУС. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУДААСТ 12:19ҚУБОДИЁН. СОҲИБКОРОН 68 КИЛОМЕТР РОҲРО МУМФАРШ КАРДААНД 10:16ПАНҶ. 189 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 17:12ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:30Ҷ. БАЛХӢ. 4 КОРГОҲУ КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БУНЁД ШУД 12:58ДӮСТӢ. ЗИЁДА АЗ 98 ФОИЗИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД ГАРДИД 10:54ВАХШ. БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НОҲИЯВӢ БУНЁД ШУД 16:44
Серхонандаҳо
ЗИЁДА АЗ 21 ҲАЗОР МЕТР СОҲИЛИ ДАРЁҲО ВА САДДҲОИ ДАР ҲОЛАТИ ХАВФНОК ҚАРОРДОШТА БАРҚАРОР ШУД
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025
Бохтар соҳиби электробусҳои нави барқӣ мешавад
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



