Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Зиндагӣ ба хотири ободии Ватан
Сухани сармуҳаррир
Дуруд хонандагони гиромии маҷаллаи «Сафо»!
Бо умеди рӯзу рӯзгори неку пурсафо ва хушбахтиву саодати мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз ва рушду нумӯи меҳани азизамон роҳ сӯи шумо мегирем. Албатта, аҳли башар дар соли 2020 имтиҳони мушкил хуруҷи бемории ҳамагири COVID -19 – ро паси сар намудем, ки инсониятро ба таҳлука оварда буд. Бо вуҷуди омори нигароникунандаи сироятёбӣ ва маргу мири сокинони дигар кишварҳои олам, ки боиси нигаронии амиқ ва ҳам ноумедии инсонияти рӯи олам гардида буд, аммо тасмимҳои гирифтаи роҳбарияти олии мамлакат боис гардид, ки шиддати ин беморӣ дар Тоҷикистон кам карда шавад.
Тавре ҳамагон дар хотир дорем, маҳз дар он шабу рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша миёни халқ буданду сафарҳои дохилии худро қатъ накарда, бо сокинони шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар вомехӯрданд. Маҳз, ҳамин гуна шеваи нарми муносибат дар шароити пандемия мардуми кишвари моро аз ҳолати ногувори равонӣ раҳо бахшид. Зеро дар ҳар суҳбату вохӯриҳои Роҳбари давлат дар он шабу рӯз, аз ҷумла зимни сафарҳои корӣ ба вилояти Хатлон, мо мардуми заҳматкаш бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои худ хавфу хатар ва ваҳму ҳангомаҳои соли гузаштаро паси сар намудем.
Дар натиҷаи кӯшишу талошҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, зиёд намудани кишти майдони картошка ва захира намудани маҳсулоти ниёзи аввал имкон дод, ки мардуми заҳматқарини вилояти Хатлон дар баробари осон намудани мушкилоти зимистонгузаронӣ инчунин, то ҳадди имкон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас гузошта бошад.
Ҳамзамон, дар соли гузашта роҳандозӣ намудани як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри баланд бардоштани рӯҳияи сокинон ва дарёфти истеъдодҳо дар ҷодаҳои гуногуни илму ҳунар аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки тарсу ҳарос аз сироятёбии бемории коронавирусро аз афкору андешаи ҷомеа дур созад. Ин тадбирҳо ва дигар омилҳои хушоянд имкон дод, ки мардуми сарбаланди кишвари мо, аз ҷумла, меҳнаткашони бузургтарин вилояти кишварамон Хатлон соли 2020-умро бомуваффақияту дастовардҳои бузург ҷамъбаст намуданд.
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ дар соли гузашта дар вилояти Хатлон корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Вумҳурии Тоҷикистон бомаром идома ёфта, дар ин давра, сохтмони садҳо иншооти муҳими хизматрасонӣ ба анҷом расонида шуда, аз ҷумла дар вилояти Хатлон даҳҳо иншооти ҷашнӣ бо иштироки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар радифи дигар барномаву чорабиниҳои муҳим, соли 2020 бо вуқуъ пайвастани муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ, бунёдиву ба истифода додани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва музаффариятҳои варзишгарону дастовардҳои илмии наврасону ҷавононамон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун дар саҳифаҳои таърихии як соли вилояти Хатлон ҳаккокӣ гардидааст.
Дар ин давра, бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат корҳои шоистае анҷом дода шуд. Дар доираи суҳбату вохуриҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳаллу фасл шудани мушкилу масоили гуногуни иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти вилоят дар соли сипаригардида арзёбӣ мегардад. Роҳандозӣ гардидани аксия таҳти унвони «Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем» аз ҷумлаи ташаббусҳои хайрхоҳонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати кумаку дастгирии эҳтиёљмандон буд.
Хулоса, новобаста ба мушкилот мардуми шарифи Тоҷикистон, рисолати азалии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободгароию бунёдкориҳо ва рушду нумӯи Ватани худ сарбаландона идома дода, ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештару беҳтар омода шуда истодаем. Умедворем, ки соли 2021-умро низ бо дастоварду муваффақиятҳои бузург ҷамъбаст намуда, ба хотири рушду ояндаи ватани азизамон Тоҷикистон саҳми бештар гузошта бошем. Зеро рушду ободии Ватан ва фароҳам намудани шароитҳои беҳтару зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон вазифаи муқаддасу рисолати муҳими мо дар зиндагӣ ба ҳисоб меравад.
Латофати МИРЗОСАИД

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР