Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
29 янв 11:23АСОСӢ / Ахбор

ТАВАҶҶУҲ, 2 ОЗМУН!!!

ОЗМУНИ "ЧАКОМАИ ИСТИҚЛОЛ"

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи маҷаллаи вилоятии "Сафо" бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию ифтихори миллии наврасону ҷавонон ва тараннуми дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ озмуни адабии 

                           "ЧАКОМАИ ИСТИҚЛОЛ" - ро

эълон менамояд. 

Дар озмун шоирону эҷодкорон метавонанд беҳтарин намунаҳои осори назмиашонро, ки соли 2021 таълиф намудаанд, ба унвонии мо бифиристанд. Маводҳои беҳтарин дар маҷалла нашр карда хоҳад шуд.

Ғолибони озмун аз тарафи ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби рўзноманигорони варзида, адибони шинохтаи вилоят таъсис меёбад, хостагирӣ шуда, бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Озмун дар арафаи ҷашни бошукўҳи миллӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ мегарданд.

Хоҳишмандон метавонанд шеърҳои иншонамудаашонро ба суроғаи идораи маҷаллаи "Сафо" (Идораи ТВ «Хатлон») ва ё нишонии электронии он safo.khatlon@mail.ru  фиристанд. 


ОЗМУНИ  "ТОҶИКИСТОН – ҶАВЛОНГАҲИ ЭЪҶОЗ"

Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 - солагии таъсисёбиаш маҷаллаи вилоятии "Сафо" озмуни акси беҳтаринро тахти унвони

"ТОҶИКИСТОН – ҶАВЛОНГАҲИ ЭЪҶОЗ"

эълон менамояд. Дар озмун суратгирони касбӣ, аксбардорони ҳаваскор, алоқамандони соҳа, кормандони нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва вилоятӣ метавонанд иштирок кунанд. Ба аксҳое, ки дар он зебогиҳои диёр, расму оини миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, хушҳолии сокинон, таровати табиат, пурбории зироат ва чеҳраҳои мондагор инъикос ёфтаанд, бартарӣ дода мешавад. Аксҳои беҳтарин дар маҷалла нашр карда мешаванд. Озмун дар арафаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуда, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои пулӣ тақдим мегарданд. Ғолибони озмун аз тарафи ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби рўзноманигорони варзида, адибони шинохтаи вилоят, рассомон ва аккосони касбӣ таъсис меёбад, хостагирӣ шуда, бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ба унвонии озмун танҳо аксҳое роҳ меёбанд, ки воқеӣ, коркарди компютерӣ нашуда ва аз ҳама муҳим хос барои маҷаллаи «Сафо» бошанд.

Довталабон метавонанд танҳо шакли электронии расмҳои бардоштаашонро бо ишораи санаи аксгирӣ ба нишонии зерин ирсол намоянд.

E-mail safo.khatlon@mail.ru

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ