Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚИССАИ ҶАВОНМАРДӢ
"Қиссаҳои пандомӯз"
Иброҳим ибни Сулаймон ибни Абдулмалики Марвон гӯяд, ки дар он вақте ки навбати хилофат аз бани Умайя ба банӣ Аббос интиқол ёфт ва банӣ Аббос банӣ Умайяро мегирифтанду мекуштанд, ман беруни шаҳри Куфа, бар боми сарое нишаста будам, ки дидам, ки аламҳои (парчамҳои) сиёҳ аз Кӯфа берун омаданд. Дар хотири ман чунин афтод, ки он ҷамоат ба талаби ман меоянд. Аз бом фуруд омадаму андешаманд ба Куфа даромадам ва ҳеҷ касро намешинохтам, ки пеши вай пинҳон шавам. Ба дари сарои бузург расидам, даромадам. Дидам, ки марди хубсурат савор истода ва ҷамъе аз ғуломону ходимон гирди ӯ даромадаанд. Салом кардам.
Гуфт:
– Ту кистӣ ва ҳоҷати ту чист?
Гуфтам:
– Мардеам гурехта, ки аз душманони худ метарсам. Ба манзили ту паноҳ овардаам.
Маро ба манзили худ дароварду дар ҳуҷрае, ки наздик ба ҳарами ӯ буд, бинишонд. Чанд рӯз он ҷо будам ба беҳтарин ҳоле. Ҳар чӣ дӯст медоштам аз таому шаробу либос ҳама пеши ман ҳозир буд. Аз ман ҳеҷ чиз намепурсид. Ҳар рӯз як бор савор мешуд ва боз меомад. Як рӯз аз ӯ пурсидам, ки:
–Ҳар рӯз туро мебинам, ки савор мешавию зуд меойӣ. Ба чӣ кор меравӣ?
Гуфт:
–Иброҳим ибни Сулаймон падари маро куштааст. Шунидам, ки пинҳон шудааст. Ҳар рӯз меравам, ба умеди он ки шояд ки вайро биёбам ва ба қасоси падари худ бирасонам.
Чун инро шунидам, аз тақдири худ дар тааҷҷуб мондам, ки қазову қадар маро ба манзили касе андохтааст, ки талабгори қатли ман аст. Аз ҳаёти худ сер омадам. Номи он мард ва номи падарашро пурсидам. Донистам, ки рост мегӯяд.
Гуфтам:
–Эй ҷавонмард, туро дар зиммаи ман ҳаққи бисёр аст. Воҷиб бари ман, ки туро бар хасми ту далолат кунам ва ин роҳи омадушудро ба ту кӯтоҳ гардонам. Иброҳим ибни Сулаймон манам. Хуни падари худро аз ман бихоҳ.
Аз ман бовар накарду гуфт:
–Ҳамоно аз ҳаёти худ ба танг омадаӣ, мехоҳӣ аз ин меҳнат халос шавӣ.
Гуфтам:
–Ло, валлоҳ, ки ман ӯро куштаам ва нишонаҳо гуфтам.
Донист, ки рост мегӯям, ранги ӯ афрӯхта шуд, чашмони ӯ сурх шуданд. Замоне сар дар пеш андохт, баъд аз он гуфт:
–Зуд бошад, ки ба падари ман бирасӣ ва ӯ хуни худ аз ту хоҳад. Ман зинҳоре, ки додам туро, ботил накунам. Берун рав, ки бар нафси худ эмин нестам. Мабодо газанде ба ту расонам.
Ва ҳазор динор ба ман бахшид. Нагирифтаму берун омадам. Маснавӣ:
Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмӯз,
Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмӯз.
Дарун аз кини кинҷӯён нигаҳ дор,
Забон аз таъни бадгӯён нигаҳ дор.
Накӯӣ кун ба он, к-ӯ бо ту бад кард,
К-аз он бад рахна дар иқболи худ кард.
Чу ойини накӯкорӣ кунӣ соз,
Нагардад ҷуз ба ту он некӯӣ боз.
Аз "Баҳористон"-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



