Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲИ БОХТАР 5 ТОННА КАРТОШКА КИШТ КАРДАНД


Омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар замини хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии минтақаи “Зағертӣ”- 5 тонна картошка кишт карданд. Дар ин бора Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ самаранок истифода бурдани замин зери таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, аз фарҳангу масъулияти ҳар сокини кишвар вобастагии зиёд дорад.

- Имрӯз 19-уми январи соли 2021 омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар ин мавзеъ ҷамъ омада дар зери дарахтони боғи хоҷагӣ 5 тонна картошка кишт карданд.

Бояд қайд намуд, ки замини хоҷагии мазкур 5 гектар буда, дар 3 гектари он боғ бунёд шуда, дар он дарахтони гелосу зардолу, себу ангур, анору шафтолу ва амсоли шинонида шуда, қисми зиёди онҳо боровар мебошанд, - омадааст дар иттилоияи Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ.

Бояд зикр кард, ки ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти самараноку оқилона истифода бурдани замин ва аз он се-чор ҳосил рӯёнидан сармашқи кори худ намуда, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Дар ин мавзеъ ба ҳар факултаи донишгоҳ қитъаи замини махсус вобаста гардида, устодон ҳангоми фориғ аз дарс ба ин минтақа сафарбар шуда, ба кори кишоварзӣ машғул мешаванд. 

«САФО»

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ