САНОАТ – ПЕШБАРАНДАИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

- Саноаткунонии босуръат – талаби замон -


«Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ,таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмўъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон

Дар радифи ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ҳамкориҳоро бо соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои минтақа густариши тоза мебахшанд.

Имрўз замони иқтисоди бозоргонӣ, рушди босуръати техника ва технологияи муосир дар ҷаҳон тақозо дорад, ки мо ҳадафи чоруми миллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноаткунонии босуръати мамлакатро вусъат бахшида, ба истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва бозгў ба талаботи бозори ҷаҳонӣ муваффақ гардем. Хушбахтона, аз баракати соҳибистиқлолии давлат,саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат, ҳамкории самарабахши давлат бо бахши хусусӣ ва соҳибкорони бонангу номуси диёр дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд шуданд, ки дар ифтитоҳи ин корхонаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд.

Воқеан, тавре Сарвари мамлакат иброз медорад: «Соҳибкорон қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватанамон мебошанд».Соҳибкори бонангу номуси диёр Маҳмудҷон Файзов дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Хоҷа Муъмин» - и ноҳияи Восеъ корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашўии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷа Муъмин» - ро дар деҳаи ибрати ҷамоати деҳоти «Тугарак» -и ноҳия бунёд намуда, бо иштироки Пешвои муаззами миллат охири моҳи сентябри соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ин корхонаи калони саноатӣ бо чунин иқтидори истеҳсолӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Миёна ягона мебошад. Дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳои давлатӣ бо технологияи навтарини истеҳсоливу идорӣ муҷаҳҳаз бо хатҳои пуриқтидори истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз бахшидан, ин қадами устувор гузоштан дар роҳи саноатикунонии босуръати кишвар дар ин гўшаи диёр мебошад, ки қаноатмандии сокинони маҳалро дар самти таъмин бо ҷойи кори доимии арзанда ба бор овардааст.

Сифати хокаи ҷомашўӣ ба талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалӣ ҷавобгў буда, коргарон аз рўи тамғаи «София» маҳсулот истеҳсол намуда, дар 3 шакл банду баст карда, ба бозор мебароранд ва ниёзи молкунандагонро қонеъ мегардонанд.


Хокаи ҷомашўи маҳсулоти воридивазкунанда маҳсуб ёфта, ашёи хоми саноатӣ аз Ҷумҳурии Ўзбекистон, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Федератсияи Россия дастрас мешавад. Дар як соат баъди омезиши ашёи хом ва коркарди он то 3 тонна маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона баъди заҳмати 4 солаи бунёдкорон беш аз 90 нафар мутахассисон ва занону духтарони хонашин бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шуданд.

Сокинони маҳал баъди гузаронидани давраи омўзиш,аз -худкунии нозукии кор ба шуғл ҷалб шуда, дар 3 басти корӣ фаъолияти густурда доранд. Бо либоси ягонаи корӣ, нишони сари синагӣ ва хўроки гарм таъмин буда, музди меҳнати хуб мегиранд. Ин корхона бо истифода аз иқтидори буғхонаи амалкунанда фаъолият дошта, сарфаи неруи барқро мақсаду мароми худ қарор додаанд. Минбаъд низ ҳамкориҳои мутахассисони мақомоти Тоҷикстандарт дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон бо ин ва дигар корхонаҳои саноатӣ дар самти риояи меъёрҳои стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ густариши тоза хоҳад ёфт.

                 Сайдализода Ҷўрахон,  директори  Маркази стандартизатсия,

            метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кўлоб

Добавить комментарий