“ГУЛДАСТОН” - ҲУНАРИСТОНИ ДӮЗАНДАГӢ


Садои кор кардани дастгоҳҳои дўзандагӣ дар ин куҳандиёр пеши назар ҳаракату чолокии гулдухтарони ҳунарманди солҳои 2000 –умро пеши рў меовард, ки дар деҳаи Сари Мазори ноҳияи Балҷувон корхонаи дўзандагии “Моҳира” ба кор шурўъ карда буду дар он замон 15 нафар духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ фаро гирифта шуда буданд. Дар қиёс ба он замон корхонаи имрӯзаи дӯзандагӣ дар бинои дуошёнаи замонавӣ қарор дошта, ҳунармандон номгўи маҳсулоти ҷавобгӯи талаботи бозори имрӯзро истеҳсол менамоянд.

Маҷмааи хизматрасонии «Гулдастон»-и ноҳияи Балҷувон соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар ин коргоҳ 16 нафар бонувони хонашин ба ҷои кор фаро гирифта шудаанд, ки дар соли 2020-ум қариб 70 фисади сарулибоси мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Балҷувонро дўхтаанд. Илова бар ин ҳунармандони Маҷмааи хизматрасонии “Гулдастон” дигар сарулибосу ҳунармандиҳои аз ҷониби муштариёни ноҳия фармоишшударо иҷро мекунанд. Соли ҷорӣ муассисони корхонаи дӯзандагии “Гулдастон” ба 11 нафар кўдакони ятиму бесаробон сарулибоси гуногун туҳфа намуданд. Дар ин ҳунаристон дӯзандагони лаёқатманд то 1200 сомонӣ музди маош мегиранд.

Олуфтаи Ҳусайн аз зумраи бонувони ҳунармандест, ки баъди муроҷиат ба бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар ин коргоҳи дӯзандагӣ ҷойи кор пайдо кард. 

-Хушбахтона, дар овони мактабхонӣ ҳунари дӯзандагиро омӯхтаам, ки имрӯз таҷрибаи дар ин ҷода андӯхтаам манбаи асосии таъминоти рӯзгорам гардидааст, - изҳор медорад ҳамсуҳбати мо. – То кунун баъзе муштариёни доимӣ дорам, ки барои фармоиши дӯхти сарулибоси занона ба суроғаи манзили истиқоматиамон меоянд. Албатта, дар ноҳияи Балҷувон духтарони ҳунарманду корҷӯй ниҳоят зиёданд, аммо на ба ҳар нафари онҳо муяссар мегардад, ки муштарии доимӣ пайдо намуда ва ё соҳиби ҷойи кор дар чунин коргоҳҳои замонавии дӯзандагӣ бошанд. Бинобар ин, шукронаи тинҷию осоиштагӣ намуда, миннатдории худро аз иқдоми хайру накукории муассисони корхонаамон изҳор менамоям, ки мо занону духтарони ҳунармандро ба ҷойи кори доимӣ ва маоши саривақтӣ таъмин намудаанд.

Ойниҳол Яқубова, як тан аз дигар коргарони Маҷмааи хизматрасонии «Гулдастон» бо шарофати ҷойи кор дар ин коргоҳи дӯзандагӣ рӯзгори се тан фарзандонашро таъмин менамояд. Ӯ панҷ сол қабл аз ҳамсараш ҷудо шуда, таълиму тарбияи ду духтару як писарро ба зимма дошта, дар ҳавлии шавҳар маскун шудааст.

 - Дар баробари бемории духтари калониам боз манзили истиқоматиам чаппа шуду бо дастгирии бародаронам хонаи нав сохта истодаем,- қисса оғоз мекунад Ойниҳол. Солҳои аввал баъди пошхӯрии оилаамон дар таъмини фарзандонам мушкилоти зиёд доштам. Хушбахтона, бо дастгирии мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар беморхонаи марказии ноҳия маро ба ҳайси фаррош ба кор қабул карданд. Он вақтҳо ба хотири баргардонидани қарзҳоям пеш аз дамидани субҳ ба кор рафта, ҳудуди ба зимма доштаамро рўбучин мекардаму баъдан сӯи коргоҳи дўзандагӣ мешитофтам. Акнун танҳо дар ҳамин корхонаи дӯзандагӣ кору фаъолият дорам. Шукр мекунам, ки мушкилоти зиндагӣ паси сар шуду дар таъмини фарзандонам танқисӣ намекашам. Шукргузорӣ менамоям, ки дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ баъзе хайрхоҳону саховатмандон ба мо кумакҳои гуногуни худро мерасонанд. Ба бонувони ниёзманд ҳаминро гуфтаниам, ки барои ҳалли мушкилоти хеш бояд мубориза баранд, ҳунар омӯзанду дар зиндагӣ муҳтоҷи касе набошанд.

Бинобар маълумотҳои масъулони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Балҷувон дар ояндаи наздик дар ноҳия Маркази бонувон ба истифода дода мешавад, ки дар он 10 тан занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Ин марказ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва ташкилотҳои хайрхоҳ бунёд гардида, дар он бахшҳои дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн ва гӯшаи ҳунарҳои пухтупази таомҳои миллӣ ба фаъолият оғоз мекунанд.

Ба гуфтаи Рўзигул Қурбонзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Балҷувон, дар назар аст, ки Маҷмааи хизматрасонии «Гулдастон» фаъолияти истеҳсолиро васеъ намуда, бо ҷалби як зумраь ҳунармандони дигар дӯхти хилъат ва рахти хобро барои беморхонаҳо ба роҳ мемонад.

- Имрӯзҳо дар доираи “Барномаи рушди чакандӯзӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021” мо миёни сокинон корҳои таблиғотиро ба роҳ мондаем. Бонувони чакандӯзи ноҳия вобаста ба маблағҳои худӣ ва имкониятҳои доштаашон маҳсули ҳунарашонро ба бозор мебароранд. Баъзан мо барои дарёфти харидорон ба онҳо кумак мерасонем. Тибқи маълумотҳое, ки рӯи даст дорем, айни замон 11 нафар бонувони рустоҳои гуногуни ноҳия ба гулдӯзию чакандӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ машғуланд. Дар ҳолати таъсис ёфтани корхонаҳои дӯзандагӣ мо дар навбати аввал онҳоеро ба кор даъват мекунем, ки барои дарёфти кор муроҷиат кардаанд, - иброз медорад Рўзигул Қурбонзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон.

               Билоли ШАМС, ноҳияи Балҷувон

Добавить комментарий