Аҷибтарин муҳокима дар додгоҳи Яман

"АЗ ҲАР ЗОВИЯ" 

Пирамарде аз аҳли Яман чандин сол буд, ки аз модари пираш нигабҳонӣ мекард. Рӯзе аз рӯзҳо бародари хурдиаш бо номи Ғолиб назди ӯ омад ва гуфт:

- Бародарам, сину солат ба ҷое расидааст ва худ ниёз ба ин дорӣки касе аз ту парасторӣ кунадБигузор модарамро

 ба хонаи худам барам ва худ аз ӯ парасторӣ кунам ва хизматашро ба ҷо орам.

 Аммо бародари бузургтар дар ҷавоб гуфт:

- Ҳаргиз. То замоне ки зиндаам, ин фурсат, яъне хизмат ба модарамро аз даст намедиҳам. Бародари хурдӣ гуфт:

- Ман ба додгоҳ шикоят мебарам.

Вақте ки Ғолиб ба додгоҳ рафт ва аз бародараш дар ин хусус шикоят кард, ибтидо қозӣ моту мабҳут монд ва сипас бародари калониро даъват кард ва ба онҳо машварат дод, ки бо ҳам ба тавофуқ оянд. 

Ҳамчунон қозӣ ба бародари калонӣ гуфт:

- Ту чанд сол аз модарат нигаҳбонӣ кардаӣ, ҳоло бигузор бародарат ин корро идома диҳад. Аммо пирамард розӣ нашуд. 

Дар охир қозӣ гуфт:

- Мо наметавонем коре кунем. Бигузор модарро инҷо оваредто худаш тасмим гирад.

Ҷаласаи баъди модарро ҳозир кардандҚозӣ аз у пурсид:

- Модарҷонҳоло дар ин масъала мехоҳем назари худи шуморо пурсем.

Модар гуфт:

- Ин ду писар нури чашмони ман ҳастанд, аммо писари калониам худ низ пир шудааст ва 

ниёз ба нигаҳбонӣ дорад. Мехоҳам ҳамроҳи Ғолиб бошам.

Дар натиҷа додгоҳ ба нафъи бародари хурдӣ, яъне Ғолиб хулоса баровард

Бародари калонӣ аз ин натиҷа сахт нороҳат буд ва аз шиддати гиряаш ришаш тар шуд

ва ҳозиринро низ ба гиря оварда буд.

------------------------

Хидмати модар ба хотири ризои Худо ва шинохтани мақоми ӯ буд, вагарна 

модараш ҳамагӣ 20 кило вазн дошт ва тамоми дороияш ҳамагӣ як ангуштарии мисӣ буд.

Аз бародари кучактар мутааҷҷиб бошемки барои хидмат ба модараш то ба додгоҳ рафт

Ва ҳамчунин аз бародари бузург, ки инчунин ташнаи хидмати модар буд.

               Таҳияи Абдурашид Қаюмзод

Добавить комментарий