Илҳомиддин ВАЛИЗОДА: ТАСКИНБАХШИ ҚАЛБИ МО ТИНҶИЮ АМОНИСТ

- Ба шарафи Рӯзи милитсияи тоҷик -


Дар бачагӣ филмҳоеро медидам, ки дар онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот корнамоӣ мекарданд. Онҳо баҳри таъмини осоиштагӣ дар хизмати халқ буданд. Ҷинояткориро пешгирӣ намуда, одамонеро, ки ба дигарон зиён меоварданду азият медоданд, дастгирашон менамуданд. Ба чунин филмҳо бо ҳавас нигариста, орзу мекардам, ки милиса мешавам- бо самимият ба ёд меорад, полковники милитсия Илҳомиддин Вализода, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон.

Ӯ фаъолияти касбии худро соли 1999 оғоз намудааст. Илҳомиддин Вализода шурӯъ аз зинаҳои поёнии мақомоти корҳои дохилӣ то сардори шуъбаи нақлиёти ВКД дар вилояти Хатлон, сардори шуъбаи милитсия дар навоҳии Файзободу Вахш кор кардааст.

-Вақте ман ҷавон будаму ба кор омадам, ҳарчанд ватанамон бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тинҷу осуда буд, аммо ҳамоно баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ солҳо вазъи ҷиноӣ дар минтақаи Бохтар нигаронкунанда боқӣ мемонд. Вале имрӯз тавре, ки мебинед дар мамлакатамон суботи сартосарӣ ҳукмрон аст. Сокинон ҳар вақте хоҳанд дар шаҳр сайру гашт мекунанд, вақташонро хуш мегузаронанд. Тоҷикистон ҳоло ба қатори яке аз кишварҳои амнтарини дунё шомил мебошад, ки ин аз сарҷамъию муттаҳидии мо ҳамдиёрон далолат мекунад, - мегӯяд И. Вализода.

Тӯли фаъолияти беш аз 20 солааш ин корманди фахрии милитсия муваффақияти худро дар кордонию уҳдабароии ҳайати шахсие медонад, ки ӯ роҳбарӣ кардааст. Ба гуфтаи Илҳомиддин Вализода бо ҳар нафар ба натиҷаи хуб расидан мушкил аст. Ҷобаҷогузории мутахассисони хуб ниҳоят муҳим мебошад. Аз ҳама асос фазои коллектив ва минтақае, ки онҳо фаъолият мекунанд, бояд солим бошад. Дар ин ҳолат корманди

милитсия метавонад рисолати касбиашро бо сари баланд иҷро намуда, ба пешравӣ ноил гардад.

- Субҳи мо вақте оғоз мешавад, ки дигарон дар хобанд. Таскинбахши қалби мо тинҷию амонист. Бо тақозои касбу кор бисёр вақт зарурате пеш меояд, ки дар сафари хизматӣ дур аз оила бошем. Аммо маро ҳамеша аҳли хонавода бахусус ҳамсарам дуруст мефаҳмад. Зеро мо дониста ин роҳи пуршарафро интихоб намудаем ва вазифадорем, ки корамонро бечунучаро ва бо сифати баланд иҷро намоем, - бо ҳисси масъулият иброз медорад И.Вализода

Қаҳрамони матлаби мо дар зиндагӣ падарашро идеали худ медонад. Зеро қиблагоҳи ӯ Сироҷиддин Валиев шахсест, ки умри бобаракати худро баҳри хизмат ба халқу Ватан сарф намуда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намудааст. Илҳомиддин Вализода низ мисли падараш содиқ ба касбу кораш аст. Ӯ талош ба он дорад, ки ба миллату давлати хеш хизмат намуда, номи пуршарафи милитсияи тоҷикро ҳифз намояд.

И. Вализода корманди милитсия гуфта, нафареро медонад, ки ӯ бо дасту дили пок хизмат мекунад. Содиқ ба Ватан ва Пешвои миллат мебошад. Ҳамеша аз ҳолу аҳволи халқ бохабар шуда, дар вақти зарурӣ дасти ёрӣ дароз мекунад.

Дар ҳақиқат Иқромиддин Вализода бо ақлу ҳуши расо, заковату маданияти воло ва андешаҳои солиму созгораш намунаи ибрати дигарон аст. Зеро ӯ ҳамеша мехост, ки номбардори оила ва пайвандонаш бошад. Ба назари вай инсон дар он ҳолат комил мегардад, ки бо рафтору кирдор, донишу малака ва тавонмандии худ дар ҷамъият соҳибэҳтиром гардида, манфиаташ ба дигарон расад.

Ин марди посдори арзишҳои башарӣ ояндаи милитсияи тоҷикро аз ин ҳам дурахшон мебинад ва боварӣ дорад, ки бо амалӣ шудани Стратегияи давлатии ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 фаъолияти онҳо аз ин ҳам самарабахштар хоҳад гашт. Зеро он ифодакунандаи муносибати комилан наву таъмини рушди милитсияи Тоҷикистон мебошад, ки бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.

                             Амонулло БАХТИЁРЗОДА

Добавить комментарий