Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Зебоиофар
-ҳунар-

Ин намунаҳои эҷод маҳсули дасти Ҷонона Ахмедова, роҳбари маҳфили “Рассомони ҷавонон”-и Муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Санъати дастие, ки бо истифода аз коғазҳои ранга омода карда шудааст, квиллинг ном дорад ва он барои ороиши хонаву ошён ва меҳмонхонаву тарабхонаҳо истифода бурда мешавад.
Ҷонона ҳамчун омӯзгор ба кӯдакону наврасон аз санъати мусаввирӣ дарс мегӯяд. Ӯ на танҳо расмкаширо меомӯзонад, балки омодасозии ҳар гуна ашёву ангораҳои зеборо низ ба шогирдони худ ёд медиҳад. Чуноне, ки Ҷонона мегӯяд, таҳияи квиллинг заҳмати зиёд мехоҳад. Барои он пеш аз ҳама завқи баланд, сабру таҳаммул ва асаби мустаҳкам мебояд. Зеро кораш хеле майдаю нозук аст. Муаллиф ин асарҳои мусаввириашро ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида, онҳоро инъикоскунандаи зебогиҳои табиати диёр медонад.
То имрӯз Ҷонона Ахмедова беш аз 25 квиллинг таҳия намудааст. Ӯ ният дорад, ки асарҳои худро ҷамъ оварда коллексия кунад ва онро ба намоиш гузорад.
- Дар оғози кор тарҳи асарро тасвир менамоям. Баъдан бо истифода аз ашёи зарурӣ аз коғазҳои ранга гулҳоро омода мекунам. Сипас, онҳоро аз болои эскиз мечаспонам ва ниҳоят квиллинг омода мешавад, - мегӯяд ҳунарманди чирадаст Ҷонона Ахмедова.
Ин бонуи зебопараст аз хурдӣ шавқи рассомӣ дошт. Ӯ ягон мактаб ва ё курси омӯзишии махсусро нахондааст. Модараш, ки ҳунарманд аст баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии духтараш расмкаширо ба Ҷонона омӯзонид.
-Бештар табиати диёрро тасвир мекунам. Ба 60 нафар аъзои маҳфили “Рассомони ҷавон” ҳунарамро меомӯзонам ва ҳамеша аз болои худ низ кор мекунам. Бо хонандагон расми рамзҳои давлатӣ ва манзараҳои дилрабои кишварамонро кашидем. Зеро онҳо бояд аз хурдӣ донанд, ки Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ ва обу хоки Ватан муқаддас аст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баҳри ғанӣ гардонидани малакаю маҳорати эҷодию техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон, бедорсозии майлу рағбати наврасону ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шуда, 920 нафар хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ба 22 маҳфили фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ ва варзишӣ ҷалб карда шудаанд, ки “Рассомони ҷавон” яке аз онҳост.
МУҲАББАТ, н. Ҷалолиддин Балхӣ

Ин намунаҳои эҷод маҳсули дасти Ҷонона Ахмедова, роҳбари маҳфили “Рассомони ҷавонон”-и Муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Санъати дастие, ки бо истифода аз коғазҳои ранга омода карда шудааст, квиллинг ном дорад ва он барои ороиши хонаву ошён ва меҳмонхонаву тарабхонаҳо истифода бурда мешавад.
Ҷонона ҳамчун омӯзгор ба кӯдакону наврасон аз санъати мусаввирӣ дарс мегӯяд. Ӯ на танҳо расмкаширо меомӯзонад, балки омодасозии ҳар гуна ашёву ангораҳои зеборо низ ба шогирдони худ ёд медиҳад. Чуноне, ки Ҷонона мегӯяд, таҳияи квиллинг заҳмати зиёд мехоҳад. Барои он пеш аз ҳама завқи баланд, сабру таҳаммул ва асаби мустаҳкам мебояд. Зеро кораш хеле майдаю нозук аст. Муаллиф ин асарҳои мусаввириашро ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида, онҳоро инъикоскунандаи зебогиҳои табиати диёр медонад.
То имрӯз Ҷонона Ахмедова беш аз 25 квиллинг таҳия намудааст. Ӯ ният дорад, ки асарҳои худро ҷамъ оварда коллексия кунад ва онро ба намоиш гузорад.- Дар оғози кор тарҳи асарро тасвир менамоям. Баъдан бо истифода аз ашёи зарурӣ аз коғазҳои ранга гулҳоро омода мекунам. Сипас, онҳоро аз болои эскиз мечаспонам ва ниҳоят квиллинг омода мешавад, - мегӯяд ҳунарманди чирадаст Ҷонона Ахмедова.
Ин бонуи зебопараст аз хурдӣ шавқи рассомӣ дошт. Ӯ ягон мактаб ва ё курси омӯзишии махсусро нахондааст. Модараш, ки ҳунарманд аст баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии духтараш расмкаширо ба Ҷонона омӯзонид.-Бештар табиати диёрро тасвир мекунам. Ба 60 нафар аъзои маҳфили “Рассомони ҷавон” ҳунарамро меомӯзонам ва ҳамеша аз болои худ низ кор мекунам. Бо хонандагон расми рамзҳои давлатӣ ва манзараҳои дилрабои кишварамонро кашидем. Зеро онҳо бояд аз хурдӣ донанд, ки Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ ва обу хоки Ватан муқаддас аст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баҳри ғанӣ гардонидани малакаю маҳорати эҷодию техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон, бедорсозии майлу рағбати наврасону ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шуда, 920 нафар хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ба 22 маҳфили фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ ва варзишӣ ҷалб карда шудаанд, ки “Рассомони ҷавон” яке аз онҳост.
МУҲАББАТ, н. Ҷалолиддин Балхӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД


