Бойгонӣ

МУЗАФФАР ҒАФУРОВ: КОРОНАВИРУС ДОМОНИ ИНСОНИЯТРО САР ДОДАНӢ НЕСТ!

                                                                  Дар мавзўи рўз

Ҳанўз ҳам ҳодисаҳои гирифторӣ ва маргумири одамон аз бемории коронавирус ба қайд мерасанд. Имрўз, ки ин беморӣ домони инсониятро сар доданӣ нест, пешгирии паҳншавии ин беморӣ кори ҳамагон буда, танҳо кори ниҳодҳои нигоҳдории солимии ҷомеа нест. Ин мавзўъ ҳамарўза мавзўи меҳварии маҳофили гуногун аст. Мардум аз ҳама пештару бештар дар мавриди пайдо шудани нишонаҳои ин сироят ба Марказҳои ёрии таъҷилӣ муроҷиат менамоянд. Барои рўшании бештар андохтан ба ин мавзўъ ва масоили будубош ва омодагиҳои муассисаҳои тандурустӣ барои суҳбат мо ба сардухтури Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар Музаффар Ғафуров муроҷиат намудем.

- Шумо ҳамчун мутахассиси соҳаи тиб ва роҳбари яке аз ниҳодҳои тиббие, ки аввалиндараҷа ва ба таври оҷилӣ ба кумаки гирифторони бемории COVID-19 расидагӣ мекунед, вазъиятро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Бояд бигўям, ки вазъият, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта, муътадил аст. Мардум бояд оромии ҷиддии саросариро нигаҳдор бошанд. Бемуҳобо, феълан, вазъи таъминоти доруворӣ ва дастрасии мардум ба он назар ба давраҳои аввали пайдоишу паҳншавии ин беморӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар - маркази вилояти Хатлон, ба чанд карат беҳтару сифатан хубтар шудааст. Мардум акнун аз тамоми дорухонаҳои шаҳру вилоят метавонанд баъди аз ҷониби табибон гирифтани таъинот ё худ дорухат ҳамаи дорувориҳоро дастрас намоянд. Гузашта аз ин, ниҳодҳои масъули сиҳатии омма бо таҷҳизотҳои замонавии ташхиси бемории ҳамагири COVID-19, ҳамчунин дигар бемориҳои илтиҳоби шушҳо, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳҳои таъминоти гази оксиген ба қадри зарурӣ таъмин гардиданд ва аз ҳама муҳимаш табибони мо таҷрибаи мукаммали мубориза бо ин бемориро пайдо карданд.

- Шумо ҳамчун мутахассис бигўед, ки ин беморӣ ё худ ин сироят чӣ беморӣ аст, чӣ махсусият дорад?

- Ин сироят сироятест, ки ба ҳар як инсон таъсири ҳархела вобаста ба синну сол, вазъи саломатӣ, доштани бемориҳои музмин, бемориҳои дигари сироятӣ дорад ва аз ин рў шарт нест, ки ба ҳар як гирифтори ин сироят табибон дору таъинот намоянд. Аммо, бо вуҷуди қариб якхела будани нишонаҳои бемориҳои роҳи нафас ва шушҳо, бояд мардум бемории илтиҳоби шушҳоро аз бемории сироятии COVID-19 фарқ карда тавонанд. Бояд таъкид намоям, ки нишонаҳои бемориҳои илтиҳоби шушҳо ва COVID-19 якхелаанд, яъне нафастангӣ, баландшавии ҳарорати бадан, сулфаи хушк ва гоҳҳо бо каме балғам, дарди шонаҳо, бемадории умумӣ, дарди қафаси сина.

Бояд донист, ки ҳар нафаре, ки зукомро мегузаронад, онро агар саривақтиву дуруст табобат накунад, он метавонад ба бемории илтиҳоби шушҳо оварда расонад. Ин ҳам бемории хеле хатарнок аст, аммо нисбат ба COVID-19 хеле сабуктар.

-Маркази Шумо бемуболиға дар сафи пеши мубориза бо ин беморӣ қарор дорад. Бигўед, ки оё Маркази шумо барои вазъи бамиёномада омода буд?

- Маркази мо номи «Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро дорад ва он бояд, ки ба номаш мувофиқат ва мутобиқат намояд. Мо бештари маводи лозимиро қаблан омода карда будем ва захираи кофӣ доштем. Хушбахтона, ин беморӣ дар Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳо дертар ошкор шуд ва ин ба мо имкон дод, то захираи худро пурра намоем. Ба ғайри ин мо бо дорухонаҳо шартномаҳо дорем, ки дар сурати пайдо шудани зарурат ба таври оҷилӣ дастрас намудани ин ё он намуди доруворӣ дар дастрасии он танқисӣ нахоҳем дид. Таъминоти кадрии Марказ хуб аст, духтурону фелдшерони соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб намудаем ва қариб, ки ҳамарўза барои такмили донишу малакаи онҳо талош мекунем.

- Имрўзҳо мардум аз таҳлука ва воҳима ҳама рў ба дорухонаҳо доранд ва ҳар доруи лозим ва нолозимро бо тавсияи доруфурўшон ва ҳам ашхоси аз тиб фарсахҳо дур харидорӣ ва истеъмол мекунанд. Албатта, ин ба шабоҳат доштани нишонаҳои ин беморӣ ба дигар бемориҳо рабт мегирад. Назари Шумо чист?

- Имрўз, ки илми тиб ҳанўз бо вуҷуди талошҳо роҳи муолиҷа ва ё дармонеро барои табобати гирифторони коронавирус дарёфт накардааст, мо табибон танҳо дорувориҳое, ки қобилияти иммунӣ ё худ сохтори муҳофизатии инсонро мустаҳкам мекунанд, ё тавсия медиҳем. Бояд донист, ки иммунитет ё худ истеҳкоми қобилияти иммунии инсон худаш чӣ аст. Сохтори муҳофизатии инсон пеш аз ҳама ба асаби инсон вобаста аст ва танҳо як таҳлука, хабари нохуш, амали номатлуб, муносибати сард, таҳқир ва дар маҷмўъ стрессҳое, ки мегўем, метавонанд онро хеле суст ва заиф намоянд. Пас, воҳимаҳое, ки миёни мардум паҳн мешаванд, пеш аз ҳама ба психика ва ё ҳолати равонии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Агар мехоҳем, ки солим бошем, бояд аз ин воҳимаҳо худро дур гирифт, ба тарзи ҳаёти солим, ба варзиш машғул шуд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуд ва ниқоб пўшиду фосилаи иҷтимоиро риоя кард.

- Дар ин рўзҳо муроҷиати шаҳрвандон ба Маркази шумо зиёд шудааст?

- Албатта, Маркази мо танҳо ва танҳо барои он аст, ки мардум барои гирифтани ёрии тиббии оҷилӣ ва ё фаврӣ муроҷиат намояд. Агар Марказ барои муроҷиат аст, пас мардум муроҷиат мекунанд ва мо муроҷиати онҳоро беҷавоб намемонем. Чизи дигар он аст, ки набояд ҳама гирифторони бемории коронавирус бистарӣ карда шаванд. Вақте мардум аз ҳисоби воҳима ё тарс дар сурати пайдо шудани яке аз нишонаҳои ин беморӣ ба мо муроҷиат мекунанд, мо вазифаи худро иҷро менамоем, баъди муроҷиаташон фавран ба назди онҳо меравем, дармонҳои оҷилиро мерасонем ва аммо, на ҳамаи онҳоеро, ки нишонаҳои гирифтории ин бемориро доранд, ба муассисаҳои табобатӣ интиқол медиҳем. Таъкидан мегўям, ки танҳо он нафароне, ки ҳарораташон аз 39 дараҷа баланд шуда, агар ҳарорат поин нашавад, шумораи нафаскашӣ аз 22 маротиба то 30 маротиба зиёд шавад, бистарӣ карда мешаванд. Нишондоди дигар барои бистарӣ намудани бемор ин кам шудани оксиген дар таркиби хун буда, ин меъёр 95- 98 фоиз мебошад ва паст шудани ин нишондод аз 92 фоиз бемор бистарӣ карда мешавад , ки дар забони тиб онро «сатуратсия» меноманд. Ман қаблан гуфтам, ки ин беморӣ агар пайдо ҳам шуд, дар организми ҳар нафар ба таври алоҳида ё худ хос худро нишон медиҳад, ки аз омилҳои гуногуни болозикр вобастагӣ дорад. Хушбахтона, аксари мардум ин бемориро сабук паси сар намуда, зери назорати диспансерии муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ шифо ёфта истодаанд.

- Мардум ин бемориро чӣ гуна метавонанд муайян намоянд?

- Феълан дар маркази вилоят таҳлилгоҳҳои вирусологии муҷаҳҳазе фаъол шудаанд, мутахассисони варзида доранд, ки дар шаҳри Душанбе марҳилаҳои бозомўзиро гузаштанд ва мардум аз хизмати онҳо васеъ истифода мебаранд. Ин таҳлилҳои одӣ ҳастанд, ки аз луоби даҳон ва ё бинии инсон гирифта шуда, дар муддати то 3 рўз ин бемориро ташхис мекунанд ва муайян месозанд, ки оё шахс гирифтори ин беморӣ ҳаст ё хайр.

 - Дар баробари сирояти COVID-19 миёни мардум ташхисҳои илтиҳоби шуш зиёд ошкор шудаанд...

- Шумо дуруст мушоҳида намудед. Бояд гуфт, ки ба қавли мутахассисони соҳаи тиб илтиҳоби шушҳои ғайрибеморхонагиро аслан бактерияҳо, пневмакокҳо ва дар баъзе маврид стафилакокҳо ба вуҷуд меоранд. Дар 50 фисади ҳолатҳо одитарин чизҳо, яъне занбурўғҳо, вирусҳо метавонанд сабаби ин беморӣ гарданд. Нафароне, ки ба илтиҳоби шушҳо гирифтор мешаванд, ба таҳлука меафтанд, аммо танҳо ташхиси таҳлилгоҳи вирусологӣ муайян мекунад, ки оё шахс гирифтори бемории коронавирус ҳаст ё не.

- Шумо болотар оид ба системаи иммунии инсон ё худ сохтори муҳофизатии инсон муфассал ҳарф задед. Оё обу ҳавои Тоҷикистони офтобӣ, меваву сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тару тозаи мо барои мустаҳкам намудани он метавонад мусоидат намояд ва чизи дигар он, ки мардум умед ба рўзҳои гарми тобистони Ватан доранд, ки он барои муборизаи ин вирус оё кумак мекарда бошад?

- Раванди муолиҷаи ҳар беморие, ки дар вуҷуди инсон пайдо мешавад, аз системаи иммунии шахс вобаста аст. Ин маънои онро дорад, ки ашхосе, ки бемориҳои дигари музмин ва умуман бемориҳои дигар доранд, ин бемориро миёна ва шадидтар мегузаронанд, зеро организми онҳо аз ҳисоби бемориҳои пештара суст ва системаи иммуниашон заиф шудааст. Мо, аксаран, ҳамин категорияи беморонро ба бемористонҳо бистарӣ мекунем. Истеъмоли дурусти ғизо сарчашмаи асосии таъмин ё пурқувват намудани сохтори муҳофизатии бадани инсон мебошад. Он нафаре, ки инро риоя мекунад, дар ў заифии иммунитет бояд набошад. Шумо дуруст қайд намудед, меваву сабзавоти шаҳдборе, ки дар Тоҷикистон, бахусус минтақаи Хатлон, парвариш мешавад, барои пурқувват намудани иммунитет кумаки калон мерасонад. Мардуми тоҷик меҳнатӣ аст ва қариб тамоми мардум дар ҳавлии худ сабзавоту кабудиҳо парвариш мекунанд, ки дар таркибашон витаминҳои гурўҳи В мавҷуд мебошад. Аммо ҳангоми истифода қоидаҳои беҳдоштиро бояд фаромўш насозем, то ба ҷои пурқувват намудани иммунитет баъди истеъмоли меваву сабзавоти ношуста ва гирифтор шудан ба бемории дарунравӣ иммунитетро баръакс заиф насозем. Аз тарафи дигар ҳарчанд, ки илми тиб ҳанўз аз гармо ва ё сармо нобуд шудани ин вирусро тасдиқ ё инкор накардааст, аммо нурҳои офтоб низ дорои витаминҳо мебошанд. Сайру гашт дар ҳавои тоза низ ба солимии инсон фоида дорад.

- Имрўз аксари муассисаҳо ба либосҳои махсуси тиббӣ ниёз доранд. Ин масоил чӣ гуна ҳал гардидааст?

- Бояд зикр кард, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ба мо-табибон кумакҳои ғизоӣ расиданд. Ба ғайри ин аз тарафи ниҳодҳои тандурустии вилоят, буҷаи шаҳри Бохтар маводҳои худмуҳофизатӣ ба духтурону фелдшерони Марказ дастрас карда шуд. Аз ҳисоби буҷаи худи Марказ низ ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ анвои гуногуни маводу маҳлулҳои муҳофизатӣ, аз қабили ниқобҳои бисёркарата, яккарата, либосҳои махсуси муҳофизатӣ харидорӣ ва захира гардидааст.

- Кишварҳои дунё аз мавҷи дуюми ин беморӣ хабар медиҳанд. Дар сурати такрори вазъ ё худ шиддат ёфтани он чӣ бояд кард?

- Бояд иқрор кард, ки аз кишварҳои бузурги дунё аллакай аз ҳолатҳои такрории паҳншавии ин вирус ва ҷорӣ кардани карантинҳо хабарҳо мерасанд. Аммо ман мехоҳам ба паҳлуи дигари мушкилот дахл кунам, ки ин муҳимтар аст. Яъне, бо вуҷуди талошҳои зиёди мақомоту ниҳодҳои тандурустӣ, ҳатто хонабахона бурдани корҳои таблиғотиву оммафаҳмонӣ мардуми мо ҳанўз ҳам ин бемориро ҷиддӣ нагирифтаанд. Бубинед аз 10 нафар 9 нафар одитарин қоида- пўшидани ниқобро риоя намекунанд. Ҳама ниқобро дар киса нигоҳ медоранд. Кисса маркази сироят аст! Чунки дастҳоямон доим дар киса аст ва аз ҳама муҳим он ҷои пулгузорӣ аст ва худатон медонед, ки пулҳо дастбадаст мегарданд ва тамоми вирусҳо, махсусан вируси COVID-19, пеш аз ҳама, тариқи дастон интиқол меёбанд. Тамоми кишварҳои дунё аз салом кардан бо даст худдорӣ мекунанд ва аммо мардуми мо ҳанўз ҳам якдигарро ба оғўш мегиранду духтарон ҳатто аз бўсидани якдигар низ истиҳола намекунанд, ки тамоман нодуруст аст. Ҳар як нафар бояд ба саломатии худ ва атрофиён бетафовут набошад. Ҳар як падару модар бояд пўшидани ниқобро аз хонаи худ шурўъ карда, инро ба фарзандон фаҳмонад ва пўшидани онро ҳатто маҷбур созад.

- Метавон гуфт, ки кай ин беморӣ моро тарк гуфта, мардум ба зиндагии маъмулии худ бармегардад?

- Ба андешаи ман, ин беморӣ домани инсониятро зуд ва ба осонӣ сар доданӣ нест. Ин гапи ҳавоӣ нест, ин таҳлил аст. Бо вуҷуди талошҳои зиёди ниҳодҳои тандурустии кишварҳои бузург танҳо моҳҳои оянда ваксинаи ин беморӣ пайдо хоҳад гашт. Баъдан ин вирус худро ба ин ваксинаҳо мутобиқ месозад, ки мо онро «мутатсия» мегўем. Чизи дигар он аст, ки намуна ё штампҳои гуногуни ин вирус ошкор шудааст. Ва ҳамчунин ваксинае, ки фарз кардем, ки дар Россия таҳия карда мешавад, барои баъзе кишварҳои дигар метавонад камтаъсир бошад, чунки мо нишонаҳои ин вирусро дар кишварҳои алоҳида гуногун мебинем. Аз ин рў, метавон гуфт, ки мисли зуком ё дигар бемориҳои сироятӣ ин беморӣ боқӣ мемонад. Мардум бояд ҳаросон нашавад, табибон, олимони тиб, бекор нанишастаанд, эмгузаронӣ ва муолиҷаи онро пайдо карда истодаанд ва мутмаинам, ки баъди чанд моҳи дигар ин беморӣ мисли дигар бемориҳо ба таври одӣ ва муътадил табобат карда мешавад. Имрўз бояд танҳо гигиенаи шахсиро риоя карду ниқоб пўшид. Бузургон гуфтаанд, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст.

- Бо ҳамин ниятҳои нек ба суҳбатамон хотима мебахшем. Барои маълумоти муфассал ва як суҳбати ҳирфаӣ ба Шумо ташаккур.

- Ба Шумо низ, эҳтиёт кунед, касал нашавед.

                                                                             Мусоҳибаи А. ФАЙЗ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019