Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОН БА МОИ “КӮЛОБ”

Бо мақсади бунёди корхонаҳои нави саноатӣ сармоягузорону соҳибкорони бонуфузи Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии раиси Ассотсиатсияи “Koshuma” (Korean Smart Technology Association) — Ҷаибок Сим (Jaebok Sim) ба минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб ташриф оварда, бо роҳбарони он дидору мулоқот намуданд.
Тавре аз маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ба соҳибкорону сармоягузорони Корея оид ба имконоти сармоягузорӣ, логистикӣ ва афзалияти мавҷуда, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, самтҳои афзалиятнок дар ҳудуди минтақа ҷойдошта ва бартарияти фаъолият дар минтақаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар натиҷа 11 ноябри соли ҷорӣ байни маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Koshuma» (Korean Smart Human Technology Association) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии ба имзо расонидани ҳуҷҷати мазкур — ин ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни маъмурияти МОИ «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Koshuma» дар самти ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии мазкур маҳсуб меёбад.
Дар доираи он бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ, паркҳои технологӣ, озмоишгоҳҳо, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли қисмҳои нақлиёти мошингард бо истифодаи технологияҳои пешрафта ва таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон беш аз 180 ширкати бонуфузи кореягии истеҳсолкунандаи технологияҳои муосир дар соҳаи сохтмон, саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аъзои Ассотсиатсияи “Koshuma” (Korean Smart Technology Association) мебошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


