Бойгонӣ

ЗАҲМАТЕ, КИ ҚАДР БОЯД КАРД!

Тозаю озода нигоҳ доштани маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар, ки аҳолии зиёд дораду ҳамарӯза сокинони бешумор аз навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ, хусусан гирду атроф рафтуо мекунанд, пеш аз ҳама аз кормандони идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр масъулияти баландро тақозо мекунад. Чунки покизагии кӯчаю маҳалла, хиёбону гулгашт, роҳу роҳрав ва ҳатто қубурҳои обгузар аз онҳо вобаста аст. Шояд меҳнати хоксоронаи онҳо барои ҳамагон аён набошад, аммо бояд иқрор шуд, ки агар танҳо як рӯз кормандони идораи коммуналӣ фаъолият накунанд, шаҳр ба чӣ ҳоле рӯ ба рӯ мешавад, ба ҳама маълум аст. 


Солҳои охир дар шаҳри Бохтар тадбирҳои ободонию созандагӣ ва гулшинонию кабудизоркунӣ вусъати тоза касб намуда, тозаю озода гаштани кӯчаю маҳаллаҳо, гулгашту хиёбонҳо ва роҳравҳои пиёдагардон низ бараъло мушоҳида мегардад. Барои расидан ба чунин натиҷаҳо ҷамъияти 125 нафараи идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр саҳми муносиб доранд. Онҳо ҳар рӯз аз субҳи барвақт ба кори худ оғоз бахшида, то шом баҳри тозаю назаррабо гардидани маркази вилоят заҳмат мекашанд.

Ҳамрӯза кормандони ин ниҳод партовҳои 60 нуқтаи паспартовии назди биноҳои баландошёнаи истиќоматӣ ва 60 нуқтаи ахлотпартоии сокинонро, ки дар маҳаллаҳои аҳолинишин ҷойгиранд, дар вақташ пок ва безарар мегардонанд. Ғайр из ин корхонаи мазкур усули хизматрасонии хона ба хонаро ба роҳ мондааст, ки аз он шаҳрнишинон изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Ба иттилои масъулин ҳамарӯза аз ҷониби кормандони идораи коммуналии шаҳри Бохтар бо истифода аз техникаҳои замонавии соҳа то 300 метри мукааб партов кашонида шуда, 220 хазор метри мураббаъ кӯчаву роҳравҳо ва 38 ҳазор метр ҷўйҳои обгузар тозаву  озода карда мешавад.

Фаридаи Тоҳир ва Нуриддин Чориев сокинони шаҳри Бохтар аз талошу заҳмати ниҳоят мушкили кормандони идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ ёдовар шуда, ба онҳо изҳори сипос намуданд. Ба гуфтаи ин шаҳрнишинон чанд сол қабл бо мушкилоти зиёд партовро ба нуқтаҳои ахлотпартоӣ мебурданд ва ҳатто қуттии махсус барои он мавҷуд набуд. Аммо имрӯз аз назди дари хона кормандони коммуналӣ худашон ахлотро бор карда мебаранд, ки ин усули хизматрасонӣ ба мизоҷон хело ҳам қуллай аст.   

Тазаккур бояд дод, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар идораи хоҷагии манзилию коммуналии маркази вилоят таҳти роҳбарии Абдулқосим Мўсоев бо техникаю мошинолоти замонавии соҳавӣ таъмин гардида, дар ин баробар шароити кору ҳавасманднамоии кормандон низ беҳтар гардидааст. 

Дар робита ба маданияти шаҳрнишинии сокинон бояд гуфт, ки истиқоматкунандагони шаҳр низ бо қадршиносӣ аз хизмати заҳматталаби кормандони соҳа ва риояи қоидаҳои будубош дар хуррамию назаррабо гардидани маҳали зисти худ кӯшиш намоянд. 


М. АМОНҶОН
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019