Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Корҷӯён соҳиби ҷойи кор шуданд

Давоми нуҳ моҳи соли равон 19 ҳазору 386 нафар сокини вилояти Хатлон бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин шудаанд.
Ба иттилои муовини сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Баҳодур Азиззода дар ин муддат ба раёсат ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 31 ҳазору 699 нафар шахси бекор муроҷиат кардааст. Аз ин шумора 27 ҳазору 475 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 643 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии шахсони ба қайдгирифта шуда 12 ҳазору 889 нафараш занон мебошанд.
Номбурда афзуд, ки мувофиқи маълумоте, ки аз шаҳру ноҳияҳо ба раёсат пешниҳод шудааст, дар ҳудуди вилоят боз 2,6 ҳазор ҷойи холии кор мавҷуд аст.
Зикр шуд, ки дар ин нуҳ моҳ ба 2 ҳазору 771 нафар шахси бекори дар қайди мақомоти Агентӣ буда кумакпулӣ таъйин карда шуда ва ба 4039 нафар ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ кумакпулӣ дода шудаст.
Ба гуфти манбаъ, аз шумораи нафароне, ки кумакпулӣ гирифтаанд, 173 нафар шахсони аз кор озодшуда, 784 нафар шахсони аз маҳбас озодшуда, 3 ҳазору 82 нафар ҷавононе, ки аз сафи Қувваҳои муссалаҳи кишвар баргаштанд, ба ҳисоб мераванд.
—Ба 702 нафар шаҳрванди дар қайди раёсат буда, барои рушди соҳибкорӣ ва дигар корҳо 2,5 миллион сомонӣ қарҳзои имтиёзнок дода шудааст, ки аз он 186 нафар маблағро барои рушди ҳунарҳои мардумӣ гирифтаанд, — афзуд Баҳодур Азиззода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


