Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нахуст намоиши филми “Фариштаи Умед"

Бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик дар Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он филофарону ҳунарпешагон ва дӯстдорони синамои миллӣ ба ҳам омаданд. Дар ин рӯз ҳамчунин нахустнамоиши филми ҳунарии “Фариштаи Умед”, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” таълиф шудааст, манзури тамошобинон гардонида шуд.
Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022» барои рушди ин соҳа шароити воқеӣ фароҳам овард. Дар доираи барномаи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 5-уми июни соли 2017 Муассисаи давлатии вилоятии «Хатлонсинамо» таъсис дода шуда, мутахассисону филмофарони болаёқат ба кор ҷалб гардид.
- Дар давоми се соли фаъолияти худ муассисаи номбурда якчанд филми ҳунариву мустанад, аз ҷумла чор филми ҳунарии “Асрори тақдир”, “Хаёлӣ”, “Саҳв”, “Фариштаи Умед” ва як филми мустанад бо номи “Норак – шаҳри нур”, инчунин якчанд ролику лавҳаҳои телевизионӣ аз манзараҳои зебои вилояти Хатлон омода намуда, тавассути шабакаҳои телевизиониву интернетӣ ва кинотолорҳо пешкаши тамошогарон гардонида шуд, - афзуд Ф.Шарифӣ.
Зимни суханронии худ Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат сол то сол санъати кино дар кишвар рушд карда, филмҳои пурмазмуни бадеию мустанад рӯи навор омада истодаанд.- Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд: “Ғамхорӣ нисбат ба рушди кинои тоҷик яке аз роҳҳои муҳимми тарғиби фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёри мо, омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимаи халқи тоҷик ва инъикоси масири пешрафти рушди он ба ҳисоб меравад”.
Сипас, эҷодкорону ҳунармандон, коргардонҳову танзимгарон ва умуман филмофарони вилоят ва ҷумҳурӣ, ки дар омода кардани филми “Фариштаи Умед” саҳм гузоштаанд, бо сипосномаю ифтихорнома ва
туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамин тавр филми тозаэҷоди “Фариштаи Умед”, ки доир ба талхию шириниҳои зиндагӣ қисса мекунад, бори нахуст дар экрани кинотеатри “Лоҳутӣ” ба намоиш гузошта шуд.
Дар филм ҳунарпешагони шинохтаи театру кино, аз ҷумла Убайдулло Раҷабов, Зулхумори Иброҳим, Моҳпайкар Ёрова, Ниёзаҳмад Ёров ва дигар чеҳараҳои нав нақш офарида, бо характерҳои гуногун аз воқеияти ҳаёт ба бинандагон панд доданд.
Амонҷон Маҳкамов “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД 13:21АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД 13:18Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД


