ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Аз рӯзҳои аввали даъвати тирамоҳии имсолаи шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гурўҳе аз ҷавонон  бо масъулияти баланди ватандорӣ, иродаи қавии мардонагӣ ва адо намудани ќарзи фарзандии худ дар назди Модар-Ватан ихтиёран ба комиссариятҳои ҳарбии маҳалли зисташон ҳозир шуда истодаанд. 

Фирӯз Шарипов, сокини ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ аз шумори даҳҳо нафар чунин ҷавонони бонангу номус ва далеру шуҷоъ аст, ки баъд аз хатми донишгоҳ бо дуои неки волидайн ба комиссарияти ҳарбии ноҳия њозир гашта, омодагии худро барои хизмат дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон баён намуд. 

- Хизмати шабонарӯзии родмардони Ватан аст, ки марзу бумамон ҳифз мегардаду дар кишварамон суботу оромӣ таъмин аст ва мо дар чунин диёри ободу ором зиндагии шоиста дорем. Барои ҳамин ман, ҳамчун фарзанди ин сарзамин худро вазифадор  мешуморам, ки бояд мактаби ҷавонмардиро гузашта, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон содиқона хизмат намоям. Аз он мефахрам, ки яке аз аввалинҳо шуда, бо дасту дили гарм ба ин тасмим омадам, зеро  хизмат ба Ватан шараф аст,-  мегӯяд Фирӯз. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавон дар роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва иҷро намудани уҳдадориҳои ҳатмии ҳарбӣ пайваста дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия миёни сокинон, ба- хусус шаҳрвандони синни даъватӣ ва падарону модарони онҳо тавассути суҳбату вохӯриҳои судманд корҳои фаҳмонидадиҳӣ роҳандозӣ карда мешавад. 

Қобили қайд аст, ки бо дастуру супориш ва талошу заҳматҳои Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷузъу том ва қисмҳои низомии кишвар шароити зарурии будубош, обутоби бадан ва дигар лавозимони низомӣ барои хизмати ҳарбии аскарбачагон муҳайё карда шудааст.

Натиҷаи чунин тадбирҳои амалӣ аст, ки сол то сол дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят шумораи ихтиёриён барои шомил шудан ба сафи Артиши миллии мамлакат меафзояд.   

Ҳамчунин барои ҳавасманднамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ як қатор имконоту имтиёзҳои давлатӣ ба онҳо дода шудааст. Онҳое, ки ихтиёран барои хизмати ҳарбӣ худро номнавис мекунанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва комиссариятҳои ҳарбӣ ба курси омӯзишии ройгони ронандагӣ ҷалб гардида, баъд аз хатми он соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегарданд.  

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар даврони сохибистиклолии мамлакат дар сафи Қуввањои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он ҳазорон ҷавонони обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандўстиву ифтихори миллӣ дошта сарбаландона адои хизмат намуда, бо неруи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишварамон ҳиссаи арзанда мегузоранд.


Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий