БОИМҶОН
Суфраи «САФО»

Маҳсулот:
Боимҷон – 4 дона
Гўшти қимма – 400 грамм
Пиёз - 3 дона
Мурч, намак, сирпиёз
Равған - 200 грамм
Афшураи помидор – 2 қошуқ
Тарзи омода кардан:
Боимҷонро аз мобайн ду тақсим ва тарзе реза мекунем, ки то охир набурем. Дар зарфе обу намак андохта боимҷонро муддати 15 дақиқа дар он нигоҳ медорем. Сипас, қиммаи гўштро бо пиёз, намак, мурч, сирпиёз омехта карда, ба ҳар қабати боимҷони буридашуда қиммаро меандозем. Дар тобаи тафдон равған молида боимҷонҳоро ба он мечинем. Ба афшураи помидор равған, об омехта карда аз болои боимҷон мерезем ва муддати 30 дақиқа дар тафдон мепазем.