КУЛЧАҚАНД

- Суфраи САФО -

Зардии тухм - 1 дона

Шакар - 0,5 истакон

Орд – 1,5 истакон

Қаймоқ – 3 қошуқ

Равған – 2 қошуқ

Моддаи ковоккунанда – 0,5 қошуқча

Сирко – 0,5 қошуқча

Намак - 0,25 мл

Зардии тухмро бо шакар ва намак лат зада, қаймоқро ҳамроҳ мекунему омехта мекунем. Сипас, равған ва моддаи ковоккунандаро бо сирко ба маҳсулот илова намуда, дар охир ордро андохта, хамир омода мекунем. Хамирро ҳаҷми чормағз ба лўлачаҳо ҷудо мекунем ва болояшро бо ягон қолаб зер карда, оро медиҳем. Дар охир хамирро дар тобаи равғандор пухта мегирем.

Добавить комментарий