ХЎРИШ АЗ КАРАМ

                                                       - Суфраи Сафо -


Карам – 150 грамм

Боимҷон – 4 дона

Помидор – 2 дона

Қаланфури булғорӣ – 3 дона

Пиёз – 1 дона

Сирпиёз – 3 дандона

Гашниз – 1 бандча

Равған – 200 грамм

Намак

Боимҷонро шакли нимдавра реза карда, дар равған бирён карда мегирем. Қаланфури булғориро низ муддати 2 дақиқа бирён кардан лозим аст. Сирпиёзро аз турбтарошак гузаронида, помидор, карам, гашниз ва пиёзро майда реза карда ба маҳсулоти бирёншуда ҳамроҳ мекунем. Ба маҳсулотҳо каме намак илова намуда, омехта мекунем.

Добавить комментарий