10 сен 10:25АСОСӢ / Ахбор / Маориф

10 НАФАР ДИПЛОМИ АЪЛО ГИРИФТ


Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар миқёси вилояти Хатлон калонтарин муассисаи олӣ ба ҳисоб рафта, дар омодасозии кадрҳо саҳми зиёд мегузорад. Дар донишгоҳ 12 факултет ва 47 кафедра амал карда, наздики ҳазор нафар кормандон дар ин боргоҳи илму маърифат фаъолият доранд.

Ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода зимни суҳбат изҳор кард, ки аз ҷамъи умумии кормандон 36 фисадашро занон ташкил медиҳанд. Аз рӯи 1,1 воҳиди корӣ маоши омӯзгорони донишгоҳ дар байни дигар муассисаҳои олии кишвар аз ҳама баланд мебошад.

Соли таҳсили сипаригардида 1436 нафар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳро хатм карданд, ки ҳашт нафари онҳо дипломи аъло гирифтанд. Ҳамчунин шуъбаи магистратураи донишгоҳро 132 нафар хатм кард, ки дар байни онҳо ду нафар соҳиби дипломи аъло гардид.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар ба донишгоҳ се адад таҷҳизоти муосири лабараторӣ аз фанҳои химия, физика ва биология барои корҳои омӯзишӣ ворид гардид, ки ин таҷҳизот барои корҳои лабаратории донишҷӯён саҳми арзанда мегузорад.

Донишгоҳ дар байни 40 муассисаи олии кишвар дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст. Ҳамасола 140 нафар донишҷӯ тариқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар маҷмӯъ 572 нафар айни замон тариқи ин квота таҳсил карда истодаанд.

Сайфиддин Давлатзода гуфт, ки 22 нафар донишҷӯён ва 23 нафар омӯзгорони донишгоҳ гирандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон мебошанд.

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба он дорад, ки мактабҳои музофотӣ баробари муассисаҳои дар марказҳобуда рушд карда бошанд. Аз ин рӯ аллакай корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии донишгоҳ, ки як бинои муҳташам мебошад, оғоз гардида, таҳкурсии он то моҳи декабри соли равон бунёд карда мешавад.

                                                        Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий