ВОСЕЪ. БОНУВОНИ ХОНАШИН БО ШУҒЛ ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД


Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “ Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш”, ки аз ҷониби Бонки рушди Осиё маблағгузорӣ мешавад, дар литсеи касбӣ – техникии ноҳияи Восеъ 72 нафар занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Тавре директори литсей Қудратулло Шарифов зимни суҳбат изҳор кард, муҳлати таҳсил се моҳро дар бар гирифта, ба касбомӯзон ҳар моҳ дар ҳаҷми 30 доллари америкоӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Айни ҳол дар чор гурўҳ аз рӯи ихтисосҳои кафшергари барқӣ ва газӣ, кор бо компютер ва назоратчии барқ онҳо таҳсил карда истодаанд.

Дар марҳилаи аввал 45 нафар занону духтарон ба таълим фаро гирифта шуданд, ки баъди хатми омӯзиш 12 нафари онҳо, ки бо ихтисоси назоратчии барқ таҳсил карда буданд, дар шабакаҳои барқи ноҳия бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Лоиҳа то соли 2021 давом карда, дар назар аст, дар марҳилаи баъдӣ 100 нафари дигар ба ин гуна омӯзишҳо ҷалб карда шаванд.

                                               Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий