ВОСЕЪ. РЎ БА РУШД

                           - Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии 

                                            Ҷумҳурии Тоҷикистон -


Шоҳроҳи транзитие, ки аз ҳудуди маркази ноҳияи Восеъ мегузарад, бо марказҳои савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ аз ду тарафи роҳ ба ҳусни шаҳрак ҳусни дигар зам карданд. Шабу рўз дар ин роҳ нақлиёт дар ҳаракат аст. Шоҳроҳе, ки ба ҷуз аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба чанд давлат бо ин роҳ одамон рафту омад мекунанд. Шаҳрдорӣ қоидаву талаботҳои худро дорад. Маҳз шаҳрак ва ё шаҳре, ки аз дохили он шоҳроҳ мегузарад бояд мувофиқ ва муаррифгари шаҳрдорӣ ва ватандории мо бошад. Зеро ҳар як хона, деҳа ва ё шаҳраку ноҳияе порае аз Тоҷикистони азиз аст. Ҳар нафаре аз ин макон мегузарад, хотираи неке бо худ бурда тавонад, на ин ки акси онро.

Гулбоғе, ки дар маркази шаҳраки Ҳулбук, ноҳияи Восеъ қарор дорад, муддати чанд сол инҷониб бенизом ва бо тарҳи номувофиқ обод карда шуда буд. Ба ҷуз аз гулбуттаҳо ва як пайкараи ба Восеи қаҳрамон монандие надошта дигар чизе надошт. Ин вазъият дар даврони роҳбарии ду - се раис давом кард. Хушбахтона, бо таъйин шудани раиси нав Шарбатулло Азизулло сохтмони гулбоғи маркази шаҳраки Ҳулбуки маркази ноҳия аз сифр оғоз ёфт. Ҳайкали Восеи қаҳрамон низ аз майдони боғ бардошта шуда, алҳол ҳайкали босифат ва ба Восеи қаҳрамон монанд гузошта мешавад. Муддати чандест сохтмони гулбоғ идома дорад. Тибқи лоиҳа гулгашти марказӣ бо ҳайкали қаҳрамон дар байн аз ду тараф қаҳрамонҳо бо парчамҳои парафшон ва фаввораҳои хурду бузург бунёд мегардад.

Дар кори ободонии гулбоғ коргарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар корхонаю муассисаҳои ноҳия иштирок доранд. Ин сохтмон ба иншоотҳои ҷашнии ноҳия ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил аст.

Сохтмони дигаре, ки ба иншоотҳои ҷашнии ноҳия ворид аст, ин корхонаи истеҳсолкунандаи хокаи ҷомашўӣ дар ҶСП “Хоҷамуъмин” деҳаи Таги намаки Ҷамоати деҳоти Тугарак аст. Бояд қайд кард, ки мутахассисони чинӣ дастгоҳҳои ҳозиразамонро оварда, дар якҷоягӣ бо соҳибмулк васл кардаанд ва ин корхона то рўзи истиқлолияти кишвар ба истифода дода мешавад.

Корхонаи истеҳсоли шифер дар ҶДММ “Восеъ-саноат” дар шаҳраки Ҳулбук низ ба қатори сохтмонҳои ҷашнӣ дохил аст. Корхона истеҳсоли

шифери азбистро ба роҳ мондааст, ки дар минтақаи Кўлобу вилоят ин нахустин аст. Ба истифода додани бинои нави Қасри фарҳангии ноҳия, бинои мактаби нав дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, бинои замонавии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва бинои замонавии комиссариати ҳарбии ноҳия низ дар назар аст. Ба фаъолият шурўъ намудани корхонаҳои саноатӣ дар ин даврони буҳронӣ метавонад барои қисме аз сокинони ноҳия ҷои корӣ шавад ва мушкили бекории эшонро ҳал намояд.

Дар ноҳия оид ба мунтазам роҳандозӣ намудани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳу пулҳо, иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳои ташкили ҳашарҳои вобаста ба бунёди иншооти иҷтимоӣ, сохтмони идораҳои маъмурӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот дар ноҳия корҳои муайяне ба сомон расонида шудаанд.

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 7.01. 2020, №9 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 декабри соли 2018, №276 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 “Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

- Давоми 7-моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия бо роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор як қатор корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида шудааст. Мувофиқи дастуру супоришҳои роҳбари гурўҳи корӣ дар ҳудуди ноҳия мунтазам корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки фаъолон, коллективҳои меҳнатӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

- Дар ноҳияи Восеъ шумораи иншоотҳои ҷашнӣ аз 230 ба 405 адад расонида шуда, аз ҷониби соҳибкорон ва шаҳрвандони ноҳия ҷиҳати бунёди иншоот ва корҳои ободонӣ муроҷиатҳои хаттӣ ба қайд гирифта шуданд. Умеду боварӣ ҳаст, ки шумораи иншоотҳои иловагӣ боз ҳам бештар мегарданд. – мегўяд Шарбатулло Азизулло раиси ноҳияи Восеъ.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Восеъ 258 иншоот ба истифода дода шудаанд.

                                               С.ХАЛИЛИЁН, ноҳияи Восеъ

Добавить комментарий