ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ


Шоми дирўз дар майдони 70 - солагии Водии Вахши шаҳри Бохтар- маркази маъмурии вилоят бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, масъулини ташкилоту муассисаҳои шаҳрию вилоятӣ ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзўр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ дар вилояти Хатлон аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 гузаронида шуд.

Мақсад аз гузаронидани ҳамоиш ин оммафаҳмонӣ ба хотири аз тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал намудан, безарурат ва бе ниқоб аз хона набаромадан, риояи ҳатмии гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи байниҳамдигарӣ ва риояи қатъии он мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз оғози таҳсил толибилмону донишҷўён аз шаҳру навоҳии вилоят ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавӣ аз ҳамаи мо вобастааст.

                                              Махфират ШОИМОВА

Добавить комментарий