Бойгонӣ

ХАРГӮШПАРВАРӢ БЕҲБУД МЕХОҲАД

                                                      Мавзўи рўз


Харгӯшпарварӣ яке аз соҳаҳои зудрас ва сердаромади кишоварзӣ ба шумор рафта, рушди он барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва соҳаи саноат бо пӯсту мӯина мусоидат менамояд, омадааст дар муқаддимаи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2023, ки бо Қарори раиси вилоят 9-июли соли 2019 таҳти №255 ба тасвиб расидааст. Мақсад аз амалӣ намудани ин ҳадаф баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт, иҷрои барномаи озуқаворӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, зиёд намудани гӯшти парҳезӣ ва мўинаи қиматбаҳои харгӯш маънидод карда мешавад.

Мувофиқи маълумот дар бахши аҳолии вилояти Хатлон ба ҳолати имрӯза 37 ҳазору 540 сар харгӯш парвариш карда мешавад, ки ин теъдод назар ба се сол пеш ҳазор сар ҳам беш нест. Чаро ин соҳа ба таври густурда рушд намекунад? Агар кунад ҳам танҳо дар сектори аҳолӣ. Барои чӣ дар вилоят ягон кооперативи тиҷоратӣ ва ё хоҷагии харгӯшпарварӣ таъсис дода намешавад? Ба ин суолҳо нахуст, Одил Ашӯров, сармутаххаси шуъбаи чорвои Сарраёсати кишоварзии вилоят чунин посух гуфт:

- Мардуми мо ба истеъмоли гӯшти гову гўсфанд ва мурғ одат кардаанд. Аксарият шояд намедонанд, ки гӯшти харгӯш бомазаву фоидабахш аст ва онро ҳам метавон ҳамчун маводи ғизоӣ ҳадди ақал мисли гӯшти паранда истифода бурд. Аз таҳлилҳои мо бар меояд, ки соҳибкорони ватанӣ низ ба ташкили парваришгоҳ ва ё корхонаи истеҳсоли гўшти харгӯш ва коркарди мўина чандон майл надоранд. Зеро ба андешаи онҳо дар вилоят талабот ба ин намуди маҳсулот кам аст ва он дар бозори истеъмолӣ ҳам рақобатпазир нест, - таъкид мекунад О. Ашӯров.

Ба гуфтаи ин корманди Сарраёсати кишоварзии вилоят имрӯз мутахассисеро ёфтан мушкил аст, ки технологияи коркарди мўинаро донад ва маҳсулоти дар бозор рақобатпазирро истеҳсол намояд. Мӯинаи харгӯшро дар шакли аслӣ ё рангкарда ба кор мебаранд. Мўинаи ангории харгӯш даҳ маротиба гармтар ва чор маротиба сабуктар аз мўинаи гӯсфанд мебошад, барои ҳамин дар бозори ҷаҳонӣ талаботи калон дорад. Тибиташ барои маҳсулоти трикотажӣ, пӯсташ барои истеҳсоли

пойафзол истифода бурда мешавад. Сокинон харгӯшро танҳо барои гӯшташ парвариш мекунанд ва дар бораи дигар манфиатҳои он қариб маълумот надоранд.

- Имрӯз дар бозор саду як хел телпаку палтои синтетикии пашмии истеҳсоли Чин аст, ки бо нархи арзон фурӯхта мешавад. Аммо, вақте маҳсулот бо мӯинаи табиӣ истеҳсол мегардад, маъмулан нархи гарон дорад. Барои ҳамин ҳам соҳибкоронро ин кор ҳавасманд намекунад.

Фарҳоди Раштӣ, соҳибкор аз шаҳри Бохтар бар он назар аст, ки барои харгӯшпарварӣ шарт нест, ки хоҷагии алоҳида ва ё корхона таъсис диҳем. Зеро харгӯшро дар шароити хона ҳам парвариш кардан мумкин аст. Барои рушди соҳаи мазкур танҳо мардумро фаҳмонидан лозим, то аз манфиати ин шуғл огоҳ бошанду ҳавасмандии бештар зоҳир намоянд. Дар баробари ин боз ҳам ба аҳолӣ бояд фаҳмонд, ки гӯшти харгӯш парҳезӣ ва ба саломатӣ безарар буда, дар организм зуд ҳал мешавад ва одамро фарбеҳ намекунад.

- Барои харгӯшпарварӣ сармояи калон лозим нест, аммо аз он фоидаи хуб гирифтан мумкин аст. Ба ҷойи 10 чорвои калони шохдор, ки харидорию нигоҳубини он хароҷоти зиёдро талаб мекунад дар ду сотих агар харгӯшпарвариро ба роҳ монем, даромади бештар медиҳад. Яъне, ин корро дар дилхоҳ ҳавлӣ ташкил кардан душвор нест,- мегўяд мусоҳиби мо.

Парвариши харгӯшро дар назди бархе аз идораҳои вилоят мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, дар Раёсати Кумитаи таъмини бехатарии озуқаворӣ ва хоҷагии ҷангали вилоят. Кормандони ин ниҳод хуб дарк кардаанд, ки харгӯшпарварӣ чи манфиат дорад. Онҳо имрӯзҳо талош намуда истодаанд, ки саршумори харгӯшҳоро зиёд намуда, ин таҷрибаашонро бо баргузор намудани семинар-машваратҳо ба дигарон низ омӯзонанд.

Иқлим ва шароиту имконоти табиии вилояти Хатлон барои харгӯшпарварӣ мувофиқ аст. Хӯроки харгӯш аслан юнучқа, омехтаи лӯбиё, ғалладона, сабӯс, алаф, караму сабзӣ ва маҳсулоти дигари полезӣ мебошад, ки он дар мо фаровон аст.

Яке аз зотҳои сернасле, ки дар вилоят парвариш карда мешавад, зоти сафеди азимҷусса аст. Онҳо дар як зоиш 8 - то насл дода, зуд калон мешаванд.

Зоти дигари азимҷуссаи хокистарранг буда, он гӯштию пӯстӣ мебошад. Ин зоти харгӯшҳоро дар минтақаҳое, ки иқлими мусоид доранд, парвариш намудан лозим аст. Зоти нилгуни венагӣ барои пӯст парвариш карда мешавад. Дар шакли аслӣ беранг истифода мебаранд, вазни миёна 4,5 килограммро ташкил дода, дар як зоиш то 8 насл медиҳад. Зоти нуқрагӣ вазнаш 4,5 килограмм, дар як сол 8-9 маротиба насл медиҳад.

Зоти сиёҳи хокистарранг зоти сергӯшт буда, то 5 килограмм вазн мегирад. Онҳо дар як зоиш 8-9 сар дар як сол 4-7 маротиба насл медиҳанд. Дар як сол аз як сар харгӯши модина то 30-40 сар насл гирифтан мумкин. Дар як моҳагӣ вазни онҳо аз 450 грам то 700 грам мерасад.

Ҳусейн Азизов, сокини шаҳри Бохтар мегӯяд, ки бист сол боз харгӯш мепарварад. Ӯ ин соҳаро сердаромад мешуморад, махсусан дар ин шабу рӯз, ки нархи харгӯш дар бозор ба маротиб боло рафтааст.

– Агар 10 дона харгӯши зотиро ба ивази 1000 сомонӣ харем, дар се моҳ 7-10 насл диҳад, шумораашон ба 250-300 сар мерасад. Баъди якмоҳагӣ ҳар кадомашро метавонем 25-30 сомонӣ фурӯшем. Худатон қазоват кунед, чӣ қадар фоида мемонад, - зикр дошт А. Ҳусейн.

Ба нақли ин харгӯшпарвар чанд сол қабл аз ин аз 10 сар харгӯш давоми панҷ моҳ теъдоди онро қариб ба 400 сар расонидааст. Харгӯшҳои азимҷуссаи навъи “Великан” дар як сол шаш маротиба насл медиҳад. Дар якчанд моҳ то 10-15 килограмм вазн мегирад, ки нархаш дар бозор 400-700 сомонӣ мебошад.

Гӯшти харгӯш на дар ҳамаи бозору ошхонаҳо фурӯхта мешавад, балки чунин намуди маводи ғизоиро танҳо аз тарабхонаҳои ба қавле “топ” ёфтан мумкин аст.

Муъмин Ғоибназаров, аз шаҳри Бохтар мегӯяд, ки гўшти бирёни харгӯш дар тарабхонаҳо аз 120-250 сомонӣ фурӯхта мешавад ва он талабгорони зиёд дорад. “Нафаре, ки ҳадди ақал як бору ду бор гӯшти нағзпухтаи харгӯшро хурдааст, хуб медонад, ки он чӣ лаззате дорад. Гӯшти харгӯш мисли моҳӣ мулоим ва таъму мазаи хуш дорад” – илова намуд, Муъмин.

Қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бозори харгӯшфурӯшон мавҷуд аст, ки аксарият ҳафтае як рӯз аст. Масалан дар мурғбозори шаҳри Бохтар рӯзи якшанбе, дар бозори Ҳоҷӣ Шариф бошад рӯзи ҷумъа, дар ноҳияи Вахш дар якчанд мавзеъ, дар даромадгоҳи ноҳия рӯзи сешанбе, чоршанбе дар Киров-3, шанбе дар бозори Бағараи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Вахш дӯстдорони ин намуди ҷонвар ҷамъ шуда, миёни ҳам хариду фурӯш мекунанд.

Гӯшти харгӯш парҳезӣ буда, дар таркиби он миқдори зиёди сафеда мавҷуд буда, холестерини он кам мебошад.

Гӯшти харгӯшро ҳангоми бемориҳои рӯдаю меъда ва вайроншавии кори рагҳои хунгард истифода мебаранд. Гӯшти харгўш қабл аз ҳама бомаза буда, беҳтарин ғизо дониста шудааст. Вай дар таркиби худ унсурҳои органикӣ дорад, ки барои организми инсон басо муфиду манфиатбахш ва зудҳалшаванда мебошанд.

                                                                 Амонулло БАХТИЁРЗОДА

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019