СОДИРОТ АЗ ХАТЛОН БЕШ АЗ 90 ҲАЗОР ТОННА МЕВАҶОТ


Деҳқонони хатлонӣ дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷ беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудаанд.

 Тавре шуъбаи таҳлилию иттилоотии МИҲД вилояти Хатлон аз қавли мудири бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон Шарофиддин Асомиддинзода имрўз, 13.08.2020 навишт, дар ин муддат  баробар ба 100,3%-и дурнамо, дақиқан 90 ҳазору 235 тонна маҳсулот содирот гардид.

- Давоми соли ҷорӣ маҳсулоти вилояти мо асосан ба Қазоқистон (беш аз 76,5 ҳазор тонна), Покистон (11188 тонна), Афғонистон (2276,4 тонна), Федератсияи Россия (105,3 тонна), Қирғизистон (63,2 тонна) фиристода шудааст, - гуфтааст Ш. Асомиддинзода. – Имсол назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба қадри 4548,9 тонна маҳсулоти бештар содирот шудааст.
 Таъкид шудааст, ки имсол  барои аввалин бор соҳибкорон ба кишвари аврупоии Литва 20 тонна тарбуз фиристодаанд.

Ба хориҷи мамлакат инчунин 86730,2 тонна сабзавот, 101,9 тонна полезӣ, 136 тонна лимон, 3364 тонна мевагиҳо ва 80,1 тонна дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шудааст. Асоси содироти маҳсулоти кишоварзиро дар вилоят пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад. Танҳо аз ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 31 ҳазор тонна пиёз ба кишварҳои хориҷӣ содирот шудааст.

Дар ноҳияҳои минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Норак мавсими содироти меваю сабзавот имрӯзҳо оғоз хоҳад ёфт.

                                                                             "САФО"
Добавить комментарий